Гуфтугӯ

“Ҳеч гоҳ гумон намекардем, ки куруно кишвари моро то ба ин ҳадд бо чолиш мувоҷеҳ кунад”

Кей Коул Ҷеймз (Kay Cole James), аз аъзои собиқи давлати Ҷорҷ Буш ва яке аз раисони Кумитаҳои пажӯҳишии Бунёди Ҳеритиҷ (Heritage Foundation), мегӯяд, аз замони ҳамалоти 11 сентябр то кунун, кишвари мо бо таҳдиде чунин васеъ ва густурда мувоҷеҳ набудааст. Таҳдиде, ки бидуни он ки чизе дар зоҳир бибинем, ҳаёти мамлакати моро таҳдид мекунад. Вай афзуд, давлати Омрико ҳеч гоҳ гумон намекард ҷанбаҳои ин беморӣ ба қадре ҷиддӣ бошад, ки ин гуна кишварро бо чолиш мувоҷеҳ кунад…

Вируси куруно аз Ховари дур то Омрикои ҷанубиро дарнавардидааст. Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy дар ин мавзӯъ гуфтугӯеро бо Кей Коул Ҷеймз (Kay Cole James), аз аъзои собиқи давлати Ҷорҷ Буш ва яке аз раисони Кумитаҳои пажӯҳишии Бунёди Ҳеритиҷ (Heritage Foundation) анҷом додааст, ки дар идома мехонед:

— Бисёреҳо давлати Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро муттаҳам мекунанд, ки нисбат ба шуюъи вируси куруно саҳлангорӣ карда ва ин масъала сабаб шудааст, то омори мубталоён ба ин вирус дар Иёлоти Муттаҳида ба шиддат афзоиш ёбад, назари шумо дар ин бора чист?

— Куруно ё COVID-19 як бемории фарогир аст, ки ба яке аз бузургтарин чолишҳо на танҳо барои Иёлоти Муттаҳида, балки барои кулли ҷаҳон табдил шудааст. Ман ба ёд надорам дар тӯли зиндагиам бо чунин чолише ва бемории бузурге мувоҷеҳ шуда бошам. Ба гуфтаи раҳбарони ҷаҳон аз ҷумла Онтуниу Гутриш, дабири кулли Созмони Милал, аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум то кунун чунин чизе собиқа надоштааст.

Барои Иёлоти Муттаҳида аз замони ҳамалоти 11 сентябр то кунун, ин кишвар бо таҳдиде чунин васеъ ва густурда мувоҷеҳ набудааст. Таҳдиде, ки бидуни он ки чизе дар зоҳир бибинем, ҳаёти мамлакати моро таҳдид мекунад.

Чунин таҳдиде бо ин вусъат ва густурдагӣ тадбирҳои вежаеро металабад, ки давлати Омрико талош мекунад фикре барои он биандешад. Албатта наметавонем ин ҳақиқатро нодида бигирем, ки давлати Омрико ҳеч гоҳ гумон намекард ҷанбаҳои ин беморӣ ба қадре ҷиддӣ бошад, ки ин гуна кишварро бо чолиш мувоҷеҳ кунад. Мабдаи вирус аз Чин буд ва сипас ба Эрон, Куреи ҷанубӣ ва Жопун ва дигар кишварҳои ҷаҳон расид. Дар ибтидо интизор мерафт ба суръат ҷилави он гирифта шавад. Ба вежа бо таваҷҷӯҳ ба пешрафтҳои илми пизишкӣ дар даҳаҳои ахир ва пешрафтҳое, ки кишварҳо дар вазъияти беҳдошт доштаанд, интизор мерафт ба суръат ҷилави шуюъи он гирифта шавад. Аммо шоҳидем, ки ба шакли бесобиқае дар Урупо шуюъ пайдо кардааст. Бо ин ҳама, давлати Омрико гумон мекард метавонад ҷилави онро дар хоки Омрико бигирад. Барои ҳамин эҳсоси нигаронӣ намекард.

