Сиёсат

Интиқоли қудрат ба сабки тоҷикӣ

Пойгоҳи Polit-Asia дар таҳлиле навиштааст: Рустами Эмомалӣ, сиёсатмадори 32-сола ва писари раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон, тайи як муддати кӯтоҳ масири пешрафтро то курсии сенотурӣ дар Маҷлиси Миллии Тоҷикистон тай кард.

Дар ояндаи наздик нахустин нишасти ин маҷлис баргузор мешавад ва дар чорчӯби он, сенотурҳо, раис ва муовинони онро интихоб мекунанд. Риёсати Маҷлис метавонад комилан дар дасти Рустами Эмомалӣ қарор гирад ва вай ин бори тоқатфарсоро бо ифтихор аз дасти падар таҳвил бигирад.

Дар моҳи ноябри соли 2020 интихоботи риёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ баргузор мешавад. Бо вуҷуди он ки бар асоси тағйироти анҷомшуда дар Қонуни асосӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳаққи интихоби номаҳдуд бархӯрдор аст, аммо зоҳиран вай мехоҳад дар ин марҳила бо омодагии комил аз қудрат канор биравад.

Пас аз ин ки Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури собиқи Қазоқистон, аз симати худ истеъфо дод, Эмомалӣ Раҳмон ба унвони танҳо раисиҷумҳури баландмуддат дар тамоми Осиёи Марказӣ боқӣ монд. Вай беш аз 25 сол аст, ки риёсати ҷумҳуриро ба ӯҳда дорад.

Дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон аз чанде қабл дар мавриди талоши раисиҷумҳур барои интиқоли тадриҷии қудрат ба писари худ сухан меравад. Таъйини Рустами Эмомалӣ ба унвони сенотур, шояд бахше аз ин барнома бошад.

Чанд сол пеш дар Қонуни асосӣ тағйироти марбут ба коҳиши синн ироа шуд, ки бар асоси он, синни номзади риёсати ҷумҳурӣ набояд аз 30 сол камтар бошад.

Бо ҳадафи ин, ки Рустами Эмомалӣ мунтазири гузари замон бимонад ва ҳамчунин таҷриба касб кунад, ба унвони шаҳрдори Душанбе таъйин ва ҷойгузини Муҳаммадсаъид Убайдуллоев, яке аз ҳамкорони наздики раисиҷумҳури феълӣ шуд.

Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, раиси Маҷлиси Миллӣ дуввумин симат дар силсиламаротиби кишвар аст. Ҳамчунин дар шароити изтирорӣ вазоифи раисиҷумҳурро раиси он анҷом медиҳад.

Албатта сенориюи интиқоли қудрат ба ин сурат, дар мавриди Сафармурод Ниёзов, раисиҷумҳури Туркманистон, ки дар декабри соли 2006 вафот кард ва ҳамчунин Ислом Каримов, раисиҷумҳури Ӯзбакистон, ки дар соли 2016 мурд, таҳаққуқ наёфт.

Дар аввалин маврид Авазгелдӣ Атоев, дар Ишқобод билофосила пас аз марги “Туркманбошӣ” боздошт ва ба муддати 5 сол ба зиндон маҳкум шуд ва Неъматулло Юлдошев дар Тошканд низ аз симати худ истеъфо дод.

Раҳмон наметавонад қабул кунад, ки қудратро дар дасти як фарди бегона қарор диҳад. “Эмомалӣ Шарипович” барои ин ки онро дар дасти худ нигаҳ дорад, талоши зиёде кард.

Муҳаммадсаъид Убайдуллоев тайи муддати тӯлонӣ тавонист дар доираи наздики раисиҷумҳур боқӣ бимонад. Убайдуллоев, ин сиёсатмадори то андозае таъсиргузор, бо ин ки мисли Раҳмон аз Кӯлоб аст, аммо вай аҳли Данғара нест, балки аз Фархор аст.

Вай солҳои тӯлонӣ, агар дақиқ бигӯем, аз соли 2000, дар садри Маҷлиси Тоҷикистон қарор дорад, аммо роҳи ин ду ба далоиле аз ҳам ҷудо шуд. Муҳаммадсаъид Убайдуллоев аввал маҷбур шуд аз симати шаҳрдори Душанбе канорагирӣ ва акнун сандалии раиси Маҷлиси Миллиро низ холӣ кунад.

Лозим ба ёдоварист, пешниҳоди Убайдуллоев мабнӣ бар доимӣ кардани фаъолияти Маҷлиси Миллӣ таҳаққуқ меёбад, вале ин амр дар замони риёсати вай иҷроӣ намешавад.

Духтари бузурги Раҳмон дар ҳоли ҳозир раиси дафтари риёсати ҷумҳурӣ ва писари бузурги вай низ раиси Маҷлиси Миллӣ хоҳад буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.