Иқтисод

Назми ҷаҳон пас аз куруно ба ривояти Чомскӣ, Фукуёмо, Кисинҷер ва Ботлер

Шуюъи вируси куруно ва чигунагии тавоноии давлатҳо дар мубориза бо он, аз як сӯ баҳси коромадии низомҳои сиёсӣ ва аз сӯи дигар, гузор аз назми кунунӣ ба назми пасокуруноиро бар сари забонҳо андохтааст.

Аксари мутафаккирон бар ин нуктаи меҳварӣ таъкид доранд, ки дар натиҷаи шуюъи вируси куруно, мо бо назме дар оянда рӯ ба рӯ ҳастем, ки қабл аз шуюъи куруно шоҳиди он набудем.

Дар ин миён чеҳраҳои барҷастае чун Ҳенрӣ Кисинҷер аз манзари як реолист, Нуом Чомскӣ — донишманди чапгаро, Фронсис Фукуёмо — донишманди либерол, Ҷудит Ботлер — андешаманди феминист, ба баррасии назми пасокуруноӣ пардохтаанд.

Фукуёмо дар матлабе дар нашрияи Atlantic, ба баррасии навъи вокуниши низомҳои иқтидоргаро ва демукротик дар чигунагии рӯ дар рӯӣ бо вируси куруно пардохтааст. Вай мӯътақид аст, ки Чин ба унвони самбули як кишвари иқтидоргаро, дар оғоз ҷилави ҷараёни озоди иттилоотро гирифт ва ин таъхир, дар афзоиши беморӣ доман зад.

Ин мавзӯъ албатта бар асоси воқеиятҳои мавҷуд тавассути бархе кишварҳои ҷаҳон низ матраҳ шуд. Албатта Фукуёмо вазъияти давлатҳои демукротикро низ дар мувоҷеҳа бо куруно чандон матлуб намедонад ва мегӯяд: “Урупо акнун беш аз Чин бардорандаи бори ин беморӣ аст ва теъдоди куштаҳои Итолиё беш аз куштаҳои Чин аст. Ин бад-он маъност, ки бисёре аз раҳбарони демукросиҳо ба монанди Чин эҳсос карданд, ки бояд хатарҳои ин бемории ҳамагирро камтар аз он чи ҳаст бояд нишон диҳанд, то бад-ин тариқ, ҳам аз осеб ба иқтисод ҷилавгирӣ кунанд ва ҳам аз манофеъи шахсии худ ҳифозат кунанд. Ин фақат хосси раисони ҷумҳури Бразил ва Мекзик нест, балки Тромпро низ метавон ҷузъи ин даста донист, ки дар миёнаҳои март таъкид дошт, ки ин беморӣ таҳти контрол аст ва ба зудӣ аз байн хоҳад рафт.”

Аммо Фукуёмо дар баҳси шуюъи вируси куруно, ба даврони пас аз куруно мутамаркиз аст. Ба эътиқоди вай, “вақте ин беморӣ поён ёбад, тардид дорам, ки дугонасозиҳои осони демукросӣ-иқтидоргароӣ канор гузошта шавад. Баҳси ман дар инҷо ин аст, ки омили таъйинкунандаи аслӣ дар коркарди давлатҳо на навъи режими сиёсии онон, балки тавоноӣ ва зарфияти давлат, ва болотар аз ҳама, эътимоди умумӣ ба давлат аст.”

Вай тасреҳ мекунад: “Он чи либерол-демукросиро аз иқтидоргароӣ ҷудо мекунад, эҷоди мувозана байни қудрати ниҳоди давлат ва ниҳодҳои маҳдудкунанда — мисли ҳокимияти қонун ва посухгӯии демукротик – аст… Суръати амали Чин дар таҷҳизи манобеъ нишон аз бартарии системи иқтидоргароӣ дорад, аммо дар ҳоле, ки Омрико дар ибтидо кунд амал мекунад, агар суръат гирад, ҳатто аз дигарон низ тавонмандии бештаре хоҳад дошт. Метавон истидлол кард, ки чун қудрат дар Омрико ба лиҳози демукротик машрӯият дорад, дар баландмуддат нисбат ба як диктотурӣ ва иқтидоргароӣ давоми бештаре хоҳад дошт. Ҳамчунин давлати демукротик метавонад идеяҳо ва иттилоотеро аз шаҳрвандон ва ҷомеаи маданӣ бигирад, ки Чин қодир ба анҷоми он нест. Ҳамчунин системи федеролӣ ва аёлатии Омрико ба манзилаи озмоишгоҳи идеяҳо амал карда ва метавонанд зудтар даст ба кор шаванд.”