— Аммо шуюъи беморӣ дар Урупо ба вежа дар Итолиё ва сипас дар Испониё, аз ҳамон ибтидо нигаронкунанда буд. Мо шоҳид будем, ки то чӣ андоза шумори мубталоён дар Итолиё ҷаҳиш дошт, чаро Омрико ин мавзӯъро ҷиддӣ нагирифт?

— Аввалан, Дунолд Тромп гумон мекард, ки бо бастани парвозҳои Урупо метавонад ҷилави шуюъи онро бигирад ва вазъиятро ба контрол дароварад. Сониян, раисиҷумҳури Омрико ба пешрафти системи мудерни беҳдоштии Омрико бисёр такя дошт ва фикр мекард системи беҳдоштии кишвар, ки ба эътиқоди мо пешрафтатарин системи беҳдоштӣ дар ҷаҳон аст, метавонад ҷилави онро бигирад. Барои ҳамин дар ибтидо аз он эҳсоси нигаронӣ намекард. Аммо мувофиқам, давлат дар ибтидо шуюъи куруноро ҷиддӣ нагирифт.

— Дар ин миён он чи мавриди интиқод аст, талоши давлати Тромп барои истифодаи сиёсӣ аз вируси куруност. Масалан, талоше, ки давлати Омрико дар истифода аз куруно барои тахриби чеҳраи Чин истифода мекунад, он ҳам дар буҳбуҳаи талоши ҷаҳонӣ барои маҳори ин вируси фарогир ва кушанда, ҷои суол дорад. Чаро давлати Омрико чунин сиёсатеро пеш гирифтааст?

— Замони феълӣ озмоишест барои ҷомеа ва нухбагони омрикоӣ. Омрико бояд барои рӯёрӯӣ бо ин душмани номаръӣ халлоқият нишон диҳад. Мо низ дар Бенёди Ҳеритиҷ (Heritage Foundation) мӯътақидем, ки алъон вақти баҳрабардории сиёсӣ аз ин вируси кушанда ва бераҳм нест. Балки бояд ҳамагӣ ҳамаи тавону ҳушу имконоти худро ба кор гирем ва аз таҷриба ва дониши кишварҳои дигари даргир истифода кунем, то аз паси ин бӯҳрон бароем. Аммо ин бад-он маъно нест, ки масъулияти кишварҳои дигар ба вежа Чинро, ки мабдаи ин вирус будааст нодида бигирем. Ҳар кишваре, ки нисбат ба пинҳонкории ин беморӣ қасдан рафтор кунад, ё аз додани иттилооти лозим ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ худдорӣ кунад, бояд мунтазири паёмадҳои он низ бошад ва масъулияти онро бипазирад.

— Аммо мо шоҳидем, ки Чин бо вуҷуди сахтиҳое, ки дошт ва дар ҳоле, ки дар мубориза бо ин вирус аз кишварҳои дигар камтар кӯмак гирифт, тавонист дар ниҳоят бар ин вирус мусаллат шавад ва ҷилави шуюъи онро бигирад. Дар ҳоле, ки мо шоҳидем Чин кӯмакҳои лозимро ба кишварҳои мухталиф карда ва дониши пизишкии худро дар ихтиёри кишварҳои мубтало ба ин вирус гузоштааст. Чин ҳатто пизишк ба кишварҳои дигар ирсол кардааст, дар ҳоле, ки чунин чизеро то кунун дар бораи Иёлоти Муттаҳида нашунидаем. Ҳатто дар хабарҳо омадааст, ки Омрико маҳмулаҳои беҳдоштии дигар кишварҳоро ба нафъи худ мусодира мекунад. Ин ҳама дар ҳолест, ки дар камоли таъаҷҷуб мебинем, ки Иёлоти Муттаҳида на танҳо ҳамкориҳои Чинро нодида мегирад, балки дар як иқдоми сиёсӣ дар Шӯрои амният, ба дунболи кашондани парвандаи куруно ба ин шӯро ва тасвиби қатъномае алайҳи Чин аст. Ҳатто дар истифода аз номи куруно суистифодаи сиёсӣ мекунад ва ба он номи “вируси чинӣ” додааст. Тавзеҳоти шумо дар ин бора чист?

