Дидгоҳ

Осори гуноҳон

Дуое ҳаст маъруф ба “Дуо дар зикри тавба ва талаби он” аз Имом Зайнулобидин (р). Имом дар ин дуо, гуноҳоне, ки инсон муртакиб мешавад, ин гуна тавсиф мекунанд:

مِنْ ذُنُوب أدْبَرَتْ لَذَّاتُهَا فَذَهَبَتْ، وَأَقَامَتْ تَبِعَاتُهَا فَلَزِمَتْ

Гуноҳоне, ки лаззатҳояш пушт карду рафт, аммо паёмадҳо ва осори он (дар вуҷуди ӯ) сукно гузид ва мулозими ӯ гардид…” (Саҳифаи Саҷҷодия)

Инсон, ки муртакиби гуноҳе мешавад — масалан дурӯғ бигӯяд ё касеро фиреб бидиҳад ва ё ба касе ситам кунад ва ғайра – агар аз ин кардааш пушаймон шавад ва тавба кунад, Худованди Мутаъол, ки меҳрубон аст, ӯро мебахшад. Аммо асари он гуноҳ дар вуҷуди ӯ боқӣ мемонад, бо тавба аз байн рафтанӣ нест. Дуруст мисли ин ки як нафар заҳре бихӯрад, қатъан ин заҳр асари худро дар вуҷуди ӯ боқӣ мегузорад ва чи басо ӯро ба ҳалокат бирасонад.

Яке аз осор ва паёмадҳои шуми гуноҳон ин аст, ки руҳи инсонро кадиру чиркин мекунад ва лаккаи сиёҳе дар вуҷудаш боқӣ мегузорад, ва ҳамин боис мешавад байни ӯ ва байни Худо ҳиҷобу пардае эҷод шавад. Ва агар гуноҳон такрор шаванд ва лаккаҳои сиёҳ зиёд, он вақт соҳибаш рафта-рафта қалбаш комилан тираву торик мегардад ва дигар қобилияти пазириши ҳидоятро аз даст медиҳад, то ҷойе, ки Худо ва оятҳои ӯро бар дурӯғ бароварда ва ба истеҳзо ва масхара кардани онҳо рӯй меоварад. Худованд мефармояд:

ثُمَّ كَانَ عَاقِبَةَ الَّذِينَ أَسَاؤُوا السُّوأَى أَن كَذَّبُوا بِآيَاتِ اللَّهِ وَكَانُوا بِهَا يَسْتَهْزِئُون

Саранҷоми касоне, ки муртакиби гуноҳон шуданд (бад шуд); зеро оятҳои Худоро такзиб ва онҳоро ба масхара мегирифтанд”. (Сураи Рум, ояти 10)

Бештари касоне, ки ба Худо пушт кардаанд ва ба масхара ва истеҳзои оятҳои Худо мепардозанд, агар дар решаҳои ин рафторашон дуруст таъаммул бишавад, мебинед, иллаташ далел нест яъне чунин нест, ки онҳо таҳқиқ карда ва ба ин натиҷа расида бошанд, ки он чи дар китобҳои осмонӣ омада ва он чи паёмбарон гуфтаанд нодуруст будаанд, балки сабабаш танҳо ва танҳо иртикоби гуноҳон асту бас.
Худоё! Аз ту мехоҳем, осору паёмадҳои гуноҳонеро, ки аз рӯйи ҷаҳолат ва нодонӣ муртакиб шудаем, покашон созӣ!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.