Ҷаҳон

Муҳаққиқони олмонӣ: “Танҳо 6 дарсади мубталоёни куруно дар ҷаҳон шиносоӣ шудаанд”

Тибқи таҳқиқоти ду коршиноси олмонӣ, кишварҳои ҷаҳон танҳо ҳудуди 6 дарсад аз мизони ибтило ба вируси куруноро шиносоӣ кардаанд ва ҳаҷми воқеии ибтило дар дунё даҳҳо милюн нафар аст.

Натиҷаи таҳқиқоти ду коршиноси олмонӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми шуюъи куруно дар кишварҳои ҷаҳон бисёр бештар аз рақамҳои эъломшуда аст ва даҳҳо милюн нафар ба ин вирус мубтало шудаанд.

Ба гузориши News18 ба нақл аз Deutsche Welle, Кристин Бомер (Christian Bommer) ва Себостин Вулмер (Sebastian Vollmer) аз донишгоҳи Гутингени Олмон, баъд аз баррасии додаҳои моҳномаи “lancet infectious diseases” (Бемориҳои уфунии лонсет) дар бораи шуюъи вируси куруно дар ҷаҳон, гуфтаанд, кишварҳои ҷаҳон танҳо ҳудуди 6 дарсад аз ҳаҷми ибтило ба ин вирусро шиносоӣ кардаанд.

Ба гуфтаи ин ду коршиноси олмонӣ, рақамҳои воқеии ибтило ба вируси куруно дар ҷаҳон бисёр бештар аз рақамҳои эъломшуда аст ва ибтилои милюнҳо нафар ҳанӯз шиносоӣ нашудааст.

Ба гуфтаи онҳо, ҳамакнун даҳҳо милюн нафар дар ҷаҳон ба вируси куруно мубтало ҳастанд.

Себостин Вулмер дар ин бора гуфтааст: “Натоиҷи таҳқиқотамон ба он маъност, ки давлатҳо ва сиёсатгузорон бояд дар тафсири рақамҳо (-и расмии эъломшуда дар заминаи ҳаҷми ибтило ва фавти куруно) ба шиддат эҳтиёткор бошанд.”

Ба гуфтаи ӯ, тафовути бисёр зиёд байни рақамҳои эъломшуда дар бораи ҳаҷми ибтило ба куруно ва ҳаҷми воқеии он дар ҷаҳон, нишон медиҳад, ки додаҳои расмии кишварҳои мухталиф дар бораи ин вирус иттилооти дурусте нестанд.

Ба гуфтаи онҳо, то 31 март теъдоди тахминии мубталоён ба куруно дар Омрико беш аз 10 милюн нафар буда ва шумори мубталоён дар Испониё беш аз 5 милюн тан, дар Итолиё наздик ба 3 милюн нафар ва дар Англис ҳудуди 2 милюн мубтало будааст.

Дар бахше аз гузориши ин ду таҳлилгари олмонӣ, ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз дар бораи омори ибтило ба куруно ишора шуда ва омадааст: “Дар ҳоле, ки додаҳои Ҷонз Ҳопкинз (дар замони нигориши ин гузориш) ибтилои камтар аз як милюн нафар дар ҷаҳонро нишон медиҳад, тахмини мо ин аст, ки (мизони ибтило) чанд даҳ милюн нафар бошад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.