— Модоме, ки падидае аз навъи вируси куруно, падидае табиӣ аст ва сирфан як беморӣ маҳсуб мешавад ва Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гузорише хилофи он мунташир накардааст, ҳар гуна истифодаи сиёсӣ аз он нописанд ва ғайриқонунӣ аст. Мо набояд бигузорем, ки як бӯҳрони ҷаҳонӣ дар замоне номуносиб бо ҷанбаҳои сиёсӣ ҳамроҳ шавад ва бар печидагиҳои он биафзояд.

Мо дар Муассисаи Ҳеритиҷ ҳар гуна истифодаи инчуниниро накӯҳиш мекунем. Бар асоси иттилооте, ки муҳаққиқони мо даст ёфтаанд, ин вирус ҳаддиақал то чанд моҳи оянда ҳамроҳи мост ва чолишҳои ҷиддиро бароямон ба вуҷуд хоҳад овард. Бинобар ин, набояд чунин чолиш ва бӯҳрони ҷиддиро бо корҳое, ки натиҷае ҷуз бадтар шудан ва печидатар шудани авзоъ ба дунбол надорад, сахттар ва печидатар кард. Мо бояд ҳамаи талоши худро ба кор гирем, то зиндагӣ мардум на танҳо дар Омрико, балки дар саросари ҷаҳон, ба ҳолати оддӣ бозгардад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба якдигар муртабит аст ва кишварҳо дар иртиботи доим бо якдигар ҳастанд. Бинобар ин, ҳар гуна иттифоқе хуб ё бад бар якдигар асар мегузорад. Иёлоти Муттаҳида наметавонад худро аз дунё ҷудо бидонад. Давлати Омрико бояд зимни таваҷҷӯҳ ба манофеъи худ инро дар назар дошта бошад, ки ҳар рафторе аз сӯи ҳар кишваре метавонад бар муносиботи кишварҳои дигар асар бигузорад. Мо бояд кӯмак кунем, ки мардум ба корҳояшон бозгарданд ва иқтисод муҷаддадан рушди худро аз сар бигирад. Ва ин танҳо бо ҳамкории ҳамаи кишварҳо бо якдигар муяссар аст.

— Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳида аз вируси куруно ба унвони абзоре сиёсӣ барои ташдиди таҳримҳо алайҳи кишварҳои мавриди таҳримшудаи Омрико аз ҷумла Эрон ва Венезуэло ва Кубо истифода мекунад. Ин масъала на танҳо ғайриинсонӣ аст, балки бар муносиботи иқтисодӣ ва байналмилалӣ низ таъсир мегузорад.

— Таҳримҳои мавҷуд алайҳи кишварҳо, таҳримҳое нестанд, ки дар замони шуюъи куруно вазъ шуда бошанд. Таҳримҳое ҳастанд, ки аз гузашта будаанд. Аммо дар давлатҳои гузашта, аз ҷумла дар давлати Убомо ва Ҷорҷ Буш, ҳангоме ки чунин иттифоқоти мушобеҳе рӯй медод, давлатҳо дар сиёсати таҳримии худ таҷдиди назар мекарданд ва иҷоза медоданд кӯмакҳои инсондӯстона ба кишварҳои зарардида сурат бигирад. Акнун низ ройзаниҳое бо давлати Омрико дар ҷараён аст, то дар эъмоли таҳримҳо алайҳи кишварҳо таҷдиди назаре сурат бигирад, то он кишварҳо битавонанд аз кӯмакҳои инсондӯстона ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза бо куруно истифода кунанд.

Мо мӯътақидем, ки дар ҳоли ҳозир душмани муштараки мо, дар тамоми нуқоти ҷаҳон, куруно аст ва бояд дар ин замон душманиҳо ва ихтилофи назарҳо канор гузошта шавад ва ба якдигар дар мубориза бо ин бемории муҳлик, ки ҷони инсонҳои бисёреро дар дунё гирифтааст, кӯмак кунем. Ҳамон тавр ки гуфтам, мардуми ҷаҳон бо якдигар дар иртиботанд ва ҳар гуна ҳамкорӣ бо якдигар метавонад ба суди ҳама тамом шавад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.