Бар ин асос, барои Фукуёмо он чи дар даврони пас аз куруно ҳоизи аҳаммият аст, масъалаи эътимоди мутақобили давлат-миллат аст. Ногуфта пайдост, ки ӯ бар он аст, ки дар низомҳои демукротик ин эътимоди мутақобил қавитар аз низомҳои иқтидоргарост. Бар ҳамин асос, Фукуёмо мегӯяд: “Ман бовар надорам, ки метавонем ба як ҷамъбандӣ ва натиҷагирии густурда дар бораи беҳтар будани диктотуриҳо ё демукросиҳо дар ҷони солим ба дар бурдан аз ин бӯҳрон бирасем. Демукросиҳое назири Куреи ҷанубӣ ва Олмон нисбатан дар мувоҷеҳа бо ин бӯҳрон муваффақ будаанд, ҳатто агар Омрико зиёд хуб амал накарда бошад… Он чи дар поён муҳим аст, на навъи режими сиёсӣ, балки эътимоди шаҳрвандон ба раҳбарон ва шоистагӣ ва коромадии давлатҳо аст.”

Бинобар ин, метавон бузургтарин таҳдид дар назми пасокуруноиро аз манзари Фукуёмо, фуқдони ин эътимод донист, ки мабнои тамоми таҳдидот хоҳад буд.

Аммо назарияпардозони мактаби реолизм ҳам дар хусуси назми пас аз куруно дидгоҳҳои худро ироа кардаанд. Дар ин миён, барҷастатарин назарияпардози ҳоли ҳозири ин мактаб, ки собиқаи кори иҷроӣ ва диплумотикро дар сатҳҳои олӣ дар корномаи худ дорад яъне Ҳенрӣ Кисинҷер, метавонад роҳгушо бошад.

Ҳенрӣ Кисинҷер, вазири умури хориҷаи пешини Омрико, дар мақолае дар нашрияи Wall Street Journal, бо ишора ба шуюъи ҷаҳонии вируси куруно ва паёмадҳои иқтисодӣ ва сиёсии ношӣ аз он навишт, ин бемории ҳамагир барои ҳамеша назми ҷаҳониро тағйир медиҳад.

Кисинҷер дар мақолаи худ овардааст: “Фазои аҷибу ғариби шуюъи COVID-19, эҳсосеро, ки ман дар замони ҷавонӣ дар ягони пиёданизоми 84 дар хилоли набарди Орден (Арденнская операция) доштам, ёдоварӣ мекунад. Монанди охирҳои соли 1944, эҳсоси хатари тамомнашуданӣ ба вуҷуд омадааст, ки ҳадафи он шахси хоссе нест, балки вайронии саросарӣ аст. Аммо тафовути муҳимме байни он замон ва давраи мо вуҷуд дорад. Дар он давра, истодагии Омрико бо пеш гирифтани як ҳадафи миллӣ тақвият шуд. Аммо акнун дар як кишвари тақсимшуда (аёлатбандишуда), барои мубориза бо чунин бӯҳроне, ба як давлати коромад ва дурандеш ниёз аст, ки бар монеъаҳои камсобиқа ғалаба кунад. Дар ин масир, ҳифзи эътимоди умумӣ барои ҳамбастагии иҷтимоӣ, иртиботи ҷомеаҳо бо якдигар ва сулҳу суботи байналмилалӣ бисёр муҳим аст.”

Ба эътиқоди Кисинҷер, ҷаҳон баъд аз вируси куруно ҳаргиз монанди қабл нахоҳад буд. Ӯ мегӯяд: “Сӯҳбату гуфтугӯ дар бораи гузашта, танҳо шароитро дар хусуси корҳое, ки бояд анҷом шавад сахттар мекунад… Ҳеч кишваре, ҳатто Омрико, наметавонад сирфан бо як талоши миллӣ бар вирус ғалаба кунад. (Мубориза) бояд дар ниҳоят бо як чашмандоз ва барномаи муштараки ҷаҳонӣ ҳамроҳ шавад. Агар натавонем ҳар ду (талоши миллӣ ва муштараки ҷаҳонӣ)-ро пушти сари ҳам анҷом диҳем, бо бадтарин шароит рӯ ба рӯ хоҳем буд.”

Аммо нусхаи пешниҳодии Кисинҷер барои муқобила бо вазъияти бӯҳронии кунунӣ нусхае аст, ки баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум Омрико барои ҷаҳон печид. Бар ҳамин асос вай мегӯяд: “Омрико бо омӯхтани дарсҳое аз тадвини барномаи “Моршол” ва пружаи “Манҳетан”, бояд дар се ҳавза талоши бузурге анҷом диҳад. Ибтидо, муқовимати ҷаҳониро нисбат ба бемориҳои уфунӣ тақвият кунад. Дуввум, талош кунем, то захмҳоеро, ки ба иқтисоди ҷаҳонӣ ворид шуда, беҳбуд бахшем. Севвум ин ки афсонаи аслии давлати мудерн шаҳре маҳсур дар ҳифозати ҳокимони қудратманди гоҳе мустабид ва гоҳе некхоҳ буд, ки ҳамвора барои ҳифозат аз мардум дар баробари як душмани хориҷӣ қавӣ аст. Мутафаккирони равшанфикр ин мафҳумро муҷаддадан бозтаъриф карда ва мегӯянд, ҳадаф аз давлати машрӯъ ироаи абзорҳои асосии мардум аст: амният, назм, рифоҳи иқтисодӣ ва адолат. Афрод наметавонанд бидуни доштани инҳо, дар амният бошанд.”

