Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Хирадгароӣ ба чӣ маъност

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа

Хирад ба нерӯе гуфта мешавад, ки инсон ба василаи он метавонад дурустро аз нодуруст ташхис бидиҳад.

Ташхиси дуруст аз нодуруст дар ҳамаи масоил барои ҳар инсоне муяссар нест, зеро ниёзманди огоҳӣ аз мавзӯи мавриди баҳс аст. Ва пурвозеҳ аст, ки огоҳӣ аз ҳар мавзӯе, ниёзманди таҳсил ва таҳқиқу таҷриба аст. Бинобар ин, мебинем, ки риштаҳои таҳсилии гуногуне дар донишгоҳҳо эҷод шудааст. Ва ҳамин тавр ҳирфаҳои мухталифе дар ҷомеаи башарӣ шакл гирифтааст.

Дар ҷомеа ҳар касе бино бар ангезаву истеъдодаш, дар як ё чанд ришта таҳсил мекунад ва таҷриба меомӯзад. Яке пизишк мешавад, яке дигар муҳандис ва севвуме меконик ва ғайра. Пизишк метавонад беморӣ ва роҳи дармони онро ташхис диҳад, вале вақте мошинаш вайрон шуд, ба меконик муроҷеа мекунад. Ва ҳамин тавр меконик метавонад иллати вайронии мошинро ташхис дода ва онро таъмир кунад, вале вақте худаш дучори беморӣ шуд, ба пизишк муроҷеа мекунад.

Ба ҳамон мизон, ки муолиҷаи бемор аз ҷониби пизишк, як рафтори хирадгароёна ба шумор меравад, муроҷеаи ӯ ба меконик ҳам як рафтори хирадгароёна аз ҷониби ӯ қаламдод мешавад. Ва бо ин ки пизишк ҳангоми муолиҷа худаш иллати бемориро ташхис медиҳад, вале ҳангоми муроҷеа ба меконик худаш иллати вайронии мошинро ташхис намедиҳад, аммо ҳар ду рафтори ӯ, як рафтори хирадгароёна аз ҷониби ӯ ба шумор меравад.

Зеро дар ҳар ду маврид, пизишк тибқи ҳукми хирад рафтор кардааст. Хирад ҳукм мекунад, ки агар дар мавзӯе огоҳӣ надоштӣ, бояд ба касе муроҷеа намоӣ, ки аз он мавзӯъ огоҳӣ дорад.

Дақиқан бино бар ҳамин ҳукми хирад, инсони хирадманд ба сухани паёмбарон бовар мекунад, ҳамон тавре ки ба сухани пизишку меконику дигару дигар бовар мекунад.

Хирад ҳукм мекунад, ки агар аз мавзӯе огоҳӣ надорӣ, то замоне ки бар адами он, далелу бурҳон надорӣ, он мавзӯъро инкор накун ва ба қавли Ибни Сино:

كُلُّ ما قَرَعَ سَمْعَكَ مِنَ الْعَجائِبِ فَذَرْهُ فی بُقْعَةِ الاِمْكانِ ما لَمْ یَذُدْكَ عَنْهُ قائِمُ الْبُرْهانِ

Ҳар гоҳ чизи аҷибе ба гӯшат хӯрд, онро дар ҷойгоҳи имкон қарор бидеҳ (зуд инкораш накун), то он замоне ки далелу бурҳон дошта бошӣ.” Зеро надонистани ту, далели набудани чизе нест, ва ба қавли мантиқдонон:

عدم الوجدان لا یدل علی عدم الوجود

Наёфтан далел бар набудан нест.”

وعدم العلم بالدلیل لیس علما بالعدم

Надонистани далели чизе, ба маънои илм доштан ба адами он нест.” Ба иборати дигар, нафаҳмидани ту, ба маънои нодурустии сухани касе нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.