Ваҳдати исломӣ

Вазъи ҷаҳон каме пеш аз фиристода шудани ҳазрати Муҳаммад (с)

أَرْسَلَهُ عَلَى حِينِ فَتْرَة مِنَ الرُّسُلِ، وَطُولِ هَجْعَة مِنَ الاُمَمِ، وَاعْتِزَام مِنَ الْفِتَنِ، وَانْتَشَار مِنَ الاُمُورِ، وَتَلَظٍّ مِنَ الْحُرُوبِ، والدُّنْيَا كَاسِفَةُ النُّورِ، ظَاهِرَةُ الْغُرُورِ، عَلَى حِينِ اصْفِرَار مِنْ وَرَقِهَا، وَإِيَاس مِنْ ثَمَرِهَا، وَاغْوِرَار مِنْ مَائِهَا، قَدْ دَرَسَتْ أعْلامُ الْهُدَى، وَظَهَرَتْ أَعْلاَمُ الرِّدَى، فَهِيَ مُتَجَهِّمَةٌ لأهْلِهَا، عَابِسَةٌ فِي وَجْهِ طَالِبِهَا، ثَمَرُهَا الْفِتْنَةُ، وَطَعَامُهَا الْجِيفَةُ، وَشِعَارُهَا الْخَوْفُ، وَدِثَارُهَا السَّيْفُ.فَاعْتَبِرُوا عِبَادَ اللهِ، وَاذْكُرُوا تِيكَ الَّتي آبَاؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ بِهَا مُرْتَهَنُونَ، وَعَلَيْهَا مُحَاسَبُونَ

Худованд ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ҳангоме ба паёмбарӣ барангехт, ки аз замони фиристода шудани паёмбарони пешин муддатҳо гузашта ва миллатҳо дар хоби амиқе фурӯ рафта буданд. Фитнаву фасод ҷаҳонро фаро гирифта ва аъмоли зишт ривоҷ ёфта буд. Оташи ҷанг ҳама ҷо забона мекашид ва дунё бе нур ва пур аз макру фиреб гашта буд. Баргҳои дарахти зиндагӣ ба зарди гаройида ва аз меваи он хабаре набуд. Оби ҳаёт хушкида ва нишонаҳои ҳидоят кӯҳнаву вайрон шуда буд.

Парчамҳои ҳалокату гумроҳӣ ошкор ва дунё бо қиёфаи зиште ба мардум менигарист ва бо чеҳрае гирифтаву ғамолуд бо аҳли дунё рӯ ба рӯ мегашт. Меваи дарахти дунё дар ҷоҳилият фитна ва хӯрокаш мурдор буд, дар дарунаш ваҳшату изтироб, ва бар берун, шамшерҳои ситам ҳукумат дошт.

Эй бандагони Худо! Ибрат гиред ва ҳамеша ба ёди зиндагонии падарону бародарони худ дар ҷоҳилият бошед, ки аз ин ҷаҳон рафтанд ва дар гарави аъмоли худ буда, дар баробари он муҳосиба мешаванд…

(Алӣ ибни Абӯтолиб, Наҳҷул-балоға, хутбаи 89)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.