Барномаи зиндагӣ

10 ҳикмат аз Алӣ

(1)

ربّ مفتون بحسن القول فيه

Чи басо касоне, ки бо ситоиши дигарон фиреб хӯрданд.

(2)

العلم وراثة كريمة، والآداب حلل مجدّدة، والفكر مرآة صافية

Дониш миросе гаронбаҳо, ва одоб зеварҳои ҳамеша тоза, ва андеша ойинае шаффоф аст.”

(3)

إذا أقبلت الدّنيا على أحد أعارته محاسن غيره وإذا أدبرت عنه سلبته محاسن نفسه

Чун дунё бар касе рӯй оварад, некиҳои дигаронро ба ӯ орият диҳад. Ва чун (дунё) аз ӯ рӯй баргардонад, хубиҳои ӯро низ бибарад.

(4)

خالطوا النّاس مخالطة إن متّم معها بكوا عليكم، وإن عشتم حنّوا إليكم

Бо мардум он гуна муъошират кунед, ки агар мурдед, бар шумо ашк резанд, ва агар зинда мондед, бо иштиёқ сӯйи шумо оянд.”

(5)

إذا قدرت على عدوّك فاجعل العفو عنه شكرا للقدرة عليه

Агар бар душманат даст ёфтӣ, бахшидани ӯро шукронаи пирӯзии худ қарор деҳ.”

(6)

أَعْجَزُ النّاس من عجز عن اكتساب الإخوان وأعجز منه من ضَيَّعَ مَن ظَفِرَ به منهم

Нотавонтарини мардум касе аст, ки дар дӯстёбӣ нотавон аст. Ва аз ӯ нотавонтар он касе аст, ки дӯстони худро аз даст бидиҳад.”

(7)

أَقِيلُوا ذَوِي المُرُوءَات عَثَرَاتِهِم، فما يَعْثُرُ مِنْهُم عاثِرٌ اِلاَّ وَيَدُ اللَّهِ بِيَدِهِ يَرْفَعُهَ

Аз лағзиши ҷавонмардон даргузаред, чун ҷавонмарде намелағзад магар ин ки дасти лутфи Худованд ӯро баланд мекунад.

(8)

مَن أَبْطَأَ بِهِ عَمَلُهَ لَمْ يُسْرِعْ بِه نَسضبُهُ (حسبه)

Касе, ки кирдораш ӯро ба ҷойе нарасонад, ифтихороти хонадонаш ӯро ба ҷойе нахоҳад расонд.”

(9)

مِنْ كَفّاراتِ الذُّنُوبِ العِظامِ إِغاثَةُ المَلْهوف والتَّنْفِيسُ عن المَكْروب

Аз каффораи гуноҳони бузург ин аст, ки ба фарёди мардум бирасӣ ва мусибатдидагонро ором бикунӣ.”

(10)

ما أَضْمَرَ أحَدٌ شَيْئًا اِلاّ ظَهَرَ في فَلَتاتِ (لفنات) لسانه، وصَفَحَاتِ وَجْهِهِ

Касе чизеро дар дил пинҳон накард магар он ки дар лағзишҳои забон ва ранги рухсораш ошкор хоҳад шуд.

(Наҳҷул-балоға)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.