Иқтисод

Ҷаҳиши қимати ҷаҳонии нафт дар пайи кӯтоҳ омадани Арабистон

Қимати ҷаҳонии нафт дар пайи кӯтоҳ омадани Арабистон ва дархост барои баргузории нишасти изтирории кишварҳои OPEC+, ки маҷмӯае аз кишварҳои дохили Созмони OPEC ва хориҷ аз онро шомил мешавад, шоҳиди ҷаҳиши 21 дарсадӣ шуд.

Нафти хоми Брент бо 21.87 дарсад рушд ба бушкае 30.15 дулор расид. Нафти хоми Омрико низ бо рушди 24 дарсадӣ ба 25.36 дулор дар ҳар бушка расид.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин Русия ва Арабистон пас аз шикасти музокироти онҳо барои коҳиши сатҳи тавлид, эълом карданд, ки бо ҳадафи ҳифзи саҳми бозори худ, тавлид ва арзаи нафтро то ҳадди мумкин афзоиш хоҳанд дод.

Арабистон тавлиди нафти худро дар ҳафтаи гузашта ба рӯзона 9 милюн бушка расонда, ки ҳудуди 2 милюн бушка беш аз тавлиди ин кишвар дар ибтидои моҳи гузашта аст. Бахше аз нафти ҳосил аз ин рушди тавлид дар ҳоли захирасозӣ дар Миср аст.

Ҳамчунин нашрияи Wall Street Journal аз ҷустуҷӯи Арабистон барои ёфтани махзанҳои ҷадид барои нафти худ хабар дода ва муддаӣ шуда, ки дар ҳоли ҳозир бахше аз нафти тавлидии Арабистон бидуни муштарӣ ва мақсади хоссе тавассути нафткашҳои ин кишвар боргирӣ мешавад.

Бо ин ҳол, ширкати нафти Арабистон (Оромку) эълом карда, ки дар моҳи апрел тавлиди рӯзонаи худро ба 12.3 милюн бушка мерасонад.

Дар муқобил Вазорати энержии Русия ҳам қасд дорад бо фаъол кардани зарфияти холии 500 ҳазор бушкаии худ нисоби ҷадиди тавлиди 11.8 милюн бушка дар рӯзро ба намоиш бигузорад.

Бад-ин тартиб рушди арзаи нафт ҳамзамон бо уфти тақозои ҷаҳонии нафт ба далели шуюъи шитобони вируси куруно дар саросари ҷаҳон мӯҷиб шуда то қимати ҷаҳонии ҳар бушкаи нафти Брент аз ҳудуди 69 дулор тайи муомилоти 6 январ ба 27 дулор дар ҷараёни муомилоти рӯзи панҷшанбе суқут кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.