Дидгоҳ

Назрӣ Асадзода; корманди “Академияи илмҳо” ё муздбигири “Фермаи ҷавоб”?

Назрӣ Асадзода, корманди Окодемии улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз вебсойти Родию Озодӣ.

Корбарони тоҷики шабакаи иҷтимоии Фейсбук медонанд, ки вожаи “Фермаи ҷавоб” (ё “Фабрикаи ҷавоб”) ба чӣ афроде ба кор бурда мешавад. Ин вожа барои афроде ба кор гирифта мешавад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номҳои мустаъор машғули таҳқиру дашном, дурӯғпароканӣ ва бӯҳтонбофӣ ба мухолифони сиёсии ҳукумати кунунии Тоҷикистонанд. Кучактарин интиқод ва сухан дар бораи сиёсатҳои ҳукумат, бо мавҷе аз таҳқир, дашном, носазогӯӣ ва баду бероҳ гуфтан аз сӯи ин “Ферма” рӯ ба рӯ мешавад. Калимоту алфози бисёр ракик ва дур аз одоби инсонӣ, ки ин ҷамоат дар ҷумлаҳои худ ба кор мегиранд, ниёз ба тавзеҳ надорад. Муруре кӯтоҳ ба сафаҳоти онҳо дар Фейсбук ва ё гурӯҳҳое, ки инон дурӯғҳои худро дар онҳо мепарокананд, кофист одам бифаҳмад ин тӯда аз чӣ фарҳанге бархӯрдор будаанд.

Дар ноябри соли 2018 — замоне, ки гузоришҳое ба дастамон расид мабнӣ бар ин ки бахши қобили таваҷҷӯҳе аз муздбигирони “Фермаи ҷавоб” кормандони Окодемии улуми Тоҷикистон будаанд — роқими ин сатрҳо номае саргушода (таҳти унвони “Маҷмаъи фейкҳо ё Окодемӣ”) хитоб ба раиси мӯҳтарами Окодемии улум, ҷаноби Фарҳод Раҳимӣ навишт. Дар ин нома аз ҷумла ёдовар шуда будам:

Ҷаноби Фарҳод Раҳимӣ! Агар шумо қодир ба ҷилавгирӣ аз машғул шудани кормандони таҳти амри худ ба ин амалҳои бемаънӣ набошед — ки албатта ин қобили фаҳм аст — пас, лутф кунед ва ба онҳо дастур бифармоед, ки аз ин ба баъд:

— аввалан, ба номи худашон матлаб бинависанд, на ба номҳои мустаъор;

— сониян, ёдовариашон намоед, ки муҳтавои матолибашон барозандаи унвонашон — ки номзадии илм ва корманди Окодемии улум ҳастанд — бошад, вагарна бо ин корҳои худ, асбоби обрӯрезӣ ва беэътибории ин ниҳоди илмиро фароҳам кардаанд, ки ин беэътиборӣ на танҳо домани худи онҳоро, ки домани кулли тоҷикистониёнро хоҳад гирифт;

— солисан, дастурашон бифармоед, ки ҳаргиз вориди ҳарими хусусӣ ва шахсии мухолифон ва мунтақидони ҳукумат нашаванд, ки ин кор на танҳо нишонаи аҷзу нотавонии онҳост, балки нотавонии кулли Окодемии улуми Тоҷикистонро ба намоиш хоҳад гузошт…

Умедворам, Окодемии улуми Тоҷикистон ба рисолати аслии худ бипардозад ва даст аз умуре, ки барозандаи он нест, бардорад!

Бо ин ки бароям равшан буд ҷаноби Раҳимӣ ин номаро ҷиддӣ нахоҳад гирифт ва ҳатто агар ҷиддӣ ҳам бигирад, коре аз дасташ сохта нест, аммо вазифаи шаҳрвандии худ медонистам барояш гӯшзад кунам, ки кардам.

Бо гузашти ҳудуди як солу ним аз он нома, мутаассифона ҳанӯз кормандони Окодемии улум ба ҷойи ифои нақши аслии худашон — ки таҳқиқу пажӯҳиш ва хидмат дар арсаи илму маърифат дар ҷомеа аст — машғули “ҷанги нарм” бо мухолифони сиёсии ҳукумат ва дашному таҳқири онҳо ҳастанд.

Албатта, ин нуктаро ҳам арз карда бошам, ки кормандони Окодемии улум мисли ҳар шаҳрванди дигар ҳақ доранд дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои худ сафҳа дошта бошанд ва ҷойе ҳам агар лозим диданд, вориди баҳсу гуфтугӯ шаванд ва ҳатто метавонанд алайҳи мухолифони сиёсӣ ва ҳар каси дигаре мавзеъ бигиранд ва изҳори ақида намоянд. Ҳеч кас ҳаққи манъи онҳо аз ин корро надорад. Аммо ба номи худашон, на ба номҳои мустаъор ва дурӯғин. Зеро, инсон агар ба номи худаш изҳори назар кунад — ба хусус агар дорандаи унвоне илмӣ ва корманди Окодемӣ бошад — ӯ қатъан эҳтиёт мекунад ва ба касе ҳарфи беҷо ба забон намеоварад, чун медонад масъули ҳар ҳарфу суханест, ки менависад. Аммо вақте ба номи мустаъор ворид шавад, ӯ дигар мутлақулъинон аст ва хештанро масъули ҳарфҳое, ки менависад, намебинад.

