Сиёсат

Кисинҷер: “Шикаст дар муқобили чолиши куруно ҷаҳонро ба оташ хоҳад кашонд”

Вазири хориҷаи пешини Омрико зимни таъкид бар ниёзи Вошингтун ба ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон барои шикасти вируси куруно, ҳушдор дод, ки дар сурати адами иқдоми муносиб, эҳтимолан иқтисоди ҷаҳон барои чандин насл бо бӯҳрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ба гузориши Daily Mail, Ҳенрӣ Кисинҷер, вазири хориҷаи пешини Омрико, тайи ёддоште дар рӯзномаи Wall Street Journal, ҳушдор дод, ки эҳтимол меравад куруновирус ба бӯҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон мунҷар шавад, ки наслҳо идома дошта бошад.

Вай тасреҳ кард, ки агар иқдомоти муносибе барои муқобила бо вируси куруно сурат нагирад, эҳтимоли бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон вуҷуд дорад.

Кисинҷер дар изҳороти сареҳу тунд дар хусуси шуюъи вируси куруно дар ҷаҳон, гуфт, ки “шикаст (дар муқобила бо куруно) метавонад ҷаҳонро ба оташ бикашад.”

Алорағми густариши шуюъи бемории COVID-19 дар Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва мубтало шудани беш аз 300 ҳазор нафар ва ҷон бохтани 8 ҳазору 454 нафар дар Омрико бар асари вируси ҳамагири куруно, Кисинҷер мӯътақид аст, ки Кохи сафед иқдомоти ҳамоҳанг ва пойдоре дар пешгирӣ аз вуқӯъи як фоҷеаи қарибулвуқӯъ анҷом додааст.

Вай бо ин ҳол идома дод: “(Аммо) давлати (Омрико) мебоист бо дурандешӣ амалкарди коромаде барои шикасти ин беморӣ дошта бошад, то на танҳо эътимоди мардуми Омрико, балки эътимоди ҷаҳонро муҷаддадан ба даст оварад.”

Кисинҷер дар иртибот бо паёмадҳои шуюъи куруно бар иқтисоди ҷаҳон гуфт: “Вақте бемории ҳамигири COVID-19 ба поён бирасад, муассисоти бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба унвони (ширкатҳои) нокому шикастхӯрда талаққӣ хоҳанд шуд. Хоҳ ин қазоват мунсифона бошад ё хайр, ҳақиқат ин ҷост, ки ҷаҳон баъд аз вируси куруно дигар ба ҳамон шакли қабл нахоҳад буд.”

Кисинҷер сипас тасреҳ кард, ки Омрико бояд ба суръат дармоне барои муқобила бо куруно пайдо кунад ва барои бозсозии иқтисоди ҷаҳонӣ талош кунад ва аз “назми ҷаҳонии либерол” муҳофизат кунад ва “ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳам наметавонад бо як талоши сирфан миллӣ, бар ин вирус (куруно) ғалаба кунад.”

Изҳороти Кисинҷер дар шароите матраҳ шудааст, ки то рӯзи гузашта (шанбе), теъдоди мубталоён ба куруно дар ҷаҳон ба 1 милюну 203 ҳазору 188 нафар афзоиш ёфтааст ва теъдоди қурбониёни ин вирус низ ба 64 ҳазору 747 нафар расидааст.

Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ҳамчунон бо 311 ҳазору 637 мавриди ибтило ва 8 ҳазору 454 қурбонӣ, бештарин омори мубталоён ба куруноро дар ҷаҳон дорост.

Испониё бо 126 ҳазору 168 мубтало ба куруно ва 11 ҳазору 947 қурбонӣ ҷойгоҳи дуввум ва Итолиё бо 124 ҳазору 632 мавриди ибтило ва 15 ҳазору 362 қурбонӣ, бештарин теъдоди мубталоён ба куруноро дар ҷаҳон доро ҳастанд.

Вазири хориҷаи пешини Омрико дар ин ёддошт ба камбуди таҷҳизот дар Омрико барои муқобила бо куруно ишора кард ва гуфт: “Таҷҳизоти пизишкӣ барои рӯёрӯӣ ва муқобила бо мавҷи густурдае аз мубталоён нокофӣ аст. Зарфияти бахши муроқибатҳои вежа рӯ ба итмом аст. Тестгирӣ барои таъйини мизони олудагӣ нокофӣ аст… Як воксани муваффақиятомез эҳтимолан 12 то 18 моҳи дигар сохта мешавад.”

Вай тасреҳ кард, ки Омрико барои шикасти куруно ниёз ба ҳамкорӣ бо дигар нуқоти ҷаҳон дорад ва гуфт: “Ниёзҳои феълӣ бояд бо тадвини чашмандоз ва барномаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷамъӣ барои муқобила бо бӯҳрон ҳамроҳ бошад.”

Вай се гомро ба Омрико барои муқобила ва шикасти куруно ва сипас суботбахшӣ ба иқтисод пешниҳод дод ва аввалин роҳро “пайдо кардани дармоне барои вируси куруно” донист.

Вай гуфт: “Мо бояд текникҳо ва фанновариҳои ҷадидеро ба манзури контроли бемориҳои ъуфунӣ ва (тавлиди) воксанҳои мутаносиб барои ҷамъияти васеъе густариш диҳем.”

Бино ба гуфтаи Кисинҷер, гоми дуввум “беҳбудии захмҳое аст, ки бар иқтисоди ҷаҳон ворид омадааст. Раҳбарони ҷаҳон дарсҳои муҳиммеро аз бӯҳрони молии соли 2008 омӯхтаанд, аммо шароити феълӣ ба воситаи ҳаҷми ҷаҳонии шуюъи вируси куруно печидатар аст. Мадорис таътил шудаанд, рестуронҳо таътил шудаанд ва тарҳи фосилагузории иҷтимоӣ иҷро шудааст.”

Вай таъкид кард, ки мебоист иқдомоти муассире барои рафъи хасоратҳои воридшуда ба онҳое, ки бештарин латмаро аз таътилиҳо дидаанд, сурат бигирад.

Кисинҷер сипас тасреҳ кард, ки гоми севвум ва ниҳоӣ, “посдорӣ ва муҳофизат аз усули назми ҷаҳонии либерол аст.”

Вай дар поён таъкид кард, ки чолиши кунунии ҷаҳон, мудирияти бӯҳрон ва сохти оянда аст ва шикаст дар ин чолиш метавонад ҷаҳонро ба оташ бикашад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.