Ҷаҳон

Daily Mail: Омрико пеш аз шуюъи вируси куруно, рӯи ин вирус дар Чин кор мекард – (Тасовир)

Рӯзномаи Daily Mail-и Бритониё дар гузорише навиштааст, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико рӯи пружае (проекте) барои таҳқиқот рӯи хуффошҳои ҳомили вируси куруно (COVID-19) кор мекардааст.

Бар асоси ин гузориш, “Муассисаи вирусшиносии Вуҳон” пеш аз пондемии бемории COVID-19, озмоишҳое марбут ба курунвирус рӯи хуффошҳо (кӯршапаракҳо) ва дигар пистондорон анҷом дода.

Бар асоси гузориши Daily Mail, “Муассисаи вирусшиносии Вуҳон” ин озмоишҳоро бо ҳазинаи Омрико ва дар пружае ба арзиши 3.7 милюн дулор ба анҷом расондааст.

Бар асоси ин гузориш, нақшаи женум (геном)-и вируси COVID-19 нишон медиҳад, ки ин вирус аз хуффошҳои кашфшуда дар ғорҳои воқеъ дар устони Юнани Чин нашъат гирифтааст, аммо дар ибтидо бар асоси эъломи манобеъи чинӣ, гумон мерафт, ки ин вирус дар як бозори фурӯши ҳайвоноти ваҳшӣ дар шаҳри Вуҳони Чин ба инсонҳо мунтақил шудааст.

Ин ки “Муассисаи вирусшиносии Вуҳон” бо пули Омрико ба рӯи хуффошҳои минтақаи маншаи вируси COVID-19 озмоишҳое анҷом медодааст, нигарониҳо дар бораи ин ки худи ин озмоишгоҳ ва на бозори фурӯши ҳайвоноти Вуҳон, маншаи шуюъи курунвирус будааст афзоиш дода.

Сохтмони “Муассисаи вирусшиносии Вуҳон”

Бар асоси асноде, ки нашрияи бритониёии Mail on Sunday ба онҳо даст ёфта, донишмандон дар “Муассисаи вирусшиносии Вуҳон” иқдом ба анҷоми озмоишҳое рӯи хуффошҳо ба унвони бахше аз як пружае, ки аз сӯи “Институи миллии саломати Омрико” таъмини молӣ шудааст, кардаанд.

Ин маркази омрикоӣ муҷаввизи дарёфти будҷаи давлатии Омрико барои истифодаи “Муассисаи вирусшиносии Вуҳон” дар анҷоми таҳқиқот рӯи хуффошҳоро содир кардааст.

“Институи миллии саломати Омрико” масъули пажӯҳишҳои расмӣ ва давлатӣ марбут ба беҳдошти умумӣ ва биопизишкӣ дар Омрикост.

“Муассисаи вирусшиносии Вуҳон” дар вебсойти худ ин ожонси омрикоиро ба ҳамроҳи чанд донишгоҳи дигари омрикоӣ, ба унвони шарики таҳқиқотии худ зикр кардааст.

Доншгоҳи Ҳорворд, Донишгоҳи Олобомо, Донишгоҳи Тегзоси шимолӣ ва “Федеросиюни миллии ҳаёти ваҳши Омрико” низ ба унвони дигар шарикони ин муассисаи чинӣ зикр шудаанд.

Донишмандон дар ростои тарҳи пажӯҳишии “Институи миллии саломати Омрико”, дар ин муассисаи чинӣ иқдом ба парвариши як курунвирус ва тазриқи он ба баччахукҳои 3 рӯза карданд.

Ба навиштаи Daily Mail, ифшои гузоришҳое дар бораи анҷоми таҳқиқот рӯи хуффошҳои ноқили вируси COVID-19 дар “Муассисаи вирусшиносии Вуҳон”, фарзияи эҳтимоли интиқоли ин вирус аз “Муассисаи вирусшиносии Вуҳон” ба берунро тақвият кардааст.

Бар асоси ин гузориш, мумкин аст донишмандони машғул ба кор дар ин муассиса, баъд аз он ки хуни дабардорандаи ин вирус бар рӯи онҳо пошида шуда, ба вирус олуда шуда ва сипас онро ба мардуми маҳаллӣ мунтақил карда бошанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.