Ақоиди исломӣ

Посухи чанд пурсиш дар бораи моҷарои ҳазрати Одам (а) ва шайтон

Пурсиш:

1. Шайтон, ки махлуқи Худо буду умре фармонбардораш, чаро аз фармони Худо саркашӣ карда, ба назди Одам таъзим накард?

2. Вақте, ки бо васвасаи шайтон Ҳаввою Одам меваи дарахти (ё гандум)-ро хӯрданӣ шуданд, Худо чаро садди роҳашон нашуд?

3. Чун Ҳаввою Одам гунаҳкор шуданд, чаро Худо ҳамон замон набахшидашон?

Лутфан посухи мантиқиву илмӣ диҳед. Ва хоҳиш онҳое, ки маро кофиру… мепиндоранд, чизе нанависанд, чун вақти посухдиҳӣ надорам. Бо эҳтиром.

Санҷар Ҳошимӣ

* * *

Посух:

Ба номи Худо. Посухи ин чанд пурсиш бо таваҷҷӯҳ ба нуктаҳои зерин равшан мешавад:

1) Нуктаи аввал ин ки: ҷавоб ба ин чанд суол фақат метавонад бо истинод ба сарчашмаҳои динӣ сурат гирад, зеро достони ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво ва ҳамчунин шайтон ва ронда шуданаш аз даргоҳи илоҳӣ ва ғайра…, ин мавзӯъҳо танҳо дар манобеи динӣ, аз ҷумла сарчашмаҳои исломӣ ворид шуда. Аз ин рӯ, ин ки мефармоед, “лутфан посухи мантиқиву илмӣ диҳед”, ҳатман манзуратон ин аст, ки посух бояд мустанад ба маорифи саҳеҳи динӣ – масалан Қуръони Карим — бошад, на посухҳои “мандаровардӣ”. Вагарна, агар манзуратон аз “мантиқӣ ва илмӣ”, ба унвони мисол ёфтаҳои таърихӣ бошад, маълум аст, ки чизе дар ин мавзӯъ ба дасти инсон намеояд, зеро мавзӯи илми таърих “саргузашти инсонҳо дар рӯи замин” аст ва коре ба “осмон” ва шайтон ва ин қабил маориф надорад.

Бинобар ин, банда дар посухҳо, истинодам фақат ба сарчашмаҳои динӣ аст; ва фарзам ҳам ин аст, ки суолдиҳанда, ба асли матлаб имон дорад, аммо як силсила шубҳаҳое дар зеҳни вай перомуни ин мавзӯъ эҷод шуда (яъне ҳамин суолҳое, ки матраҳ кардаед) ва мехоҳад ба ин шубҳаҳо посух пайдо кунад.

2)Шайтон, ки махлуқи Худо буду умре фармонбардораш, чаро аз фармони Худо саркашӣ карда, ба назди Одам таъзим накард?

Посух: Тибқи он чи дар Қуръони Карим омада, сабаби саркашии шайтон такаббур, худбартарбинӣ ва иноният (ман-манӣ) аст:

وَلَقَدْ خَلَقْنَاكُمْ ثُمَّ صَوَّرْنَاكُمْ ثُمَّ قُلْنَا لِلْمَلَائِكَةِ اسْجُدُوا لِآدَمَ فَسَجَدُوا إِلَّا إِبْلِيسَ لَمْ يَكُنْ مِنَ السَّاجِدِينَ. قَالَ مَا مَنَعَكَ أَلَّا تَسْجُدَ إِذْ أَمَرْتُكَ ۖ قَالَ أَنَا خَيْرٌ مِنْهُ خَلَقْتَنِي مِنْ نَارٍ وَخَلَقْتَهُ مِنْ طِينٍ. قَالَ فَاهْبِطْ مِنْهَا فَمَا يَكُونُ لَكَ أَنْ تَتَكَبَّرَ فِيهَا فَاخْرُجْ إِنَّكَ مِنَ الصَّاغِرِينَ

Мо шумо одамиёнро офаридем ва он гоҳ, ки бад-ин сурати комил оростем, фариштагонро ба саҷда (саҷдаи таъзим) бар Одам дастур додем. Ҳама саҷда карданд ҷуз шайтон (Иблис), ки аз ҷумлаи саҷдакунандагон набуд. (Худованд ба шайтон) фармуд: “Чӣ чиз туро монеъ аз саҷда (бар Одам) шуд дар он ҳангом, ки ба ту фармон додам?” Гуфт: “Ман аз ӯ беҳтарам; маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз хок.” (Он гоҳ Худованд хитоб ба ӯ гуфт:) “Аз он (мақоме, ки дорӣ, яъне мақоми қурби илоҳӣ) фуруд ой! Ту ҳақ надорӣ дар ин мақом такаббур биварзӣ. Берун рав, ки ту аз афроди пасту кучакӣ!” (Сураи Аъроф, оятҳои 11 то 13)