* * *

Шигифтӣ ин ҷост, ки Окодемии улум борҳо инкор кардааст, ки кормандонаш ҷузъи “Фермаи ҷавоб” бошанд. Пас аз интишори ҳамон номаи саргушода ба ҷаноби Раҳимӣ, билофосила чанд “коршинос” вокуниш нишон доданд ва дар радди матолибе, ки роқими ин сатрҳо дар он нома оварда буд, “мақолоте” дар нашрияҳои дохилии Тоҷикистон ба нашр расонданд. Аз ҷумла фарде ба номи Эҳсони Илҳом, ки худро ба унвони коршиноси умури сиёсӣ муаррифӣ карда, мақолае таҳти унвони “Кӯри Сайидюнус ислоҳпазир нест (Фейксозиҳои оппозитсияи фирорӣ)” навишта буд. Ӯ дар ин “мақола” аз ҷумла ёдовар шудааст, ки: “Вай (С.И.) андеша менамояд, ки ҳамаи ин аз ҷониби Академияи улум таҳия шуда бошанд ва маҷмӯи бахшҳои ин ниҳод ба ҷуз аз анҷом додани пажӯҳишоти илмӣ, ба “ҷанги нарм” бо мухолифин машғул буда бошанд. Аммо ин андеша комилан ғалат ва ғайримантиқист…

Аммо, хушбахтона ҳамон тавр, ки масали арабӣ мегӯяд:

مهما تبطن تظهره الأيام

Ҳар чӣ пинҳон доштӣ, рӯзгорон бармало созад.”, гоҳе аз тарафи муздбигирони “Фермаи ҷавоб” корҳое содир мешавад, ки ҳувияти воқеии онҳоро ошкор месозад.

Ду рӯз пеш, фарде ба номи “Анӯшервони Озод”, зери мақолае аз ин ҷониб таҳти унвони “Вақте куруно ҷаҳлу таъассуби моро низ рӯ мекунад”, ёддоште корид ва дар он, як силсила эроду ишколҳое, ки нисбат ба матолиби ин мақола ба назараш расидааст, бароям матраҳ сохт, то посухи онҳоро бинависам. Аз лаҳни он ёддошт комилан маълум буд ҳадафи нависанда таҳқиру истеҳзост, на ёфтани посухи пурсишҳояш. Зеро, ҷумлаҳои зерин, ба назарам, чизе ҷуз таҳқиру истеҳзо нестанд:

— “Дар мавриди ин қазоват шумо саъй кардаед, ки худро минҳайси як шахси хеле рӯшанфикру хирадманд ва ақлгаро ҷилва диҳед. Аммо мутаассифона, дар ростои ин чеҳрасозӣ натавонистаед то охири мақолаатон муваффақ бошед. Фитрати ҷибиллӣ ва машраби муллоӣ шуморо нохудогоҳ боз ба мавқеъ ва марҷаъи аслии ақидатиатон, ки ҳамоно хурофотбоварӣ ва хирадситезист, бозгардонидааст…”

— “Бо ин заъфи ақлӣ боз шумо чӣ гуна дам аз хирадмандӣ мезанед?..” ва ғайра…

Бо ин ҳама, банда ба так-таки эродҳояш посух навиштам. (Азизон метавонанд бо муроҷеа ба инҷо, бо он эродҳо ва ҷавобҳояш ошно шаванд.)

Сипас, иттифоқе рух дод, ки росташ худам ҳам ҳайратзада шудам. Зеро касе, ки то он лаҳза ба номи “Анӯшервони Озод” ёддошт мекорид, якдафъа ба номи “Назрӣ Асадзода” ба баҳсу гуфтугӯи худ идома дод. Албатта, ёддошти Асадзода чанд дақиқаи дигар пок шуд ва айни ҳамон ёддошт аз нав ба номи “Анӯшервони Озода” корида шуд.

Ва чун бароям маълум шуд мухотаби ман на “Анӯшервони Озод”, ки ҷаноби Назрӣ Асадзода будааст, хитоб ба эшон навиштам:

Ҷаноби Назрӣ Асадзода, ки корманди Окодемии улуми Тоҷикистон ҳастед, ба номи худатон нависед, чаро ба номи мустаъор (Анӯшервони Озод) сафҳа боз мекунед?! Албатта, ин ихтиёри шумост, ҳар коре ки дилатон мехоҳад, ҳамонро кунед, рабте ба ман надорад. Аммо ба назари ман, як корманди Окодемӣ шоиста аст ба номи худаш матлаб нависад ва агар ба касе эроде дорад, ба номи худаш эродҳояшро матраҳ намояд.”

