Ҷаҳон

Мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ мегӯяд таҳдид ба марг шудааст

Мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз таҳдид шудан ба марг ва тавҳинҳои нажодпарастона ба худ дар чанд вақти ахир хабар дод.

Ба навиштаи вебсойти шабакаи хабарии NBC, Тедрус Одонум (Tedros Adhanom), мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Женев, мақарри ин созмон дар Суис (Швейтсария) гуфт, ки дар ду ё се моҳи ахир таҳдид ба марг шуда ва тавҳинҳои нажодпарастона дарёфт кардааст.

Вай дар ин бора гуфт: “Беш аз ду ё се моҳе аст, ки таҳдидҳое дарёфт мекунам. Тавҳинҳои нажодпарастона ба ман медиҳанд ва маро сиёҳ ё Кокосиёҳ меноманд, аммо ман ба сиёҳ будан ифтихор мекунам. Содиқона бигӯям, аҳаммияте ба ин ҳарфҳо намедиҳам… ҳатто ба таҳдид ба марг. Аслан аҳаммияте ба ин маворид намедиҳам.”

Мудири кулли Созмон ҷаҳонии беҳдошт дар ҳоле ин суханонро баён дошт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико низ ин созмонро таҳдид ба қатъи будҷаи солиёна кардааст. Тромп рӯзи сешанбе таҳдид кард, будҷае, ки давлати Омрико дар ихтиёри Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ қарор медиҳад, қатъ хоҳад кард.

Мақомоти Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе, иттиҳомоти Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро рад ва таҳдидоти вайро нобаҷо тавсиф карданд.

Ин созмон аз замони шуюъи вируси куруно ба шиддат дар талош барои иттилоърасонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аст.

Вокуниши дабири кулли Созмони Милал ба интиқоди Тромп аз Созмони ҷаҳонии беҳдошт

Онтуниу Гутриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ба ҳамлаи лафзии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт вокуниш нишон додааст.

Гутриш бидуни ном бурдан аз Тромп гуфт, акнун вақти арзёбӣ кардани наҳваи вокуниши дунё ба ҳамагирии бемории COVID-19 нест. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бар зарурати ҳамбастагии ҷомеаи байналмилалӣ барои муқобила бо ин беморӣ таъкид кард.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Баъд аз он ки тавонистем ин эпидемиро мутаваққиф кунем, метавонем вақте ихтисос дода, ба ақиб баргардем ва баррасӣ кунем, ки ин беморӣ чӣ гуна эҷод шуд ва асароти мухаррибашро дар саросари дунё ба ҷо гузошт ва касоне, ки даргири он буданд чӣ посухе ба он доданд.”

Изҳороти Гутриш баъд аз он матраҳ шуд, ки Дунолд Тромп рӯзи сешанбе Созмони ҷаҳонии беҳдоштро ба ҷонибдорӣ аз Чин муттаҳам кард ва амалкарди ин ниҳоди байналмилалӣ дар мувоҷеҳа бо вируси куруноро ба боди интиқод гирифт.

Тромп дар як конфронси хабарии сешанбе гуфт, ки кӯмакҳои Омрико ба Созмони ҷаҳонии беҳдоштро ба ҳолати таълиқ дармеоварад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.