Ҷаҳон

Омодагии Олмон барои пазириши кӯдакони паноҳҷӯи бесарпараст

Давлати Олмон омодагии худро барои интиқоли 50 кӯдаку навҷавони бесарпараст аз кампҳои Юнон ба кишвари худро эълом кард.

Дар ҳоле, ки интиқоли 1600 кӯдак ва навҷавон аз кампи паноҳандагии Муриё (Camp de Mória) воқеъ дар ҷазираи Лесбуси Юнон ва пахши онҳо миёни 10 кишвари урупоӣ бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст, Олмон дар гоми нахуст барои интиқоли 50 кӯдак эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши Deutsche Welle, бисёре аз нозирон кампи паноҳандагии Муриё воқеъ дар ҷазираи Лисбуси Юнонро “ҷаҳаннами паноҳҷӯён” лақаб додаанд; кампе бо зарфияти 3500 паноҳҷӯ, ки акнун маҳалли искони 20 ҳазор нафар шудааст.

Хатари шуюъи бемории куруно низ аз ҷумлаи масоиле аст, ки ба нигарониҳои байналмилалӣ нисбат ба вазъияти вахими ин кампи паноҳандагӣ доман задааст.

Мавзӯъ бар сари 1600 кӯдаку навҷавони бесарпарасте аст, ки дар миёни сокинони ин кампи паноҳандагӣ ба сар мебаранд. Чанд ҳафта пеш, 10 кишвари урупоӣ дар нишасти муштарак барои интиқоли ин теъдод кӯдаку навҷавони бесарпараст ибрози омодагӣ карда буданд.

Ин кишварҳо иборат буданд аз: Олмон, Фаронса, Пуртуғол, Ирланд, Фанлонд, Крувосӣ, Литвонӣ (Литва), Белжик, Луксембург ва Булғористон. Акнун гуфта мешавад, ки танҳо ду кишвари Олмон ва Луксембург боқӣ монда ва соири кишварҳо ба иллати шуюъи бемории куруно аз иҷрои ин тавофуқ шона холӣ кардаанд.

Бар ин асос, давлати Олмон имрӯз (чаҳоршанбе, 8 апрел) дар сояи тавофуқи намояндагони ҳар се ҳизби ҳозир дар эътилофи давлатӣ тасмим ба интиқоли 50 кӯдак гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки ин кӯдакон зарфи ҳафтаи оянда ба Олмон мунтақил хоҳанд шуд. Афзун бар он гуфта шудааст, ки ин кӯдакон пас аз интиқол ба Олмон, ба муддати ду ҳафта дар ҳолати қарантина хоҳанд буд ва пас аз он байни аёлатҳои мухталифи ин кишвар тавзеъ мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки Юнон ба тозагӣ дуввумин урдугоҳи паноҳҷӯён дар ин кишварро дар пайи ибтилои як шаҳрванди афғонистонӣ ба вируси куруно, қарантина кардааст. Вазорати муҳоҷирати Юнон рӯзи якшанбе эълом кард, ки фарди мубтало ба ҳамроҳи хонаводаи худ дар кампи Молокосо дар канори садҳо паноҳҷӯи дигар зиндагӣ мекунад. Ин фард ба бемористоне дар Отен (Афина) мунтақил шудааст.

Мақомҳои юнонӣ рӯзи панҷшанбеи гузашта низ кампи Ритсуно дар маркази Юнонро пас аз мусбат будани озмоиши курунои 20 нафар дар он, қарантина карданд.

Дар ҳоли ҳозир, беш аз 110 ҳазор нафар дар кампҳои паноҳҷӯён дар Юнон ба сар мебаранд, ки 40 ҳазор нафарашон дар кампҳои серодам дар ҷазоири юнонӣ мустақар ҳастанд.

То кунун беш аз як милюну 353 ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон ба ин бемории вирусӣ мубтало шуда ва наздик ба 76 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Давлати муҳофизакори Юнон дар назар дорад ҳамаи кампҳои мавҷуд дар ин ҷазоирро бо боздоштгоҳҳо ҷойгузин кунад, аммо ин тарҳ бо мухолифати мақомҳои маҳаллӣ ва сокинони ҷазоир, ки хостори барчида шудани ин урдугоҳҳо ҳастанд, рӯ ба рӯ шудааст.

Гурӯҳҳои имдодрасон зимни ҳушдор дар мавриди хатари шуюъи сареъи вируси куруно дар миёни паноҳҷӯён, хостори тахлияи ин кампҳо шудаанд.

Аз замоне, ки Туркия тавофуқи худ бо Иттиҳодияи Урупоро мавриди бетаваҷҷӯҳӣ қарор дод ва марзҳояш бо ин иттиҳодияро ба рӯи паноҳҷӯён гушуд, ҳазорон овора ва паноҳҷӯ роҳии марзи ин кишвар бо Юнон шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, навори марзии Туркия ва Юнон пайваста шоҳиди даргириҳои шадиди нерӯҳои амниятӣ ва ҳифозатии Юнон ва паноҳҷӯёнест, ки мекӯшанд ба ҳар тартиб вориди Иттиҳодияи Урупо шаванд.

Ба гузориши расонаҳои хабарӣ, нерӯҳои амниятии Юнон дар ҷараёни амалиёти худ алайҳи паноҳҷӯён аз гози ашковар ва гулӯлаҳои воқеӣ истифода мекунанд, то монеъи ҳуҷуми онҳо шаванд. Ниҳодҳо ва созмонҳои имдодӣ аз ин вазъияти вахим ибрози нигаронӣ кардаанд.

Туркия дар ҳоли ҳозир беш аз 3 милюну 600 ҳазор паноҳҷӯ аз Сурия пазируфтааст. Тибқи тавофуқи Туркия ва Иттиҳодияи Урупо, Онкори мутаъаҳҳид шуд аз идомаи сафари паноҳҷӯён аз Туркия ба Иттиҳодияи Урупо ҷилавгирӣ кунад.

Рубрики:Ҷаҳон

Помечен как:, , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.