Ҷаҳон

Мамнӯъ кардани хӯрдани гӯшти сагу гурба дар Шенчжени Чин

Мақомоти чинӣ хӯрдан ва хариду фурӯши гӯшти сагу гурбаро дар шаҳри Шенчжени Чин мамнӯъ карданд.

Ба гузориши Reuters, ин мамнӯъият аз аввали моҳи майи соли ҷорӣ (1 моҳи дигар) иҷро хоҳад шуд.

Шенчжен нахустин шаҳр дар Чин аст, ки мамнӯъияти хариду фурӯш ва хӯрдани гӯшти сагу гурба дар он ба иҷро дармеояд.

Пас аз шуюъи вируси куруно аз шаҳри Вуҳони Чин, ки гуфта мешавад маншаи ин вирус аз бозори фурӯши ҳайвоноти ваҳшии ин шаҳр буда, афкори умумии ҷаҳонӣ рӯи мавзӯъи фарҳанги ғизохӯрии чиниҳо ҳассос шуда ва интиқодоти густурдае дар сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи фарҳанги ғизохӯрии чиниҳо сурат мегирад, ки мақомоти чиниро ба вокуниш водоштааст.

Бозори фурӯши гӯшти сагу гурба дар шаҳри Шенчжен.

Хӯрдани гӯшти сагу гурба ва бисёре аз ҳайвоноти ваҳшӣ аз ҷумла хуффош, мор ва ғайра дар миёни чиниҳо бисёр роиҷу маҳбуб аст.

Бовари донишмандон ин аст, ки вируси куруно аз ҳайвони ваҳшӣ ба инсон мунтақил шудааст.

Давлати маҳаллии Шенчжен (маркази устони Гуондун) дар баёнияи мамнӯъияти хӯрдани гӯшти сагу гурба таъкид карда: “Сагҳо ва гурбаҳо ба унвони ҳайвоноти хонагӣ, нисбат ба соири ҳайвонот робитаи бисёр наздиктаре бо инсон барқарор кардаанд ва мамнӯъияти масрафи сагу гурба ва соири ҳайвоноти хонагӣ равише мутадовал дар кишварҳои тавсиъаёфта ва дар Ҳонконг ва Тойвон аст… Ин мамнӯъият ҳамчунин вокунише аст ба хост ва руҳияи тамаддуни башарӣ.”

Ҳамасола ҳудуди 10 милюн саг ва беш аз 4 милюн гурба дар Чин хӯрда мешаванд.

Лио Ҷиёнпинг, як мақоми расмӣ дар маркази пешгирӣ ва контроли бемории Шенчжен, гуфт, мардуми Шенчжен аз ин пас метавонанд ба ҷойи сагу гурба аз гӯшти ҳайвоноте чун мурғ ва ва ғизоҳои дарёиро, ки фаровон дар дастрас аст, бихӯранд.

Ӯ бо радди ин пиндор дар фарҳанги суннатии чинӣ, ки хӯрдани гӯшти ҳайвоноти ваҳшӣ беҳтар аст, гуфт: “Ҳеч мадраке вуҷуд надорад, ки нишон диҳад гӯшти ҳайвоноти ваҳшӣ беҳтар аз мурғу дом аст.”

Гуфтанист дар феврали соли ҷорӣ як кумита ба давлати маҳаллӣ пешниҳоди мамнӯъияти хӯрдани локпушт ва қурбоғаро дода буд, ки давлати маҳаллӣ бо ин пешниҳод мувофиқат накардааст.

Мамнӯъ кардани хӯрдани гӯшти сагу гурба дар устони Гуондун дар ҷануби Чин нахустин қадам аз раванди ислоҳӣ аст, ки мумкин аст тағйири фарҳанги ғизоии чиниҳоро ҳадаф гирифта бошад. Ин иқдом дар вокуниш ба шуюъи бӯҳрони куруно, ки ҳоло табдил ба бӯҳроне оламгир шуда анҷом мешавад ва умедвории ҷаҳониро аз эҳтимоли тағйири фарҳанги ғизоии чинӣ зинда нигаҳ медорад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.