Нуом Чомскӣ, бунёнгузори забоншиносии мудерн, ки дидгоҳҳои ӯро метавон дар тайфи чап дастабандӣ кард, дар мусоҳибае, ки ахиран анҷом дода мегӯяд: “Баҳси вируси куруно ба андозаи кофӣ ҷиддӣ аст, аммо хуб аст дар назар дошта бошем, ки хатари бисёр бузургтаре дар роҳ аст. Мо ба самти фоҷеае пеш меравем, ки аз ҳар он чи дар таърихи башар рух додааст, бадтар аст вақте Дунолд Тромп ва атрофиёнаш моро ба самти партгоҳ пеш мебаранд. Дар воқеъ ду таҳдиди муҳим вуҷуд дорад. Яке, хатари фазояндаи ҷанги ҳастаӣ аст. Ва дигаре, албатта, хатари фазояндаи гармоиши замин аст. Ҳар ду таҳдидро метавон ҳаллу фасл кард, аммо фурсати зиёде намондааст.”

Ин андешаманди барҷаста мӯътақид аст, ки “куруно балои ҳавлноке аст, ки паёмадҳои ваҳшатноке хоҳад дошт, аммо авзоъ беҳбуд хоҳад ёфт, дар ҳоле ки дар бораи дигар таҳдидҳо фурсати ҷуброн вуҷуд нахоҳад дошт. Фурсат тамом мешавад. Агар мо ба онҳо расидагӣ накунем, бохтаем. Бинобар ин, хотироти кӯдакӣ дубора ба зеҳни ман меоянд, аммо аз ҷанбаи мутафовит. Хатари ҷанги ҳастаӣ, мо метавонем бо нигоҳ ба авзоъ дар ин рӯзҳо, дарёбем, ки ҷаҳон воқеан дар чӣ нуқтае аст. Ҳамон тавр ки мебинед, ҳар сол ба лаҳзаи поёни ҷаҳон наздиктар мешавем. Аз замоне, ки Тромп интихоб шуд, ақрабаи дақиқашумори ин соат, ки рӯзи поёнро нишон медиҳад, сареътар ҳаракат мекунад. Мо аз ҳамеша ба чунин лаҳзае наздиктарем.”

Ба эътиқоди Чомскӣ, се мавзӯъ матраҳ аст: яке хатари ҷанги ҳастаӣ, дигаре хатари гармоиши ҷаҳонӣ ва охирӣ рӯ ба вахомат гузоштани вазъи демукросӣ. Зеро ба эътиқоди ӯ, “демукросӣ умеди аслии мо барои ғалаба бар ин бӯҳрон аст, як мушорикати огоҳона, таъомули мардум барои таъйини сарнавишти худ. Агар ин тавр нашавад, мо маҳкум ҳастем. Агар мо сарнавиштамонро ба дасти далқакҳои ҷомеаситез (мисли Тромп) биспорем, кори мо тамом аст. Ва ин нуқта дорад наздик мешавад… Мо метавонем дар бораи уфули Омрико сӯҳбат кунем, аммо агар шумо ба ҷаҳон нигоҳ кунед, онро намебинед.”

Бар ин асос, агарчӣ барои Чомскӣ таҳдиди хатари ҷанги ҳастаӣ ва гармоиши замин ду таҳдиди вайронгар ҳастанд, аммо “таҳдиди аслӣ” мавзӯи “сиёсати ҳувият” аст. Рӯйкарди ҷомеаҳо ва кишварҳо ба ҳувиятҳои рости ифротӣ ва носиюнолизм боис мешавад афроди “ҷомеаситезе” чун Тромп — ки ба баёни Чомскӣ, як далқак аст — ба қудрат бирасанд.

Аз ин рӯ, ӯ мӯътақид аст, агар демукросӣ ба вахомат биравад, замина барои ҳаллу фасли таҳдидҳое чун ҷанги ҳастаӣ ва гармоиши замин аз байн меравад. Бар ин асос барои Чомскӣ муҳимтарин таҳдид дар назми пасокуруноӣ, таҳдиди ҳувиятӣ аст ё он чи “сиёсати ҳувият” хонда мешавад.

