Ҷаҳон

18 кишваре, ки куруно вориди онҳо нашуда

Дар ҳоле, ки куруновирус то кунун дар аксари минтақаҳои ҷаҳон шуюъ ёфта ва беш аз як милюн мубтало бар ҷой гузоштааст, шумори андаке аз кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз даргири ин ҳамагирӣ нашудаанд.

Бар асоси оморҳои расмии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, 18 кишвар аз миёни 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид муддаӣ шудаанд, ки то кунун ҳеч мавриде аз ибтило ба COVID-19-ро сабт накардаанд.

Ин кишварҳо иборат ҳастанд аз:

1) Маҷмаъулҷазоири Қумур (Коморские Острова);

2) Кириботӣ (Кирибати);

3) Лесуту (Лесото);

4) Ҷазоири Моршол (Маршалловы Острова);

5) Микрунезӣ (Микронезия);

6) Ноуру (Науру);

7) Куреи шимолӣ;

8) Полоу (Палау);

9) Сомуо (Самоа);

10) Соутума ва Принсип (Сан-Томе и Принсипи);

11) Ҷазоири Сулаймон (Соломоновы Острова);

12) Судони ҷанубӣ;

13) Тоҷикистон;

14) Тунго (Тонга);

15) Туркманистон;

16) Туволу (Тувалу);

17) Вонуоту (Вануату);

18) Яман.

Ҳарчанд бархе аз ин кишварҳо аз ҷумла Куреи шимолӣ, ки ҳамеша ба таври шадиде дар ҳолати қарантина қарор дорад ва Яман ва Судони ҷанубӣ, ки дар шароити ҷангӣ ба сар мебаранд, эҳтимол меравад ҳеч мавриде аз ибтилоро гузориш накунанд, аммо ба назар мерасад дигар кишварҳои номбурда воқеан аз ин вируси ҳамагир, ки то кунун ҳудуди 60 ҳазор қурбонӣ дар саросари ҷаҳон бар ҷой гузошта, дар амон мондаанд.

Бештари ин кишварҳо ҷазоири кучаки дурафтодае ҳастанд, ки дар ҳолати оддӣ низ гардишгарони зиёде надоранд.

Дар ҳоле, ки дурафтогии маъмул дар ин кишварҳо боис шуда, то аз шуюъи маргбори куруновирус дар амон бимонанд, аммо ин воқеият, ки ин кишварҳо то ин ҳадд дар инзиво қарор доранд, нигаронии аслии бархе давлатҳо шудааст.

Дар яке аз ин кишварҳо ҳатто пеш аз шуюъи ин вирус иқдомоти шадиде сурат гирифтааст.

Раисиҷумҳури Ноуру — як ҷазираи кучак дар минтақаи Микрунезӣ воқеъ дар шимоли шарқии Устролиё — зимни ибрози нигаронӣ нисбат ба ҳамагирӣ ва шуюъи сареъи куруновирус дар ҷаҳон, эълом карда, ки ин кишвар ҳама чизро дар марзҳои худ мутаваққиф кардааст.

Ин кишвар бо 100 ҳазор нафар ҷамъият дуввумин кишвари камҷамъияти сабтшуда дар Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад ва беш аз 321 километр бо наздиктарин ҳамсояи худ яъне ҷазираи Бонобо, ки бахше аз Кириботӣ, кишвари воқеъ дар уқёнуси Ором аст, фосила дорад. Кириботӣ низ худ то кунун ҳеч мавриде аз ибтило ба COVID-19 мушоҳида накардааст.

Наздиктарин шаҳре, ки ба Ноуру парвози мустақим дорад низ Бризбани Устролиё аст, ки ҳудуди 3380 километр фосила дорад.

Ноуру танҳо як бемористон дар кишвари худ дошта ва ба шиддат бо камбуди парастор мувоҷеҳ аст. Ин кишвар ҳамчунин ҳеч дастгоҳи танаффусӣ надошта ва аз ин рӯ дар сурати шуюъи куруновирус ҳеч шонсе нахоҳад дошт.

Аз ҳамин рӯ аз ибтидои моҳи март то кунун ин кишвар тайи иқдомоти сахтгиронае, ки иттихоз карда вуруди ҳар мусофиреро аз кишварҳои Чин, Куреи ҷанубӣ ва Итолиё мамнӯъ карда буд. Парвозҳои куллии ин кишвар низ ағлаб коҳиш ёфта ё таълиқ шудааст.

Ҳамчунин афроде, ки аз Устролиё ба ин кишвар бозмегарданд, ки ағлаб аз шаҳрвандони Ноуру ҳастанд, ба муддати 14 рӯз дар як ҳутел қарантина шуда ва ҳар рӯз баррасӣ мешавад. Дар сурате, ки таб дар ин афрод мушоҳида шавад, шароити қарантина барои онҳо шадидтар шуда ва тести COVID-19 аз онҳо гирифта мешавад. То кунун ҷавоби ҳеч як аз ин тестҳо, ки кетҳои он аз Устролиё ворид шуда, мусбат эълом нашудааст.

Бино бар гузориши New York Daily News, бархе дигар аз кишварҳои кучаки уқёнуси Ором аз ҷумла Кириботӣ, Тунго ва Вонуоту низ монанди Ноуру иқдомоти мушобеҳе иттихоз кардаанд.

Рубрики:Ҷаҳон

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.