Ваҳдати исломӣ

Раҳбари мусалмонони Испониё дар асари ибтило ба куруно даргузашт

Риёҷ Татарӣ, раҳбари мусалмонони Испониё ва раиси Кумисиюни исломӣ дар ин кишвар, дар асари ибтило ба вируси куруно даргузашт.

Давлати Испониё дирӯз (душанбе, 6 апрел) даргузашти Татарии 72-соларо, ки чанд рӯз пеш ба иллати ибтило ба куруно дар бемористоне дар Модрид бистарӣ шуда буд таслият гуфт. Ҳамсари Татарӣ низ, ки ба куруно мубтало шудааст, ҳамчунон ба далели вахомати ҳолаш дар бемористон бистарӣ аст.

Давлати Испониё зимни таслияти даргузашти раҳбари мусалмонони ин кишвар, вайро “намунаи мубориза барои ҳусни ҳамзистӣ ва тасомуҳ миёни ҳамаи тоифаҳо” дар ин кишвар тавсиф кард.

Татарӣ дар соли 1948 дар Димишқ ба дунё омад ва дар аввалҳои даҳаи 70 қарни гузашта ба Испониё рафт ва дар соли 1971 Ҷамъияти Исломиро таъсис кард. Вай мадраки дуктуро дар арсаи пизишкӣ дорад ва имом-ҷумъаи масҷиди Татвон дар Модрид низ буд. Татарӣ 5 фарзанд дорад.

Гуфтанист, Испониё ба лиҳози теъдоди мубталоён ба вируси куруно дуввумин кишвар дар ҷаҳон ба шумор меравад ба тавре, ки то кунун 135 032 нафар дар ин кишвар ба куруно мубтало шудаанд ва ба лиҳози теъдоди ҷонбохтагон низ дуввумин кишвар дар ҷаҳон аст. Дар Испониё то кунун 13 055 нафар дар асари ибтило ба куруно ҷони худро аз даст доданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.