Ҷудит Ботлер, аз назарияпардозони баноми феминист низ дар хусуси шуюъи куруно дар Омрико ва вокуниши низоми сармоядорӣ ба он, нақдеро ба риштаи таҳрир даровардааст.

Ботлер нақди худро мутаваҷҷеҳи мавзӯи нобаробарии ҳоким бар ҷомеаҳо мекунад. Чигунагии дастрасӣ ба хадамоти беҳдоштӣ дар сатҳи умумӣ, мубориза бо фақр ва таъмини иҷтимоӣ, барои ӯ дар хусуси шуюъи куруно, мавзӯъҳои ҳоизи аҳаммият аст.

Вай мӯътақид аст, ки мо бо вирусе рӯ ба рӯ ҳастем, ки ба суръат аз марзҳо убур мекунад. Аммо ҳамаи афроди як хонавода, хонавода надоранд ва теъдоди фазояндае аз мардум дар Иёлоти Муттаҳида бехонумон буда ва ё ҳолати нопойдор доранд. Бинобар ин, хонавода ба унвони маконе барои муҳофизат шинохта мешавад, аммо ин барои бисёре аз мардум ба сахтӣ сидқ мекунад. Дар Иёлоти Муттаҳида ин суол, ки чӣ касе зиндагӣ хоҳад кард ва чӣ касе хоҳад мурд, ба назари раисиҷумҳури Омрико бастагӣ дорад, ки ба ин мавзӯъ ба унвони як мушкили иқтисодӣ нигоҳ мекунад.

Ӯ бо нақди сиёсатҳои бозормеҳвари Тромп мегӯяд: “Тромп равшан кард, ки саломати молии мардум, саломати воқеии он аст ва танҳо меъёр Wall Street аст. Дар натиҷа, бозгашт ба тиҷорат тибқи маъмул ҳатто агар ин ба маънои хатари афзоиши маргу мири ношӣ аз вирус бошад, аз назари вай қобили тавҷеҳ аст.

Нуктаи ҳоизи аҳаммият дар таҳлили Ботлер ин аст, ки ӯ мӯътақид аст ҳатто носиюнолистҳо ва ростҳои ифротии тарафдори Тромп ҳам агар ба имконоти беҳдоштӣ ва саломат дастрасии баробар надошта бошанд, масоили нажодӣ ва ҳувиятии мавриди таъкиди Тромп барои онҳо ранг хоҳад бохт.

Ботлер дар идомаи таҳлили худ, ба вазъияти бимаи саломат дар Омрико низ мепардозад ва фуқдони бимаи саломат ва таъмини иҷтимоӣ дар ин кишварро мавриди нақд қарор медиҳад. Дар воқеъ нақди Ботлер ба системи сармоядорӣ аст, ки ҳатто бимаро дар ихтиёри ниҳодҳои хусусӣ қарор медиҳад, то ҷони инсонҳо низ аз раҳгузари муҳосибаи суду зиён таъриф шавад.

* * *

Бо арзёбии дидгоҳҳои ин чаҳор мутафаккири барҷаста, ки ба ду тайфи макотиби фикрии сохторгароӣ ва пасосохторгароӣ мутаъаллиқ ҳастанд, метавон гуфт, ки Фукуёмо назми пасокуруноиро бар асоси омӯзаҳои либеролизм қобили ҳаллу фасл мебинад. Барои ӯ дағдағаи аслӣ эътимоди мутақобили давлат ва миллат аст ва дар ҳар кишваре ин эътимод бештар бошад, бақо ва тавсиъаёфтагиаш тазмини бештаре хоҳад дошт.

Барои Кисинҷер низ улгуи эҷоди режимҳои байналмилалӣ баъд аз ҷанги ҷаҳонии дуввум ва мувозинаи қудрат (меҳвари тафаккури реолистӣ) барои назми пасокуруноӣ дар авлавият қарор дорад.

Чомскӣ агарчи ҷанги ҳастаӣ ва гармоиши заминро ба унвони таҳдидоти аслӣ дар назми пасокуруноӣ мебинад, аммо таҳдиди муҳимтар назди ӯ масъалаи ҳувиятӣ ва “сиёсати ҳувият” аст, то ба қудрат расидани ҳукуматҳои “ҷомеаситез” чун Тромп мунҷар нашавад.

Ботлер низ дар назми пасокуруноӣ омӯзаҳои машраби фикрии пасосохторгароро таъйинкунанда медонад ва мӯътақид аст дар ин назм дидгоҳҳои сармоядорӣ бояд ба каноре ниҳода шавад ва бар масоиле чун баробарии иҷтимоӣ, лузуми тахсиси баробар дар заминаи беҳдошт, тамаркуз бар фақрзкдоӣ ва ғайра таъкид шавад.

Mehrnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.