(Лозим ба ёдоварист, ҷаноби Назрӣ Асадзода чеҳраи шинохташудае аст. Дар бахши муаррифии чеҳраҳо дар вебсойти Родию Озодӣ, Асадзода чунин муаррифӣ шудааст: “Корманди собиқадори соҳаи маориф аст. Ӯ дар ин соҳа, аз омӯзгори оддӣ то мудири маорифи шаҳри Ҳисор кор кардааст. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аст. Ҳамеша бо андешаҳояш таваҷҷӯҳ ҷалб мекунад. Замони ба ҳайси мудири маориф кор кардан дар ноҳияи Ҳисор пайкараи китоби панҷтонагии Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро сохт. Як соли ахир дар Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ходими илмӣ кор мекунад.”)

Сипас ҷаноби Назрӣ Асадзода – албатта ин бор ҳам ба номи “Анӯшервони Озод” – саъй кард, зоҳир шудани ёддошт ба номи ҳақиқии хешро тавҷеҳ кунад. Ӯ навишт: “Дуруст аст, ки банда ба ҳайси ҳамкори ҷавон ва низ ҳамчун як нафаре, ки дар истифодаи технологияи информатсионӣ таҷрибаи бештар дорам, гоҳе дар мавриди зарурат ба устод (Асадзода) барои ҳуруфчинии навиштаҳояшон ва пахши онҳо дар равзанаҳои интернетиашон кӯмак мерасонам, чунки он кас дар иҷрои ин корҳо мушкилӣ мекашанд ва таҷрибаву ҳавсалаи кофӣ низ дар ин самт надоранд…

Вақте хитоб ба эшон ёдовар шудам, ки “ниёзе нест ба номи мустаъор бо ин ҷониб ба баҳс бипардозед”, боз ҳам як иттифоқи аҷибу ғариби дигаре рух дод, ки аз аввалӣ таъаҷҷуббарангезтар аст. Зеро, ҷавоби эшон ин бор ба як номи дигар — яъне на ба номи “Анӯшервони Озод” ва на ба номи “Назрӣ Асадзода” – балки ба номи “Рустам Азизов” зоҳир шуд. Ҷавобе, ки дар он навишта шуда:

Дар он равзанаи фейсбукӣ ҳам бинобар сабабе, ки дар боло ба он ишора шуд, аслан бо кӯмаки банда мавод нашр карда мешавад. Аз ин буд, ки банда дар мавриди танзими он тасодуфан пайнавишти худро аз тариқи равзанаи аввал ирсол кардам…

Инки менависад, “бо кӯмаки банда мавод нашр карда мешавад”, манзураш аз “банда”, Анӯшервони Озод аст, ғофил аз ин ки дар ҳоли навиштани ин ёддошт бо номи “Рустам Азизов” аст.

Инки он масал мегуфт:

مهما تبطن تظهره الأيام

Ҳар чӣ пинҳон доштӣ, рӯзгорон бармало созад.”, намунаи боризаш ҳамин аст.

Баъд кунҷков шудам, дидам ҷаноби Асадзода, ёддоште ҳам ба номи “Рустам Азизов” зери яке аз дарсҳои рӯзонаам аз китоби “Эҳёи улуми дин” корида будааст, ба ин шарҳ:

Домулло шумо дар асоси китоби Эҳёулулуми дини Ғазолӣ мегуед ки дини ислом аслан бо фарҳангу забони миллатҳои мусулмон мушкил надошту надорад. Ва агар дар тули таърих аз тарафи арабҳо гоҳе ҳам бар асоси тафовути забониву фарҳангӣ бар миллатҳои дигар зулм шуда бошад, он айби сарлашкарону ҳокимон ва уламои давр буд. Чун шумо усули дини исломро дар ин маърузаатон дар асоси китоби Эҳёулулуми дини Ғазолӣ ироа кардед, пас бигӯед ки чаро худи Ғазолӣ бар асоси навиштаҳои худ ва фармудаҳои исломӣ амал намекард? Шумо гуфтед ки ислом бо фарҳанги миллатҳо мушкил надошт ва надорад. Пас чаро Ғазолӣ бо фарҳанги мардуми форсзабон мушкил ва ҳатто нафрат дошт? Далели ин гуфтаи ман он аст ки вай дар навиштаҳои худ рӯирост баъзе унсурҳои фарҳанги форсзабонон ва алалхусус ҷашни Наврӯзро бисёр бо нафрат ёд оварда ва маҳкум кардааст то ҳадде ки гуфтааст: БОЯД КОРЕ КАРД КИ НОМИ НАВРӮЗ АЗ ЛАВҲИ РӮЗГОР ЗУДУДА ШАВАД. Бигӯед ки чаро Ғазолӣ мутобиқи фармудаи худ ва муқаррароти исломӣ амал накардааст? Ва агар вай мутобиқи фармудаи худ ва муқаррароти исломӣ амал накарда бошад оё дуруст аст ки шумо имрӯз мардумро дар асоси фармудаҳои вай таълим медиҳед?

Дар поён боре дигар хитоб ба ҷаноби Фарҳод Раҳимӣ, раиси мӯҳтарами Окодемии улум, арз мекунам: Окодемии улум маконе муқаддас аст, лутфан ин маркази илмиро олуда насозед!

Саломат бошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.