Сиёсат

Бӯҳрони сиёсии Афғонистон ва таъсири он бар муқобила бо куруно

Раҳбарони давлатӣ ва аҳзоби сиёсии Афғонистон саргарми расидан ба саҳми худ дар қудрати сиёсӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки вируси куруно дар ин кишвар рӯ ба густариш буда ва теъдоди афроди мубтало ба марзи 300 нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, раҳбарони давлати Афғонистон саргарми чоназанӣ барои саҳми худ дар қудрат ва ё имтиёзгирии сиёсӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки вируси куруно дар ин кишвар дар ҳоли густариш аст. Вазорати беҳдошти Афғонистони рӯзи шанбе дар ин замина гузориш додааст, ки: тайи 24 соати гузашта 18 мавриди мусбати вируси куруно дар Кобул сабт шудааст, ки бо сабти он, теъдоди афроди мубтало ба ин вирус ба 299 нафар расид.

Ин гузориш ҳокӣ аст, то кунун 10 нафар беҳбуд ёфта ва 6 тани дигар ҳам ҷон бохтаанд ва аксарияти афроде, ки дар рӯзҳои ахир натиҷаи озмоиши онҳо мусбат гузориш шудааст, собиқаи сафар ба кишварҳои гирифтори вируси куруно ҳам надоштаанд.

Вазорати беҳдошти Афғонистон тайи чанд рӯзи гузашта ба таври пай дар пай ҳушдор додааст, ки агар муборизаи муассир бо ин падида сурат нагирад ва қарантина кардани мардум бо дахолати нерӯҳои пулис амалӣ нашавад, имкон дорад ин вирус аз контрол хориҷ шавад.

Чанд ҳафта пеш Абдулқаюм Раҳимӣ, устондори Ҳироти Афғонистон низ ҳушдор дод, ки агар ҳама даст ба кор нашаванд, рӯзе хоҳад расид, ки қодир ба ҷамъоварии ҷасадҳои худ набошем.

Бӯҳрони сиёсии Афғонистон, ихтилофҳо бар сари раҳоии зиндониёни Толибон ва ташкили ҳайъати музокиракунанда аз ҷумлаи чолишҳои ҷиддӣ аст, ки давлат ва раҳбарони сиёсиро ба худ машғул карда ва таваҷҷӯҳ ба маҳори вируси куруноро то ҳадде ба ҳошия рондааст.

Ин бӯҳрон пас аз баргузории ду маросими савганди ҳамзамон дар моҳи гузашта вориди марҳилаи ҷадид шуда ва талошҳое, ки то кунун дар ин росто сурат гирифта, ноком мондааст.

Залмай Халилзод, фиристодаи вежаи Омрико барои сулҳи Афғонистон, талошҳои нахустинро дар ростои ҳалли бӯҳрони пас аз интхоботии ин кишвар оғоз кард, аммо ин иқдомот бо бунбаст мувоҷеҳ шуд.

Тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ Халилзодро муттаҳам кард, ки дар миёнҷигарӣ байни вай ва Ашраф Ғанӣ бетараф намондааст ва нисбат ба вай беэътимод шуданд.

Халилзод боз ҳам талош кард, ки битавонад ин бӯҳронро ҳал кунад, аммо Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай ҳозир ба мулоқот бо ӯ нашуданд, ба ҳамин далел Мойк Помпео, вазири хориҷаи Омрико ҳафтаи пеш вориди Кобул шуд ва дидорҳое бо Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ дошт ва гузоришҳое ҳам дар расонаҳои Афғонистон мунташир шуд мабнӣ бар ин ки як дидори сеҷониба низ сурат гирифтааст.

Ин сафари Помпео ҳам бенатиҷа монд ва дар ҳоле, ки вай ба Вошингтун нарасида буд, Вазорати хориҷаи Омрико иттилоияе таҳдидомез мунташир кард ва аз қатъи кӯмаки як милёрд дулорӣ ба Кобул хабар дод.

Хабари қатъи ин кӯмак дар Афғонистон бо вокунишҳои мутафовит мувоҷеҳ шуд ва давлати Ашраф Ғанӣ онро бетаъсир бар зиндагии мардум ва барномаҳои тавсиъаии давлат унвон кард. Аммо Абдуллоҳ қатъи ин кӯмакҳоро таъсиргузор ва аз паёмадҳои манфии он бар зиндагии мардуми ин кишвар ҳушдор дод ва гуфт, ки аз сафари Помпео ба дурустӣ истифода нашуд.

Пас аз он, талошҳои намояндагони занон, бузургони сиёсӣ ва намояндагони порлумон ҳам натиҷа надод ва Ашраф Ғанӣ ба ин гурӯҳҳо, ки барои ҳалли бӯҳрон талош мекарданд, гуфтааст, ки раҳбарии Шӯрои олии сулҳ ва салоҳияти як муовини раисиҷумҳуриро ба Абдуллоҳ вогузор мекунад. Аммо Абдуллоҳ ин пешниҳодро напазируфтааст.

Нилуфар Иброҳимӣ, яке аз намояндагони порлумони Афғонистон, пас аз дидор бо Ашраф Ғанӣ дар сафҳаи Фейсбуки худ навишт: “Ғанӣ дар дидор бо намояндагони маҷлис гуфт, ки шумо ҳам бо таъйидияи Кумисиюни интихобот намояндаи мардум шинохта шудаед ва ман ҳам “васиқа” аз ҳамин кумисиюн унвони раисиҷумҳурӣ гирифтаам.”

Ин ёддошти хонум Иброҳимӣ нишон медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир ду тараф қасди кӯтоҳ омадан аз мавзеъи худро надоранд ва бӯҳрони сиёсӣ камокон идома идома хоҳад дошт, аммо таъсирҳои манфии ин танишҳо метавонад ба густариши вируси куруно доман бизанад ва расидагӣ ба мардуми ин кишварро, ки ҳудуди 60 дарсади онҳо зери хатти фақр ба сар мебаранд ва ин рӯзҳо маҷбур шудаанд барои ҷилавгирӣ аз густариши куруно хонанишин шаванд, асар бигузорад.

Дар рӯзҳои гузашта шумори зиёде аз афрод, ки ғизои шаби хонаводаҳои онҳо бастагӣ ба кори рӯзмарра дорад, ба расонаҳо гуфтанд, ки ба ҳар ҳол марг дар интизори онҳост ё аз асари куруно ва ё ҳам пеш аз куруно аз гуруснагӣ бимиранд.

Ин изҳороти мардум дар воқеъ ҳушдоре ба давлати Афғонистон аст, ки ба ҷойи ихтилофоти сиёсӣ ба мушкилоти марбут ба бӯҳрони густариши вируси куруно ва асари манфии он бар зиндагии афроде, ки барои зинда мондан ба нони шаб ниёзманд ҳастанд, бипардозанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.