Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Худшиносӣ, калиди ҳамаи маърифатҳост

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар инсон худашро бишносад, дигар ҳама чизро ба дурустӣ хоҳад шинохт. Мушкили умдаи инсон дар ин аст, ки ғолибан пеш аз он ки худашро дуруст шинохта бошад, саъй мекунад аввал ҷаҳонро бишносад. Дар ҳоле ки калиди шинохти ҳама чиз пеши вай, ин шинохти худаш аст.

Албатта, шинохте, ки аз он мегӯям, шинохти бадану аъзову ҷавореҳ нест, чаро ки ин шинохт ҳам мисдоқи шинохти ҷаҳон аст, на худ. Манзур аз шинохти худ ин аст, ки саъй кунад бидонад:

— чаро дар ин олам ҳаст?

— чаро омаданаш ба ин олам ва рафтанаш аз он, дасти худи ӯ нест?

— чаро камолхоҳу камолдӯст аст?

— чаро камолоти худро дӯст дорад?

— чаро аз ин ки камол ёбад, лаззат мебарад; лаззате, ки қобили қиёс бо лаззати ҷисмӣ нест?

— чаро ба ҳадде худашро ва камолоташро дӯст дорад, ки мехоҳад пас аз маргаш ҳам номи ӯ боқӣ бимонад?

— чаро ба фарзандонаш алоқа ва дӯсташон дорад, дар ҳоле ки фарзанди вай ҳеч фарқе бо фарзанди ҳамсоя надорад, зеро ҳар ду иборат аз гӯшту пӯсту устухонанд? Ба хусус модар чаро ба фарзанди худ ба ҳадде алоқаманд аст, ки ҳозир аст ҷонашро аз даст бидиҳад, вале газанду осебе ба ҷигаргӯшааш нарасад? Сирри ин алоқа дар чист ва куҷост?

… ва садҳо ва шояд ҳазорон чароҳое, ки замоне ки инсон посухи ин чароҳоро ёфт, худашро шинохтааст. Ин шинохт, калиди соири шинохтҳо ва маърифатҳост.

* * *

Асосан, яке аз фарқҳои умда миёни фалосифаи исломӣ бо дигар файласуфҳо дар ин аст, ки фалосифа ва ҳамчунин урафои исломӣ, мабнои ҳамаи маърифатҳо ва шинохтҳоро шинохти “худ” медонанд ва аз ҳамин нуқта ба фалсафидан оғоз кардаанд.

Масалан, Декорт, файласуфи фаронсавӣ, вақте хост як мактаби фалсафии ба гумони худаш муҳкамеро бино ниҳад, фарзро бар ин гузошт, ки ҳеч чиз пеши вай яқинӣ нест ва дар ҳама чиз шакк дорад, ҳатто фарзаш ин буд, ки ба вуҷуди худаш низ шакк дорад, то чӣ расад ба Худо ва ҷаҳоне, ки ӯро печонидааст. Сипас, гуфт, дар ҳар чиз ҳам, ки шакк кунам, вале дар шакки худам шакк надорам, яъне яқин дорам, ки ман шакк мекунам. Он гоҳ гуфт, ҳамин худаш як хишти аввалин аст барои бинои мактаб ва фалсафааш. Сипас, аз ҳамин як нуқтаи яқинӣ шурӯъ кард, то расид ба ин ки ман ҳастам, ҷаҳон ҳаст, Худо ҳаст ва ғайра… Ӯ ин гузораро ба ин сурат баён кард: “Ман меандешам, пас ҳастам”.

Метавон гуфт, ин файласуфи барҷастаи ғарбӣ корро аз “худ” шурӯъ накард. Бар хилофи фалосифа ва урафои исломӣ. Ибни Сино тақрибан 500 сол қабл аз Декорт, ин масъаларо тарҳ карда ва ишколи онро ҳам баён намудааст. Ибни Сино дар “Инсони муъаллақ дар фазо” мегӯяд, агар касе бигӯяд, ки ман ба худам аз тариқи осорам пай мебарам, ӯ иштибоҳ кардааст. Бӯалӣ мегӯяд, ту вақте мегӯӣ, “ман меандешам, пас ҳастам”, оё “андешаи мутлақ”-ро дар назар дорӣ, ё “андеша” бо изофа ба худатро? Яъне, “андеша+ам”-ро? Маълум аст, ки ту андешаеро дар назар дорӣ, ки мутаъаллиқ ба туст, яъне “меандеш+ам”. Пас, ту ин андешаро ба худат нисбат додаӣ. Яъне, аввал “худ”-и ту бароят мусаллам аст ва агар андешае аз ту сар мезанад, аз ту сар мезанад. Агар ба шаккат шакк надорӣ, ба он шакке шакк надорӣ, ки мутаъаллиқ ба “худ”-и туст. Пас, чӣ гуна мегӯӣ, ман меандешам, пас ҳастам”? Ту бояд бигӯӣ, “ман ҳастам, пас меандешам”.

Хулоса, худшиносӣ пеши фалосифаи исломӣ ба хусус урафои мо, хеле аҳаммият дошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.