Ҷаҳон

Паёми мардуми Вуҳон: “Аз иштибоҳоти мо дарс бигиред!”

“Ин ваҳшат боис шуд, ки шабҳо натавонам бихобам ва ба шиддат афсурда шавам. Барои муддати тӯлонӣ натавонистам бо авзоъ созгорӣ дошта бошам. Ба ҳамин хотир, ба ҳама тавсия мекунам, ки ваҳшатзада нашаванд. Зеро то вақте ки ба тадбирҳои пешгирона пойбанд ҳастед, ҷои ҳеч нигаронӣ нест.”

Ба дунболи коҳиши омори шуюъи бемории куруно, қарантинаи чандмоҳаи шаҳри Вуҳони Чин, ки маншаи ин беморӣ буд, ба поён расид ва иртибототи ҷоддаӣ дар Вуҳон муҷаддадан барқарор шуд. Бо поёни маҳдудиятҳои тоқатфарсо дар Вуҳон, мардуми ин шаҳр таҷрибаҳои худ дар тӯли қарантинаро бо мардуми ҷаҳон ба иштирок гузоштанд ва хостори худдорӣ аз бархе иштибоҳҳое шуданд, ки дар даврони қарантина мумкин аст ба вуҷуд биёянд.

Рӯзи чаҳоршанбе давлати Чин дар иқдоме, ки нишондиҳандаи контроли бемории куруност, қарантинаи Вуҳонро поён дод. Ин шаҳри 11-милюнӣ маншаи шуюъи вирусе буд, ки ҳоло беш аз яку ним милюн нафарро олуда карда ва ҷони беш аз 84 ҳазор нафарро дар саросари ҷаҳон гирифтааст.

Мардуми Вуҳон пас аз 11 ҳафта қарантина саранҷом тавонистанд ба таври маҳдуд дар Вуҳон рафту омад кунанд. Теъдоде аз онҳо дар гуфтугӯ бо шабакаи BBC, таҷрибаҳояшон дар даврони қарантинаро бозгӯ карда ва ба бархе иштибоҳҳое, ки дар чунин давроне мумкин аст ба вуҷуд биёянд, ишора карданд.

Як духтари ҷавон аз шаҳри Вуҳон ба BBC гуфт: “Умедворам, ки ҷаҳон аз Вуҳон дарс бигирад. То дигарон маҷбур нашаванд монанди мо фидокорӣ кунанд ва иштибоҳҳои камтаре муртакиб шаванд. Мунтазир намонед, ки беморӣ ба таври густурда шуюъ пайдо кунад, то дар хонаҳоятон бимонед. Ҳар чӣ қадр зудтар дар хона бимонед, муқобила бо беморӣ беҳтар мешавад.”

Як духтари дигар гуфт: “Ҳар касе, ки дар хона бимонад, (ба муқобила бо куруно) кӯмак мекунад.”

Ба гузориши Ашшурқул-авсат, як завҷи ҷавон дар бораи иштибоҳҳояшон дар тӯли қарантина гуфтанд: “Дар тӯли ин муддати сахт, муртакиби иштибоҳҳое шудем, ки мехоҳем ба ҳама бигӯем, то аз онҳо дарс бигиранд. Иштибоҳи аввал, сӯҳбат накардан ба таври пайваста бо хонавода (падару модар ва бародарону хоҳарон) аст. Амре, ки боис шуд онҳо ба шиддат ваҳшатзада шаванд, чун мо дур аз онҳо зиндагӣ мекардем ва мехостанд аз ҳоли мо бохабар шаванд. Иштибоҳи дуввум, сукути мо баъд аз бурузи бархе ихтилофот байни мост. Ба нудрат пеш меояд, ки як завҷ барои чанд моҳ, 24 соат бо якдигар боқӣ бимонанд. Дар ин муддат камбудҳои онҳо маълум мешавад. Тавсияи мо ба ҳамаи завҷҳо ин аст: баъд аз ҳар ихтилофи назар, сокит намонед. Чун ин мушкилоти шуморо бештар мекунад.”

Як зани аҳли Вуҳон бо баёни ин ки дар ибтидо қарантина шудани Вуҳонро иқдоме зарурӣ намедонист, вале баъдан ба зарурати ин иқдом пай бурд, аз мардум хост, ки бемориро дастикам нагиранд ва дар айни ҳол, аз беморӣ ваҳшатзада нашаванд. Вай гуфт: “Ин ваҳшат боис шуд, ки шабҳо натавонам бихобам ва ба шиддат афсурда шавам. Барои муддати тӯлонӣ натавонистам бо авзоъ созгорӣ дошта бошам. Ба ҳамин хотир, ба ҳама тавсия мекунам, ки ваҳшатзада нашаванд. Зеро то вақте, ки ба тадбирҳои пешгирона пойбанд ҳастед, ҷоч ҳеч нигаронӣ нест.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.