Сиёсат

Дар интиқод аз низомҳои демукротик муболиға накунем!

Тазаккур: Он чи дар ин ёддошт омада назари шахсии нигорандаи он аст ва лузуман ба маънои таъйиди он аз сӯи пойгоҳи Кимиёи саодат нест.

Ба қалами Аҳмади Зайдободӣ, рӯзноманигор

Аҳмади Зайдободӣ, рӯзноманигор

Расонаҳои расмии Эрон ба гунае хабарҳои шуюъи куруно дар ҷаҳонро пӯшиш медиҳанд, ки гӯё Чин дар ин маврид комилан муваффақ амал кардааст ва демукросиҳои урупоӣ ва Омрико дар мувоҷеҳа бо он, бадбахту бечора ва вориди сарошеби ҷаҳаннам шудаанд!

Оё манзурашон ин аст, ки ҳукумати такҳизбӣ ва иқтидоргаро дар баробари мушкилот ва бӯҳронҳо коромад ва тавоност, аммо демукросиҳо нотавон ва осебпазиранд? Зоҳиран манзурашон ҳамин аст.

Равшан аст, ки як давлати иқтидоргаро дар набуди аҳзоби мухолиф ва расонаҳои мустақил ва ниҳодҳои мадании қудратманд ва шахсиятҳои мунтақид ва хулоса ҳар гуна фазои озод, метавонад бо такя бар инҳисори иттилоърасонӣ, бар бисёре аз мушкилоти ҷомеа пардапӯшӣ кунад ва худро муваффақ ва пирӯз ҷилва диҳад, бидуни он ки имкони ростиозмоии иддаоҳояш фароҳам бошад.

Дар демукросӣ аммо давлатҳо ба сахтӣ метавонанд бар мушкилот пардапӯшӣ кунанд ва ҳар иқдом ва амал ва иддаои онҳо аз сӯи милюнҳо мунтақид ва ҳазорон ниҳод ва садҳо расона ва даҳҳо ҳизби мухолиф мавриди нақд ва ростиозмоӣ ва ибтол қарор мегирад.

Аз ин ҳам фаротар, баъзан бархе аз афрод ва созмонҳо ва аҳзоб бо истифода аз фазои озод ва озодии баён, чӣ басо иддаоҳои дурӯғин ва иғроқомезе ҳам алайҳи амалкарди давлат матраҳ кунанд, то онро аз чашми раъйдиҳандагон биандозанд.

Бо ин ҳисоб, мушаххас аст, ки демукросиҳо нисбат ба режимҳои иқтидоргаро дар бархӯрд бо бӯҳронҳо бо вазъияти бисёр печидатаре рӯ ба рӯ мешаванд, аммо оё ин ба маънои он аст, ки иқтидоргароӣ беҳтар аз демукросӣ аст? Ҳаргиз!

Ҳамон тавр ки Афлотун беш аз 2 ҳазору 300 сол пеш гуфтааст, демукросиҳо бидуни айб нестанд, аммо дар айни ҳол, ба қавли Корл Пупер, камайбтарин низомҳои сиёсии таърих ба шумор мераванд. Ба иборати дигар, бо таваҷҷӯҳ ба ҷамиъи ҷиҳот, демукросиҳо ба рағми порае айбҳояшон, босуботтарин, одилонатарин, озодтарин ва муваффақтарин низомҳои сиёсии таърихи башар нисбат ба бадилҳои дигари худ ба шумор мераванд.

Мунтақидони мунсифтари демукросиҳои урупоӣ ва Омрико, маъмулан аз фосила байни моҳият ва амалкарди ин низомҳо бо як демукросии тамомаёр интиқод мекунанд, ки албатта ҷойи интиқод ҳам дорад, аммо расонаҳои расмии кишвари мо дар ин маврид ба гунае хабаррасонӣ мекунанд, ки гӯё асли мушкил, ҳамон демукросӣ аст ва дар иваз, иқтидоргароии чинӣ ва русӣ улгуи муваффақ ва одилонае аст.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.