Машоҳир

Як рӯзноманигор ба унвони нахуствазири Ироқ интихоб шуд

Мустафо ал-Козимӣ, рӯзноманигори собиқ ва шахси камтар шинохташуда дар Ироқ, имрӯз маъмури ташкили кобина шуд.

Пас аз моҳҳо ҷанҷоли сиёсӣ, саранҷом аҳзоби сиёсии Ироқ бар сари гузинае ба номи Мустафо ал-Козимӣ барои ташкили кобинаи ҷадиди ин кишвар тавофуқ карданд.

Ба гузориши расонаҳои ироқӣ, Мустафо ал-Козимӣ, бар хилофи ду гузинаи қабл аз худ, аз ин шонс бархӯрдор аст, ки раъйи эътимоди порлумонро ба даст оварад.

Мустафо ал-Козимӣ дар соли 1967 дар Бағдод ба дунё омадааст ва лисонси ҳуқуқ дорад. Вай замоне ба унвони рӯзноманигор дар нашриёти маҳаллӣ кор мекард ва муддате низ сардабири нашрияи “Алусбуъия” буд.

Ал-Козимӣ дар замони Саддом Ҳусайн солҳо дар Ландан ба унвони паноҳҷӯи сиёсӣ зиндагӣ карда. Ӯ узви ҳеч ҳизби сиёсӣ нест. Вай дар соли 1989 ба таври ғиёбӣ аз тарафи ҳукумати Саддом ба эъдом маҳкум шуда буд.

Ал-Козимӣ пас аз бозгашт ба Ироқ дар соли 2003, бештари замони худро ба фаъолияти матбуотӣ ва нависандагӣ сипарӣ кард. Ӯ ҳамчунин Муассисаи “Аззокира”-ро барои сабти ҷиноятҳои режими Баъси Ироқ таъсис кард. Муассисаи “Алҳивор ул-инсонӣ” низ дар Бағдод ва Ландан ба мудирияти вай идора мешавад.

Дар ин солҳо ӯ ҳамчунин нақши фаъоле дар ҳалли ихтилофот миёни гурӯҳҳои сиёсӣ ва ба унвони як восита дошт, то ин ки дар соли 2016 аз сӯи Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири вақт, ба мансаби раиси Созмони амнияти миллии Ироқ интихоб шуд ва дар ин росто ҳимояти ҳизби Аддаъваро низ бо худ ба ҳамроҳ дошт. Ӯ пеш аз интихоб ба ин мансаб, чанд моҳе мушовири Созмони амнияти миллии Ироқ буд.

Ба навиштаи манобеъи ироқӣ, ӯ дар маснади риёсати Созмони амнияти миллии Ироқ низ талош кард бо ислоҳи сохтори амниятӣ ва иттилоотии Ироқ, масоили сиёсиро аз умури амниятӣ ҷудо кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.