Бишнав аз най...

Се гуфтор аз Мавлоно

Худо худ ботинҳоро сарпараст аст

Мавлоно фармояд:

Одамиён дар андаруни дил аз рӯйи ботин муҳибби Ҳаққанд ва толиби ӯянд ва ниёз бад-ӯ доранд ва чашмдошти ҳар чизе аз ӯ доранд ва ҷуз вайро бар худ қодиру мутасарриф намедонанд. Инчунин маънӣ, на куфр асту на имон ва онро дар ботин номе нест. Аммо чун аз ботин сӯйи новдони забон он оби маънӣ равон шавад ва нақшу иборат шавад, инҷо номаш куфру имон ва неку бад шавад; ҳамчунон ки наботот аз замин мерӯянд, дар ибтидои худ сурате надоранд ва чун рӯй ба ин олам меоваранд, дар оғози кор латифу нозук менумояд ва сафедранг мебошад (ва) чандин ки ба ин олам қадам пеш мениҳад ва сӯйи олам меояд, ғализу касиф (мегардад) ва ранге дигар мегирад.

Аммо чун мӯъмину кофир ҳамнишинанд, чун ба иборат чизе нагӯянд, ягонаанд. Бар андеша гирифт (бозхост) нест ва даруни олам озодист; зеро андешаҳо латифанд, бар эшон ҳукм натавон кард, ки:

نَحْنُ نَحْکُمُ بِالظَّاهِرِ وَاللهُّ یَتَوَلَّی السَّرَائِر

(Мо ба зоҳир ҳукм мекунем ва Худо худ ботинҳоро сарпараст аст.)”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.167-168)

* * *

Ҳақ Таъоло бар зоҳири ту пайдо гардонад

Мавлоно фармояд:

Ҳар чи ту дар дил пинҳон дорӣ, аз неку бад, Ҳақ Таъоло онро бар зоҳири ту пайдо гардонад. Ҳар чи бехи (решаи) дарахт пинҳон мехӯрад, асари он дар шоху барг зоҳир мешавад:

سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِم

(Нишони суҷуду шукӯҳи бандагӣ дар чеҳраи эшон ошкор аст… Сураи Фатҳ, ояти 29)

سَنَسِمُهُ عَلَى الْخُرْطُومِ

(Зуд бошад, ки мо бар пешонии ӯ доғ ва нишон ниҳем. Сураи Қалам, ояти 16)…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.275)

* * *

Ин касе дарёбад, ки ӯро машомме бошад

Мавлоно гӯяд:

Баъзе бошанд, ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бӯйи дуд ояд, ва баъзе бошанд, ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бӯйи мушк ояд. Ин касе дарёбад, ки ӯро машомме бошад…”

(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.275)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.