Ҷаҳон

Нусхаи раисиҷумҳури Белорус барои куруно

Дар ҳоле, ки омори расмӣ аз қурбониёни куруно дар Белорус мунташир намешавад, раисиҷумҳури ин кишвар гуфтааст, ки ин беморӣ бо суно (сауна) ва кори сахт дар киштзор аз байн хоҳад рафт.

Эълом нашудани омори расмии кушташудагон бар асари куруно дар Белорус мӯҷиб шудааст, ки шаҳрвандони ин кишвар бавежа коркунони бахши дармонӣ, шумори кушташудагонро рӯи деворҳои шаҳри Минск ва Витебск бинависанд. Бо ин ҳол мақомот рӯи ин навиштаҳоро бо ранг мепӯшонанд.

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар мусоҳиба бо рӯзномаи англисии Times таъкид дорад, ки куруно то кунун дар ин кишвар танҳо ҷони 4 танро гирифтааст. Ӯ ҳамчунин аз мардуми кишвараш хоста бо кори сахт дар киштзор ва рафтан ба суно (сауна) ду бор дар ҳафта, саломати худро ҳифз кунанд.

Бархе изҳор кардаанд, ки Вазорати беҳдошти Белорус мубталоёни тозаро дар феҳристи мубталоён ба куруно сабт накардааст ва ба ҷойи он, онҳоро дар феҳристи ибтило ба зотуррия (пневмония) қарор медиҳад.

Раисиҷумҳури Литвонӣ (Литва), кишвари ҳамсояи Белорус, гуфтааст, ки наметавонад ба иттилооти расмӣ, ки Белорус мунташир мекунад, эътимод дошта бошад ва вазъияти феълиро бо дидаи шакку тардид месанҷад.

Лукашенко дар вокуниш ба ин изҳорот, гуфтааст: “Ба вируси худатон расидагӣ кунед!

Ӯ ҳамчунин иҷоза дода, ки мағозаҳо, фурӯшгоҳҳо ва рестуронҳо боз бимонанд ва мардумро барои рафтан ба сари корашон ташвиқ мекунад.

Раисиҷумҳури Белорус дар як суханронии аҷиб таъкид кард, ки кор бар рӯи троктур мардумро аз ибтило ба куруно ҳифз мекунад. Вай афзуд: “Набояд нигарону музтариб бошед ва фақат бояд кор кунед.”

Ӯ гуфт, троктурҳо ва киштзорҳо ҳамаро дармон хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.