Таваҷҷӯҳ доред, ки шайтон вақте Худованд ба ӯ дастур медиҳад, ки бар Одам саҷдаи таъзим кунад, ба ҷойи он ки мисли фариштаҳо аз дастури Офаридгор фармон бардорад, аз он сарпечӣ мекунад ва мегӯяд, “ман аз ӯ беҳтарам; маро аз оташ офаридаӣ ва ӯро аз хок”. Пеши худ қиёси ботиле ҳам мекунад ва мегӯяд, оташ аз хок бартар аст. Гирем, оташ аз хок бартар бошад, аммо оё бартарии оташ бар хок далел мешавад ту аз фармони илоҳӣ сарпечӣ кунӣ?! Такаббуру сарпечӣ аз амри илоҳӣ, аслан бо мақоми убудият (бандагӣ) ҳамхон нест. Ба ҳамин хотир аст, ки Худо мефармояд, “ту ҳақ надорӣ дар ин мақом такаббур биварзӣ…” Тоза, тавба ҳам накард. Яъне нагуфт, Худоё, маро бибахш, ғалат кардам, балки бар такаббури худ исрор варзид.

Ин нуктаро ҳам ёдовар шавам, ки такаббуру ман-манӣ ҳатто агар банда ба қавли шумо, “умре фармонбардор” ва мақоми бисёр волое ҳам дар пеши Худо дошта бошад, бандаро соқит мекунад ва тамоми амалҳои анҷомдодаи ӯро бар бод медиҳад.

Ин достон як дарси бисёр бузург барои инсонҳост, ки такаббур наварзанд, ман-манӣ накунанд, худро бартар аз дигарон напиндоранд, масалан нагӯянд, мо ориёӣ ҳастем ва бар соири нажодҳо бартарӣ дорем! Ин айни ҳамин пиндори шайтон аст, ки мегӯяд, “ман аз ӯ беҳтарам…“ Хулоса, худбартарбинӣ ва такаббур, инсонро пеши Худо мисли шайтон соқит мекунад.

3)Вақте, ки бо васвасаи шайтон Ҳаввою Одам меваи дарахти (ё гандум)-ро хӯрданӣ шуданд, Худо чаро садди роҳашон нашуд?

Посух: Ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво инсон ҳастанд. Фарқи инсон бо соири мавҷудот дар ин аст, ки ӯ мавҷуде мухтор (соҳибихтиёр) офарида шуда. Худованд вақте ба инсон дастуре медиҳад, инсон, ки соҳибихтиёр аст, ҳам метавонад он фармонро иҷро кунад, ки саодаташ дар он аст, ва ҳам метавонад аз он сарпечӣ намояд, ки шақоваташро ба дунбол овардааст. Муқтазои соҳибихтиёр будан ҳамин аст. Ҳунар ин нест, ки инсон ба иҷбор аз дастуре фармонбардорӣ кунад, ин ки арзише надорад, балки ҳунар дар ин аст, ки инсон, вақте дар сари як дуроҳӣ қарор мегирад, бо ихтиёри худаш роҳи дурустро бипаймояд, на ин ки касе ӯро водор ба паймудани роҳи дуруст кунад.

Шояд бипурсед, ҳам шайтон аз дастури Худо сарпечӣ кард ва ҳам ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво — вақте Худо ба онҳо фармуд аз меваи он дарахт тановул накунанд – пас, чаро шайтон ронда шуд ва мағзуб гардид, аммо ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво сарнавиште дигар доштанд?

Посухи ин пурсиш он, ки: фарқи инсон – ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво – дар ин достон бо Иблис, яке дар ин аст, ки ангезаи шайтон дар сарпечӣ аз дастури илоҳӣ, такаббуру ман-манӣ буд, вале ангезаи ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво ҳирсу тамаъ. Ва фарқи дигар — ки муҳим ҳамин аст — дар ин буд, ки ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво вақте фаҳмиданд кори нодурусте аз онҳо сар зада, зуд тавба карданд, аммо шайтони лаъин замоне, ки фаҳмид кори бисёр ғалате аз ӯ содир шуда, ҳозир нашуд тавба кунад.

