Дидгоҳ

Назари Нуом Чомскӣ дар бораи шуюъи куруно дар Омрико

Нуом Чомскӣ, забоншинос ва файласуфи омрикоӣ, изҳор кард, ҳамагирии куруно бо таваҷҷӯҳ ба иттилооте, ки дар ин замина дар дастрас қарор дошт, қобили пешгирӣ буд ва дар октябри 2019 низ як размоиш (манёвр)-и густурда дар хусуси як ҳамагирии эҳтимолӣ тавассути Маркази Ҷон Ҳопкинз бо ҳамкории Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод ва Бунёд Гейтс баргузор шуд. Вай афзуд, бо ин вуҷуд “ҳеч иқдоме сурат нагирифт ва ин бӯҳрон бо хиёнати низоми сиёсии Омрико ва бетаваҷҷӯҳии ӯ ба иттилооте, ки аз он огоҳ буд, вахимтар шуд.”

Ба гуфтаи ӯ, кишварҳо дар мувоҷеҳа бо куруно рӯйкардҳои мутафовите доштаанд ва барои мисол дар Урупо Олмон зарфияти ташхиси муносибе дар ихтиёр дошт ва метавонист бисёр худхоҳона амал кунад ва ба дигар кишварҳо кӯмак накунад ва ин дар ҳолест, ки “кишварҳои дигар ин бӯҳронро нодида гирифтанд ва бадтарини онҳо Англис ва аз ҳама бадтар Омрико буд.”

Чомскӣ бо ишора ба изҳороти Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, гуфт: “Як рӯз мегӯяд бӯҳроне дар кор нест, ин беморӣ мисли грипп аст. Рӯзи баъд мегӯяд, ин бӯҳрон ваҳшатнок аст ва аз ҳамон аввал инро медонистам ва фардои он мегӯяд, бояд ба корҳоямон бозгардем, чун ман бояд дар интихобот пирӯз шавам.” Чомскӣ афзуд: “Инки ҷаҳон дар чунин дастоне аст, ҳайраткунанда аст.”

Ӯ бо ташбеҳи Тромп ба “далқаке, ки мубтало ба ихтилоли шахсияти зидди иҷтимоӣ аст”, гуфт: “Мо ба самти марзи фоҷеа пеш меравем, ки бисёр вахимтар аз ҳар чизе аст, ки то кунун дар таърихи башарият пеш омадааст.”

Вай афзуд: “Дунолд Тромп ва навкаронаш дар мусобиқа барои расидан ба партгоҳ, аз дигарон пешӣ гирифтаанд. Мо дар воқеъ бо ду таҳдиди азим мувоҷеҳем, яке, таҳдиди фазояндаи ҷанги ҳастаӣ, ва дигар, таҳдиди фазояндаи гармоиши замин.”

Чомскӣ таъкид кард, дар ҳоле, ки паёмадҳои ҳавлноки куруно ҷуброншуданӣ аст, дар мавриди дигар таҳдидҳо “ҷуброне вуҷуд нахоҳад дошт”.

Ӯ ҳамчунин ба далели идомаи таҳримҳо алайҳи Эрон дар чунин шароите, аз Тромп интиқод кард. Чомскӣ гуфт: “Эҳтимолан рӯи мусбати куруновирус ин аст, ки ин беморӣ мумкин аст мардумро ба андеша дар бораи ин ки чӣ ҷаҳонеро мехоҳанд, савқ диҳад.”

Вай бо ишора ба ин ки пеш аз ин низ гунаҳои дигаре аз куруновирус дар ҷаҳон шуюъ ёфтааст, гуфт: “Озмоишгоҳҳо метавонистанд бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаҳое, ки аз густариши ин бемориҳо монанди СОРС доштанд, рӯи сохти воксан кор кунанд ва тадбирҳои муҳофизатии дигаре кор кунанд, аммо чаро ин корро накарданд?” Вай афзуд: “Мо сарнавишти худро дар дасти истибдодҳои хусусӣ ба номи ширкатҳо қарор додаем, ки дар баробари мардум масъул нестанд.”

Ӯ ҳушдор дод, ки гузинаҳое, ки дар даврони пас аз ин ҳамагирӣ вуҷуд хоҳанд дошт, “рӯи кор омадани давлатҳои бисёр мустабид то бозсозии ифротгароёнаи ҷомеа ва сӯҳбатҳои инсонии бештар дар заминаи ниёзҳои башарӣ ва радди манофеъи шахсӣ” хоҳанд буд.

Ба гуфтаи Чомскӣ, “бояд дар зеҳн дошт, ки давлатҳои бисёр мустабид бо неолиберолизм комилан созгорӣ доранд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.