Ҷомеа

Гурбаҳо метавонанд омили интиқоли вируси куруно бошанд

Пажӯҳишгарони як муассисаи таҳқиқоти домпизишкии Чин дар тозатарин таҳқиқоти худ дарёфтаанд, ки гурбаҳо метавонанд вируси куруноро ба якдигар ва ҳатто ба дигар ҳайвонот интиқол диҳанд.

Ба гузориши рӯзномаи Guardian, агарчӣ дар ин шароити густариши бемории куруно, соҳибони гурбаҳои хонагӣ тасаввур мекунанд ҳайвоноташон наметавонанд омили интиқоли вируси куруно бошанд, аммо пажӯҳишгарони муассисаи “Ҳорбин Ветеринари» (Harbin Veterinary Research Institute) дар тозатарин таҳқиқоти худ ба ин натиҷа расидаанд, ки гурбаҳо ба роҳатӣ метавонанд аз тариқи системи танаффусии худ ин вирусро ба якдигар мунтақил кунанд.

Ин таҳқиқот ҳамчунин исбот кард, ки афзун бар интиқоли ин вирус аз гурба ба гурба, аз гурба ба саг, гов, гӯсфанд, харгӯш, хук, мурғ, хурӯс, ӯрдак ва ғоз низ имконпазир аст.

Бар асоси ин гузориш, ин таҳқиқот як ҳафта баъд аз он, ки таҳқиқоти як маркази пажӯҳишӣ дар Белжик (Белгия) исбот кард, ки соҳибони гурбаҳое, ки мушкили танаффусӣ доштаанд, нишонаҳое аз ибтило ба вируси куруно аз худ буруз доданд, иҷро шуд.

Хабари дигаре аз Ҳонконг ҳокӣ аст, ки Вазорати кишоварзии ин калоншаҳри Чин, имрӯз ибтилои як гурбаи хонагӣ ба вируси куруноро таъйид кард.

Ин вазоратхона рӯзи сешанбе эълом карда буд, дар ҳоли ҳозир ҳеч мадраке мабнӣ бар ин ки ҳайвоноти хонагӣ наметавонанд манбаъи вируси куруно ва дучор шудан ба бемории COVID-19 бошанд, вуҷуд надорад ва соҳибони онҳо бояд ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт низ дар сомонаи худ бар ин мавзӯъ таъкид доштааст.

Ин гурба севвумин ҳайвон дар Ҳонгконг аст, ки озмоиши куруноии он мусбат эълом шудааст. Пеш аз ин ду саг низ мубтало ба ин вирус шуда буданд. Ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, гурбаи мазкур таҳти назорат ва муойина қарор хоҳад гирифт.

Бар асоси баёнияи Анҷумани домпизишкии Ҳонконг, ин дуввумин гурба дар ҷаҳон аст, ки ба бемории COVID-19 мубтало шуда ва аввалин маврид марбут ба гурбае дар Белжик будааст, ки гуфта мешавад аз тариқи соҳиби худ олуда шудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.