Дидгоҳ

Вақте куруно ҷаҳлу таъассуби моро низ рӯ мекунад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Шуюъи куруно дар ҷаҳон, нақсу камбудҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии фаровонеро дар бисёре аз ҷомеаҳо ва системҳо бармало кард, ки пас аз пушти сар гузоштани ин бӯҳрон, қатъан донишмандон ва назарияпардозон маҷбур ба бознигарӣ ва таҷдиди назар дар бисёре аз андешаҳо ва равишҳо дар арсаи сиёсат, иҷтимоъ, иқтисод ва фарҳанг ва ислоҳи онҳо хоҳанд шуд.

Дар ин миён, куруно айбҳоеро, ки домангири ҷомеаи диндор низ будааст ошкор сохт. Албатта, ин айбҳо аз аввал буданд, на ин ки тозагӣ дошта бошанд, мунтаҳо бо шуюъи куруно ин айбҳо бештар рӯ шуданд. Дар ин навиштор, ба ду айби асосие, ки гиребонгири ҷомеаҳои исломӣ будааст ишора хоҳад шуд.

1) Ҷаҳл ва нодонӣ:

Яке аз ин айбҳо ҷаҳлу нодонӣ аст, ки мутаассифона ҳанӯз анбӯҳе аз мусалмонон гирифтори он будаанд. Ҷаҳлу нодонӣ на танҳо нисбат ба маорифи исломӣ, ки ҳатто нисбат ба огоҳиҳои аввалия, ки дар қарни ҳозир ҳар инсоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ дидааст, бо онҳо ошност.

Дар нахустин рӯзҳои шуюъи куруно дар Чин, шойеъае дар миёни бисёре аз мусалмонон пахш шуд, ки вақте Қуръонро боз кунед ва дар он тори мӯйе пайдо шавад, бидонед ин мӯйи мубораки ҳазрати Паёмбар (с) аст ва аз ин рӯ онро бардоред ва дар косаи обе гузоред ва бинӯшед, ки шифои куруност! Дар як муддати кӯтоҳ ин шойеъа ба сурати бисёр густурда дар миёни мардум ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Фейсбуку Ютюбу ғайра пахш шуд ва хелеҳо ба он бовар ҳосил карданд. Маълум нест маншаъи ин шойеъаи бепоя кист, шояд як шайёде бошад, ки аз сари шайтанат ё бекорӣ инро бофта. Вале ҷойи таъассуф ин ҷост, ки бисёреҳо ба он бовар карданд. Ин аст ҷаҳлу нодонӣ, ки мегӯям. Албатта, дар ин ки мӯйи мубораки ҳазрати Паёмбар (с) метавонад мояи шифо гардад, аз назари ислом шакке дар он нест. Аммо ин ки касе бовар кунад, ки тори мӯйи он ҳазрат (с) дар ҳар Қуръоне ва тоза дар ин даврон, пайдо мешавад, ин дигар ғояти ҷаҳолат ва нодонӣ аст ва танҳо касе ба он бовар пайдо мекунад, ки аз ақлу хирад баҳрае надошта бошад.

Ва ин дар ҳолест, ки дини мо дине ақлонӣ аст. Қуръони Карим беш аз ҳар чизе дигар, мӯъминонро ба таъаққул (ақлро ба кор гирифтан) ва тафаккур давъат карда. Ҳеч дине ба андозаи ислом ба таъаққулу хирадварзӣ фаро нахонда. Бо ин ҳисоб, бисёр андӯҳовар аст, ки дида шавад як мусалмон, ба чизе, ки аслан бо ақлу хирад ҷур дарнамеояд, бовар кунад.

Яке дигар аз мавориди ҷаҳолат ва нодонии баъзе аз мусалмонон дар ин аст, ки гумон мекунанд вирус дар маконҳои муқаддас — мисли масоҷид ё марқади Паёмбар (с) ва ё мароқиди авлиёуллоҳ — роҳ пайдо намекунад. Дар нахустин рӯзҳои шуюъи куруно дар Эрон, вақте ҳукумат дари баъзе аз мароқиди авлиёуллоҳро баст, иддае ба ин амокин ҳамла бурданд ва бо шикастани дару девори он воридаш шуданд, бо ин пиндор, ки манъ аз зиёрат кори дурусте нест ва вирус ба ин мароқид роҳ надорад. Ва ҳатто яке ду нафар аз онҳо лесидан ва бӯсидани худ аз зареҳро ба навор бардоштанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намуданд. Ин ҳам ҷаҳолат ва нодонӣ аст ва бархоста аз адами огоҳӣ нисбат ба ҷараёни қонуни илоҳӣ (суннати Худо) дар ҷаҳон аст. Ин гурӯҳ ҳатто ҳамин андоза огоҳӣ надоранд, ки вирус ва ё беморӣ на макони муқаддас мешиносад ва шахси муқаддас. Мароқиди ҳазрати Паёмбар (с) ва авлиёуллоҳ, ки ҳеч, ҳатто худи шахси ҳазрати Паёмбар (с) метавонанд ба вирус ё беморӣ мубтало шаванд.

2) Таъассуби мазҳабӣ:

Яке дигар аз айбҳо, ки куруно ошкор сохт, таъассуби мазҳабии бисёре аз мусалмонон будааст. Шуюъи куруно нишон дод, ки бисёре аз мо, мусалмонон, хештанро дар ҳисори бисёр танги мазҳабе, ки аз он пайравӣ мекунем маҳсур сохта ва нисбат ба пайравони соири мазоҳиби исломӣ ба дараҷае душманӣ ва адоват доштаем, ки хоҳони нобудии онҳо буда ва аз мусибате, ки бар сари онҳо фуруд омада, шодмон мешудаем. Замоне, ки куруно вориди қаламрави Эрон шуд ва шуморе аз мардуми ин кишвар ба ин вирус мубтало шуданд ва хабараш паҳн шуд, хелеҳо табли шодӣ заданд ва эълон карданд, бигузор куруно мардуми Эронро, ки шиъа ва “рофизӣ” ҳастанд бикушад! Ва ҳатто дида шуд, баъзеҳо иллати шуюъи куруно дар манотиқи шиъанишин ва адами шуюъи он дар манотиқи суннинишинро ба мазҳаби онҳо рабт доданд.

Ҳатто кор ба ҷойе расид, ки яке ду шабакаи ба ном исломӣ, ки маъруфанд, дар нахустин рӯзҳои шуюъи ин вирус дар Эрон, мураттаб ба таҳқири мусалмонони шиъа пардохтанд ва хитоб ба онҳо баён медоштанд, ки шумо чун шиъа ҳастед ва “мушрик” ҳастед, Худо ин балоро ба саратон оварда!

Иншоаллоҳ, сари фурсат дар як мақолаи ҷудо, дар бораи роҳҳои раҳоӣ аз ин ду нуқсони бузург, яъне ҷаҳлу нодонӣ ва таъассуби мазҳабӣ, баҳс ба амал хоҳам овард.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.