Фалсафа

Ду ҳикмат аз Мавлоно

Ҳамаро дӯст дор, то ҳамеша дар гулу гулистон бошӣ

Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” гӯяд:

Гуфт: Қозӣ Иззуддин салом мерасонад ва ҳамвора санои шумо ва ҳамди шумо мегӯяд.

(Мавлоно) фармуд:

Ҳар ки аз мо кунад ба некӣ ёд,

Ёдаш андар ҷаҳон ба некӣ бод!

Агар касе дар ҳаққи касе нек гӯяд, он хайру некӣ ба вай оид мешавад ва дар ҳақиқат, он санову ҳамд ба худ мегӯяд. Назири ин чунон бошад, ки касе гирди хонаи худ гулистону райҳон корад, ҳар боре, ки назар кунад, гулу райҳон бинад, ӯ доиман дар биҳишт бошад.

Чун хӯ кард ба хайр гуфтани мардумон, чун ба хайри яке машғул шуд, он кас маҳбуби вай шуд. Ва чун аз ваяш ёд ояд, маҳбубро ёд оварда бошад. Ва ёд овардани маҳбуб, гулу гулистон аст ва равҳу роҳат аст.

Ва чун бади яке гуфт, он кас дар назари ӯ мабғуз шуд. Чун аз ӯ ёд кунад ва хаёли ӯ пеш ояд, чунон аст, ки мор ё каждум ё хору хошок дар назари ӯ пеш омад.

Акнун, чун метавонӣ, ки шабу рӯз гулу гулистон бинӣ ва риёзи (боғи) Ирам бинӣ, чаро дар миёни хористон ва мористон гардӣ? Ҳамаро дӯст дор, то ҳамеша дар гулу гулистон бошӣ.

Ва чун ҳамаро душман дорӣ, хаёли душманон дар назар меояд, чунон аст, ки шабу рӯз дар хористону мористон мегардӣ.

Пас, авлиё, ки ҳамаро дӯст медоранд ва нек мебинанд, онро барои ғайр намекунанд, барои худ коре мекунанд, то мабодо ки хаёли макрӯҳ ва мабғуз дар назари эшон ояд. Чун зикри мардумон ва хаёли мардумон дар ин дунё лобуд ва ногузир аст, пас ҷаҳд карданд, ки дар ёди эшон ва зикри эшон ҳама маҳбубу матлуб ояд, то кароҳати мабғуз мушавваши роҳи эшон нашавад.

Пас, ҳар чӣ мекунӣ дар ҳаққи халқ ва зикри эшон мекунӣ, ба хайру шарр, он ҷумла ба ту оид мешавад. Ва аз ин мефармояд Ҳақ Таъоло:

مَنْ عَمِلَ صَالِحًا فَلِنَفْسِهِ وَمَنْ أَسَاء فَعَلَيْهَا

(Ҳар кас коре некӯ ва амале ба хайру савоб кунад, бе гумон он хайру некӯӣ барои ӯст. Ва ҳар кас ба носавоб даст гушояд, он кирдори носавоб дар гардани ӯ хоҳад буд. Сураи Фуссилат, ояти 46)

فَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ خَيْرًا يَرَهُ، وَمَن يَعْمَلْ مِثْقَالَ ذَرَّةٍ شَرًّا يَرَهُ

(Ҳар кас ба миқдори заррае некӯӣ кунад, ба яқин (подоши) онро хоҳад дид, ва ҳар кас ба миқдори заррае бадӣ кунад, ба яқин (кайфари) онро хоҳад дид, Сураи Зилзол, ояти 7-8)”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с. 292-293)

* * *

Умр ҳамчун ҷӯй нав-нав мерасад

Мавлоно гӯяд:

Одамиро Ҳақ Таъоло ҳар лаҳза аз нав меофаринад ва дар ботини ӯ чизе дигар тоза-тоза мефиристад, ки аввал ба дуввум намемонад ва дуввум ба севвум, илло ӯ аз хештан ғофил аст ва худро намешиносад…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.279)

* * *

Тавзеҳи матлаб ин ки асли одамӣ дар маънои ботинии ӯст, на дар сурат ва зоҳир, ва ботини одамӣ ҳар лаҳза бо гирифтани иттилооти ҷадид тағйир мекунад, бинобар ин одамӣ ҳар лаҳза аз нав офарида мешавад. Ин мазмун дар Маснавӣ ҳам омада:

Сурат аз бесуратӣ омад бурун,
Боз шуд, к-“инно илайҳи роҷиъун”.
Пас туро ҳар лаҳза маргу раҷъатест,
Мустафо фармуд: “Дунё соатест”.
Фикри мо тирест аз ҳу дар ҳаво,
Дар ҳаво кай пояд? Ояд то Худо.
Ҳар нафас нав мешавад дунёву мо,
Бехабар аз нав шудан андар бақо.
Умр ҳамчун ҷӯй нав-нав мерасад,
Мустамирре менамояд дар ҷасад.
Он зи тезӣ мустамиршакл омадаст,
Чун шарар, к-аш тез ҷунбонӣ ба даст.
Шохи оташро биҷунбонӣ ба соз,
Дар назар оташ намояд бас дароз.
Ин дарозимуддат аз тезии сунъ,
Менамояд суръатангезии сунъ.

Ва ин нуктаи зариф нуктае аст, ки мактаби фалсафии эгзистонсиёлизм (еxistentialism = экзистенциализм) — яке аз охирин мактабҳои фикрӣ ва фалсафаии ғарбӣ қоил ба шабеҳи он аст, албатта бо як тафовут. Ин мактаби фалсафӣ мегӯяд: “Инсон як вуҷуди бемоҳият аст ва худ бо интихоби роҳи худ, ба худ моҳият мебахшад.” Яъне, чунин нест, ки инсон дорои моҳияти собит бошад, балки ҳар лаҳза сохта мешавад, ӯ ҳар лаҳза бо интихобҳои худ, худро шакл медиҳад. (С.И.)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.