Сиёсат

Тромп: “Эрониҳо ҳам мисли мо омрикоиҳо мағруранд”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар изҳороти ахираш гуфта эрониҳо ҳам мисли омрикоиҳо “мардуми мағруре” ҳастанд ва барои ҳамин бо Омрико тамос намегиранд, ки ба як тавофуқи сареъ даст ёбанд.

Тромп, ки дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтун Дисӣ дар бораи иддаои тарҳрезии Эрон барои анҷоми ҳамалоте ба мавозеъи Омрико дар Ироқ сухан мегуфт, зимни ҳушдор додан ба мақомоти Эрон барои адами анҷоми чунин иқдоме, раҳбарон ва мардуми Эронро дуруст мушобеҳи мардуми Омрико мардуми мағрур донист.

Ӯ гуфт: “Мо лозим аст бо онҳо гуфтугӯ кунем ва фикр мекунам метавонем бо онҳо ба як тавофуқи сареъ даст ёбем. Танҳо коре, ки онҳо лозим аст анҷом диҳанд, як тамос аст. Медонед онҳо мардуми мағруре ҳастанд ва раҳбарони онҳо ҳам мағруранд, дуруст мисли мо омрикоиҳо, ки мардуми мағруре ҳастем. Шумо омрикоиҳо ҳам мағруред. Барои онҳо сахт аст, ки телефонро бардоранд ва занг бизананд ва қароре танзим кунанд, вале онҳо метавонанд (бо ин кор) ба роҳатӣ мушкилоти як кишварро ҳал кунанд.”

Тромп дар идома гуфт: “Мо хостори душманӣ нестем, аммо онҳо бо мо душманӣ доранд.., (аммо аз ин душманӣ) пушаймон мешаванд тавре ки ҳаргиз пушаймон нашуда буданд. Ва ҳамон тавр ки имрӯз гуфтам, танҳо коре, ки бояд бикунанд як тамоси содда аст ё ба касе бигӯянд, ки тамос бигирад. Медонед, ки мо конолҳое барои ин кор дорем, ки ба осонӣ метавонем бо якдигар дар тамос бошем.”

Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳон

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.