Ваҳдати исломӣ

Номаи раиси ҳавзаҳои илмияи Эрон ба Попи Вотикон

Оятуллоҳ Аърофӣ, раиси ҳавзаҳои илмияи Эрон, бо ирсоли номае ба Поп Фронсис, зимни ибрози ҳамдардӣ бо қурбониёни бемории куруно дар сар то сари ҷаҳон, барои ҳамкорӣ ва табодули таҷрибиёти марокизи илмӣ ва динӣ ва раҳбарони адёни осмонии ҷаҳон, эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши Hawzahnews, матни нома бад-ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Олиҷаноб Поп Фронсис,

Раҳбари гаронқадри котуликҳои ҷаҳон.

Бо салому эҳтиром ва бо ҳамду санои илоҳӣ ва бо салому салавот бар анбиёи ъизоми илоҳӣ ва ҳазрати Исои Масеҳ алайҳис-салом ва ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ.

Ҳодисаи ногувори интишори вируси куруно мояи ранҷу мусибати кишварҳо ва миллатҳо ва мӯҷиби ғаму андӯҳи раҳбарони адён, олимон ва андешамандон шудааст.

Ҳавзаҳои илмия ва бузургони дин дар Эрон зимни ибрози ҳамдардӣ бо мусибатдидагон ва осебдидагон аз пайравони ҳамаи адён ва ҳамаи миллатҳои ҷаҳон, орзуи дурии ҳамаи балоҳо ва нобасомониҳо аз ҷаҳон ва раҳмати илоҳӣ барои ҷонбохтагон ва шифои оҷил барои беморонро аз Худованди Маннон доранд ва аз олиҷаноб ва ҳамаи талошгарон барои ҳалли ин мушкил ва расидагӣ ба мубталоён ва ниёзмандон ташаккур ва барои онон дуо мекунанд ва низ бар аҳаммияти танзими ҳамаи умур ва барномаҳо бар асоси дидгоҳҳо ва тавсияҳои коршиносон ва мутахассисон ва донишмандон таъкид дошта ва дар ин замина пешгом ва ҳамроҳу ҳамоҳанг будааст.

Ҳаводис ва балоҳои табиӣ дар мантиқи адёни осмонӣ падидаҳои ҳушдордиҳанда барои озмуни башар, заминасози такомулу таъолии инсон, мояи басират нисбат ба мабдаъ ва маъод, фурсате барои санҷиш ва таҷаллии хислатҳои инсонӣ ва иҷтимоӣ ва шукуфоии руҳи ҳамдилӣ, исор ва фидокорӣ аст.

Табйини саҳеҳ, ақлонӣ ва ҳакимонаи ин гуна ҳаводис ва чигунагии мувоҷеҳа бо он, парҳез аз дуқутбии ғайрвоқеии илму дин, тавсиъаи пажӯҳишҳои нозир ба муолиҷаи осебҳо ва муъзалоти иҷтимоӣ, истимрори шӯру нишоти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, тақвияти ҳамбастагии иҷтимоӣ ва таҳкими умед, азм, ирода, оромиш, меҳрубонӣ ва халлоқият дар ҷомеа, вазифае сутург бар ӯҳдаи ҳамаи нухбагон, фарҳехтагон ва масъулон аст. Ва дар ин миён бавежа раҳбарон ва олимони динӣ масъулияти музоъафе доранд ва лозим аст бо таҳкими мабонии эътиқодӣ ва таваҷҷӯҳ ба зарурати тазкияи нафс ва сиёнати ҷомеа аз ноҳинҷориҳо ва олудагиҳо ва низ таваҷҷӯҳ ба қудрати лоязоли Худованди Мутаъол, эҳтимом ба дуо ва тазаррӯъ дар пешгоҳи Худовандро тарвиҷ кунанд ва бидуни тардид анҷоми ин муҳим ниёзманди ҳамдилӣ ва ҳамкории ҳамагонии ҳамаи марокиз ва маҷомеъи илмии динӣ ва руҷӯъ ба сармояи беназири таъолими ваҳёнии паёмбарони осмонӣ бо рӯйкарде ҷомеъ ва ақлонӣ аст.

Муқобила бо ин чолиш ва соири бӯҳронҳои муосир монанди беадолатӣ, табъизҳои нораво, таҳримҳои ғайриинсонӣ, бӯҳрони зистмуҳитӣ, ҷанг, теруризм, тавлид ва нигаҳдории WMD-ҳо, мусталзими ҳамфикрӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муқобилаи ҳамаҷониба бо сиёсатҳои ғайримасъулонаи бархе кишварҳои султаҷӯ ва қавонини якҷонибагароёна ва муборизаи ҳамаҷониба бо ҷараёнҳои фасод, табъиз, таҳрим ва зидди адолату ахлоқу маънавият ва пойбандии содиқона ба омӯзаҳои муштараки инсонӣ, ақлонӣ ва динӣ ва таҳкими мабонии муҳаббат, адолат, сулҳ ва ҳамбастагии инсонӣ аст.

Раҳбарони ростини илоҳӣ ҳамвора бар иродат ва паймони худ бо Худованд ва паёмбарони илоҳӣ ва инсоният истодаанд ва хоҳанд истод. Ин рӯзҳо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон шоҳиди ҷилваҳои васфношуданӣ аз ҳаракатҳои довталабона ва ҳамдилиҳо ва ҳамкориҳои густурдаи давлат ва миллат ва мардум аз ҳамаи гурӯҳҳо ва адёну мазоҳиб ва парасторону пизишкон ва кодри дармон ва ҷавонон ва донишҷӯён ва нухбагони донишгоҳӣ ва руҳоният ва ҳавзаҳои илмия ва бузургони дин ва туллоби улуми динӣ ва ҷавонони имдодгар ҳастем ва бар ин ифтихор мекунем.

Аз ин фурсат баҳра мегирам ва эълом менамоям, ки ҳавзаҳои илмия ва бузургон ва устодон ва туллоби он омодагӣ доранд зимни табодули таҷориби илмӣ, пажӯҳишӣ, фарҳангӣ ва имдодӣ бавежа дар арсаи маҷозӣ, фасли ҷадиде аз ҳамфикриҳо ва ҳамкориҳоро бо марокизи илмии байналмилалӣ, донишгоҳҳо, марокизи динӣ, раҳбарони адёни осмонӣ ва кишварҳои дунё ва ниҳоди масеҳияти котулик оғоз намоянд, то бо ин ҳивору таъомул саффи воҳиди адёни илоҳӣ дар хидмати башарият шакл гирад.

Алиризо Аърофӣ,

Раиси ҳавзаҳои илмияи Ҷумҳурии Исломии Эрон

Фарвардини 1399 — марти 2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.