Ба сухани дигар, замоне ки шайтон фаҳмид пеши Худо муртакиби гуноҳ шудааст, ба ҷойи он ки тавба кунад, гуфт:

قَالَ أَنْظِرْنِي إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ. قَالَ إِنَّكَ مِنَ الْمُنْظَرِينَ. قَالَ فَبِمَا أَغْوَيْتَنِي لَأَقْعُدَنَّ لَهُمْ صِرَاطَكَ الْمُسْتَقِيمَ. ثُمَّ لَآتِيَنَّهُمْ مِنْ بَيْنِ أَيْدِيهِمْ وَمِنْ خَلْفِهِمْ وَعَنْ أَيْمَانِهِمْ وَعَنْ شَمَائِلِهِمْ وَلَا تَجِدُ أَكْثَرَهُمْ شَاكِرِينَ

(Шайтон) гуфт: “Маро то рӯзи растохез мӯҳлат деҳ (ва зинда бигузор).” (Худо) фармуд: “Ту аз мӯҳлатдодашудагонӣ.” (Шайтон) гуфт: “Акнун, ки маро гумроҳ сохтӣ, ман бар сари роҳи мустақими ту барои онҳо (инсонҳо) камин мекунам, сипас аз пеши рӯ ва аз пушти сар ва аз тарафи рост ва аз тарафи чапи онҳо, ба суроғи онҳо меравам ва аксари онҳоро шукргузор нахоҳӣ ёфт.” (Сураи Аъроф, оятҳои 14-17)

Аммо ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво вақте фаҳмиданд кори нодурусте аз онҳо сар зада, зуд тавба карданд:

فَلَمَّا ذَاقَا الشَّجَرَةَ بَدَتْ لَهُمَا سَوْآتُهُمَا وَطَفِقَا يَخْصِفَانِ عَلَيْهِمَا مِنْ وَرَقِ الْجَنَّةِ وَنَادَاهُمَا رَبُّهُمَا أَلَمْ أَنْهَكُمَا عَنْ تِلْكُمَا الشَّجَرَةِ وَأَقُلْ لَكُمَا إِنَّ الشَّيْطَانَ لَكُمَا عَدُوٌّ مُبِينٌ. قَالَا رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنْفُسَنَا وَإِنْ لَمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ

… ва ҳангоме, ки аз он дарахт чашиданд, андомашон (авраташон) барои онҳо ошкор шуд ва шурӯъ карданд ба гузоштани баргҳои (дарахтон) бар якдигар, то онро бипӯшонанд, ва парвардигорашон онҳоро нидо дод, ки? “Оё шуморо аз он дарахт наҳй накардам ва нагуфтам, ки шайтон барои шумо душмане ошкор аст?” Гуфтанд: “Парвардигоро! Мо ба хештан ситам кардем, ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳм накунӣ, аз зиёнкорон хоҳем буд.” (Сураи Аъроф, оятҳои 22 ва 23)

Бибинед, фарқ аз куҷо то ба куҷо?! Яке, ба ҷойи эътироф ба гуноҳ ва тавба кардан, бар ғалати худ пойфишорӣ мекунад, ва яке ҳам бо эътироф ба хато, рӯй ба тавба меорад. Зимнан, бо ин матлаб, посухи суоли севвуми шумо ҳам дода шуд.

Дар инҷо низ дарсҳои бисёр муҳимме барои мо, инсонҳо нуҳуфта. Асосан, Қуръони Карим, аз сураи Фотеҳа то Носаш ва достонҳое, ки дар ин китоби осмонӣ омада, ҳама барои дарсу ибрат аст, на сирфи огоҳӣ пайдо кардан ба моҷарои ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво ва ин ки масалан дарахте, ки аз он тановул карданд чӣ дарахте буда ва ғайра…

Саҳнае, ки пеши мо дар ин достон ба тасвир кашида шуда чунин аст, ки дар як тараф фариштаҳо ва шайтон истодаанд ва дар тарафи дигар инсон. Фариштаҳо, ки мавҷудоте поканд ва ҳеч гуноҳе аз онҳо сар намезанад ва ҳамеша дар тоати илоҳӣ. Шайтон ҳам, ки дидед. Аммо инсон дар ин миён мавҷудест, ки ҳам метавонад ба дараҷаи фариштаҳо бирасад ва балки аз онҳо низ болотар биравад агар дар роҳи илоҳӣ қарор бигирад, ва ҳам метавонад мисли шайтон гардад агар такаббур варзад ва аз дастури илоҳӣ сарпечӣ кунад.

Паёме, ки ин қисмат аз моҷарои ҳазрати Одам (а) ва Ҳавво бароямон мерасонад ин аст, ки эй инсон! Агар Худой нокарда хатое ва гуноҳе аз ту сар зад, навмед нашав, мисли ҷаддат Одам рӯй ба тавба биёвар ва талаби омурзиш бикун, Худо арҳамурроҳимин аст, ӯ тавбакунандаҳоро дӯст дорад. Аммо ҳаргиз мисли шайтони лаъин мабош, ман-манӣ макун, такаббур маварз, ва бахусус дар баробари дастури илоҳӣ такаббур наварз, ки ҳалоки ту дар он аст, ҳамон тавр ки ҳалоки шайтон ба он буд.

Хуб, дигар ба назарам кофист, саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.