Ахлоқи зишт

Бадтарини инсонҳо назди Худо кист?

Ҳазрати Расули Акрам (с) бадтарини мардумон дар пешгоҳи Худованди Мутаъолро касе муаррифӣ кардаанд, ки одамҳо ба хотири бадзабонӣ ва шарраш вайро раҳо карда бошанд ва ё агар барояш эҳтиром қоиланд, ба ин ҷиҳат аст, ки аз шарраш дар амон бимонанд.

إن شر الناس عند الله منزلة يوم القيامة من تركه الناس اتقاء شره

Ҳамоно бадтарини мардумон дар пешгоҳи Худованд дар рӯзи қиёмат касе аст, ки мардум ӯро тарк кардаанд, то аз шарраш дар амон бошанд.” (Ривояти Бухорӣ)

إن شر الناس من تركه الناس، أو ودعه الناس، اتقاء فحشه

Ҳамоно бадтарини одамҳо касе аст, ки мардум ӯро тарк кардаанд ё раҳояш кардаанд ба хотири он, ки аз фаҳҳошӣ ва дашному бадзабонии ӯ дар амон монда бошанд.” (Ривояти Бухорӣ)

إن من شرار الناس الذين يكرمون اتقاء شرهم

Ҳамоно бадтарин мардумон касоне ҳастанд, ки ба хотири дар амон мондан аз шарри эшон, мавриди эҳтиром ва икром қарор бигиранд.(Ривояти Абӯнаъим дар Ҳилятул-авлиё)

Яъне бадтарини одамҳо касе аст, ки мардум барои он, ки аз шарри ӯ дар амон монанд ва аз ҷониби вай ягон бадие набинанд, ночор ӯро эҳтиром бикунанд. Яъне, ин эҳтиром фақат ва фақат барои он аст, ки аз ноҳияи вай ягон бадӣ нарасад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.