Сиёсат

Диплумосии фаъоли Ӯзбакистон дар ин рӯзҳои сахт

Талоши Ӯзбакистон аз замони шуюъи куруно дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва равобите, ки мақомоти ин кишвар бо ҳамсоягони худ гирифтаанд, нишон аз дурустӣ ва коромад будани диплумосии ин кишвар дар замони шуюъи ин вирус дар минтақа аст.

Дар ҳоли ҳозир, муҳимтарин мавзӯъ дар ҷаҳон, вируси куруно ва даргир шудани ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба ин вирус аст. Дар ин замина кишварҳои мухталиф иқдомотеро анҷом додаанд; бархе ба дигар кишварҳо кӯмак карда ва бархе танҳо ба фикри наҷоти кишвари худ ҳастанд.

Шуюъи ин вирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ монанди дигар кишварҳои ҷаҳон оғоз шуда ва теъдоде аз ин кишварҳоро даргири худ кардааст, ҳарчанд дар ин замина бархе кишварҳо фаъолияти зиёде дошта ва бархе танҳо сукут ва фаъолиятҳоеро дар дохили кишвари худ доштаанд.

Бар ҳамин асос, дар аввали моҳи апрели соли ҷорӣ, расонаҳои Ӯзбакистон гузориш доданд, давлат дар ҳоли ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба кишвари Афғонистон барои кӯмак ҷиҳати ҷилавгирӣ аз шуюъи бемории вируси куруност.

Ӯзбакистон дар ин замина кӯмакҳои башардӯстона шомили москҳои пизишкӣ, таҷҳизоти муҳофизи шахсӣ, тасвирбардории ҳароратӣ ва ҳамчунин орд, равған, биринҷ, собун ва либос ба Афғонистон мунтақил кард.

Бо нигоҳ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва чигунагии фаъолият дар ин замина, метавон Ӯзбакистонро ба унвони кишвари фаъол дар ин замина дар минтақа баён кард.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, иртиботот ва ҳамкориҳои наздик бо кишварҳои минтақаро дар ин замони ҳассос дар барномаи худ қарор додааст.

Ба гуфтаи коршиносони минтақа, агар як нафар дар талош барои ҳамкорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дошта бошад, он фард раисиҷумҳури Ӯзбакистон аст.

Ҳамкории мустақим бо ҳамсоягон, аслитарин вежагии Мирзиёев аст ва то кунун муваффақтарин барномаи ислоҳоти вай будааст.

Ҳамон тавр ки унвон шуд, Мирзиёев барои барқарории иртибот ва ҳамоҳангӣ бо ҳамсоягони Ӯзбакистон, аз ҳеч талоше дареғ накард, ба тавре ки вай бо Қосимжоморт Токаев, раисиҷумҳури Қазоқистон, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар 18 март, Нурсултон Назарбоев, раиси Шӯрои амнияти Қазоқистон дар 20 март, Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон дар 26 март, Бердимуҳаммадов бори дигар дар 27 март ва Суронбой Ҷеенбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон низ дар 27 март телефонӣ гуфтугӯ кард.

Афзоиши иртиботот аз тарафи раисиҷумҳури Ӯзбакистон нишон медиҳад, ки Тошкант амнияти кишвари худро дар минтақа мебинад ва дар талош барои барқарории ин муҳим дар Осиёи Марказӣ аст.

Таъйиди мавориди ибтило ба вируси куруно дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз миёнаҳои моҳи март оғоз шуд. Дар Қазоқистон дар 13 март, дар Ӯзбакистон дар 15 март ва дар Қирғизистон дар 18 март ибтило ба вирус таъйид шуд, аммо Тоҷикистон ва Туркманистон то кунун ҳеч гузорише аз ибтило ба ин вирус эълом накардаанд.

Дар тарҳи диплумосии телефонии Ӯзбакистон, ғайбати комили Тоҷикистон шаккбарангез аст. Коршиносон албатта дар мавриди сукути ошкори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон матолиберо баён кардаанд. Ба гуфтаи коршиносон, бо таваҷҷӯҳ ба талоши фаровони Мирзиёев тайи чаҳор соли гузашта барои тармими равобит байни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, ин мавзӯъ ҷолиб аст, ки Раҳмон то кунун чандон рӯи хуше дар робита ба Тошканд нишон надодааст ва дар ин замина равобити ду кишвар дар сатҳи пойине қарор дорад.

Коршиносони минтақа мӯътақид ҳастанд, яке аз далоили иртибототи ками ду кишвар аз замони шуюъи вируси куруно то кунун, ба хусус адами тамос аз тарафи мақомоти Ӯзбакистон бо Тоҷикистон, ин аст, ки мақомоти тоҷик то кунун ба сурати муҳкам эълом кардаанд, ки дар ин кишвар ҳеч гуна ибтило ба вируси куруно вуҷуд надорад.

Аммо дар тамосҳое, ки раисиҷумҳури Ӯзбакистон бо ҳамтои туркмани худ гирифта дар он Бердимуҳаммадов бо қотеъият вуҷуди ҳар гуна ибтило ба вируси куруноро инкор мекунад.

Дар поён метавон ба ин нукта ишора кард, ки дар ин бурҳаи замонӣ Ӯзбакистон аз ҳеч гуна фаъолияти минтақаӣ барои маҳори вируси куруно кӯтоҳӣ накардааст.

Самандар Ҳикматуллоев, масъули матбуотии Вазорати фавқулъодаи Ҷумҳурии Ӯзбакистон низ ахиран дар баёнияи матбуотӣ бо ишора ба кӯмаки ин кишвар ба Афғонистон унвон кард: “Имрӯз ҳеч кишваре дар ҷаҳон вуҷуд надорад, ки нисбат ба сарнавишти соири кишварҳо бетафовут бошад.”

Куруновирус кулли ҷамъияти ҷаҳонро дар маърази хатар қарор додааст. Ин танҳо бо талоши муштараки ҳамаи кишварҳо қобили шикаст аст. Кӯмакҳои Ӯзбакистон ба мардуми Афғонистон намунаи боризи ин инсиҷом аст.

То замони дарҷи ин гузориш, дар Ӯзбакистон 534 нафар ба вируси куруно мубтало шуданд ва 3 маврид фавт дар ин кишвар сабт шудааст. Қазоқистон 670 маврид ва 6 маврид фавт доштааст. Қирғизистон то кунун 216 маврид сабт шудааст, ки 2 нафар фавт кардаанд.

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.