Дидгоҳ

Ин гӯша аз таърих ҳам бояд намоён бошад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ин бовар дар миёни бисёреҳо, ба хусус муалллимону устодони донишгоҳу аҳли қалам, дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад, ки муқассири аслӣ дар суқути сарзаминамон ба дасти муғулҳо, руҳоният аст. Аммо оё ин бовар дуруст аст? Яъне ин эътиқод, ки муқассири аслӣ дар ин моҷаро руҳоният будааст.

Дар ин навиштор саъй мекунам андаке перомуни ин матлаб баҳс ба амал оварам. Он чӣ боис шуд ба ин баҳс бипардозам, мақолае аст, ки дирӯз дар хабаргузории “Ховар” дидам, ки нависандааш дар ҷойе аз мақолаи худ навишта: “Хурофотпарастони исломӣ, таассубгарони шиаву суннӣ якояк ба назди сипоҳсолорони Чингизи разил пинҳонӣ рафта, аз ӯ ҳалоки пайравони мазҳаби якдигарро тақозо карданд. Амали пешвоёни ду мазҳаб боиси дар як вақт боз гаштани дарвозаҳои Хоразми муҳосиршуда шуду ба тухми мусалмон қирон омад ва кулли он ҳалокшудагон тоҷикон буданд…

Лозим ба ёдоварист, марҳум Бобоҷон Ғафуров низ дар китоби “Тоҷикон”-и худ дар фасле, ки дар бораи “истилои муғул” аст, он ҷо, ки дар бораи муқовимати аҳолии Самарқанд дар баробари сипоҳиёни Чингиз сухан ба миён овардаанд, менависанд: “Ба ақидаи шоҳидони давр, ин шаҳр метавонист ба муҳосираи чандинсола тоб оварад. Рӯзи севуми муҳосира мудофиакунандагони шаҳр аз қароргоҳи худ баромада, ба душман ҳамлавар шуданд. Дар ин ҳуҷуми ногаҳонӣ дастаи сершумори аскар иштирок намуд. Онҳо як миқдор аскарони муғулро нобуд карданд. Вале худ ба иҳотаи душман афтода, ба зарбаи сахт дучор шуданд, аксари онҳо дар майдони набард ҳалок гардид. Ин ҳуҷуми бебарор ба руҳияи мудофиакунандагон таъсири ногуворе расонд. Аъёну ашроф ва руҳониёни риёкор аз ин ҳолат истифода карда, қозӣ ва шайхулисломро ба назди Чингизхон фиристоданд, то дар роҳи таслим гуфтугузор ба амал оваранд. Субҳдам онҳо хоинона дарвозаи шаҳрро ба рӯи муғулҳо кушоданд. Қӯшуни чингизӣ ба шаҳр зада даромада, ба қатли ом ва ғоратгарӣ шурӯъ намуд. Фақат хиёнаткорон ва онҳое, ки ба паноҳи муғулҳо омада буданд, ҷон ба саломат бурданд…

* * *

Он чӣ дар ин моҷаро муҳим аст бидонем ин аст, ки оё дар он даврон тамоми руҳоният ва уламои исломӣ, билоистисно, даст ба хиёнат заданд — ки мутаассифона чунон илқо мешавад — ё ин ки фақат яке ду руҳонӣ ва “шайхулислом” буданд, ки муртакиби чунин хиёнате шуданд ва заминаи вуруди ишғолгарони муғулро фароҳам карданд?

Бо камоли таассуф, китобҳои таърихӣ ва мақолаҳое, ки ба тоҷикӣ (хатти сириллик) дар ин мавзӯъ навишта шудааст, танҳо ба гӯшае аз таърихи он даврон ишора карда ва сафаҳоти дигари онро ё амдан нақл накарда (ва намекунанд) ва ё шояд (агар хушбин бошем) аз қаламашон афтодааст.

Манобеъи таърихие, ки тамоми муаррихони муосир — аз ҷумла марҳум Бобоҷон Ғафуров ва дигарон — дар нақли он мақтаъ аз таърихамон ба онҳо такя кардаанд, умдатан 9 ё 10 китобанд, ки муҳимтарини онҳо иборатанд аз:

— Таърихи Ҷаҳонгушо, таълифи Атомалики Ҷувайнӣ;

— Ҷомеъут-таворих, таълифи Хоҷа Рашидуддин Фазлуллоҳ;

— Таърихи гузида, таълифи Ҳамдуллоҳи Муставфӣ;

— Низомут-таворих, таълифи Носируддин Байзовӣ;

— Таърихи Банокатӣ, таълифи Абӯсулаймон Банокатӣ;

— Табақоти Носирӣ, таълифи Минҳоҷуддин Сироҷи Ҷузҷонӣ;

— Равзатус-сафо, Мир Муҳаммад Сайид Бурҳонуддин Хоншоҳ (Мирхонд);

— Ҳабибус-сияр, таълифи Ғиёсуддин Хондамир.

— Алкомил фит-таърих, таълифи Ибни Асир… ва чанд китоби дигар.

Бале, он чӣ марҳум Бобоҷон Ғафуров аз рафтани қозӣ ва шайхулисломи шаҳр ба назди Чингиз мегӯянд, Ҷувайнӣ дар таърихаш нақл карда. Ва он чӣ ҳам, ки нависандаи мақола дар хабаргузории “Ховар” ба он ишора карда, Ибни Асир (ва дигарон низ) дар таърихашон овардаанд. (Албатта на ба ин сурат, ки ӯ навишта, балки ба шакле дигар).

Аммо суоли асосӣ ин аст, ки барои қазоват ва доварӣ кардан дар хусуси нақши руҳоният ва уламои исломӣ дар он даврон, оё истинод фақат ба ҳамин ду моҷаро кофист? Қатъан на.

Хушбахтона, дар ҳамин манобеъ, ки дар боло зикрашон рафт, бо ҳақоиқе дар хусуси нақши руҳоният ва уламои исломӣ дар он даврон рӯ ба рӯ мешавем, ки ин яке ду хиёнат, дар баробари онҳо нонамоён мегарданд. Вале ба чӣ далел бошад, ки ба онҳо таваҷҷӯҳ намешавад.

Дар инҷо, ба унвони намуна, танҳо ба яке дуи онҳо ишора мекунам:

1) Хондамир дар “Ҳабибус-сияр” (3/35-36) дар бораи Шайх Наҷмуддини Кубро, орифи машҳур ва поягузори тариқаи Кубравия, менависад: “Ба ҳангоми муҳосираи шаҳри Ҷурҷония ба тавассути Ҷучӣ, фарзанди аршади Хон (Чингиз), чун муғулон медонистанд, ки вай сокини шаҳр аст, дастур доданд Шайх бо хонаводааш хориҷ шаванд, то пас аз судури фармони қатли омм, газанде ба онон нарасад. Шайх на танҳо ин даъватро напазируфт, балки зуд лаббодаи (ҷомаи) пашминаро канор гузошт ва либоси разм пӯшид ва ба ҳамроҳи мардуми шаҳр он қадр ҷангид, то кушта шуд…

Ҳалабӣ (с.140-141) дар бораи шаҳодати Шайх Наҷмуддини Кубро менависад: “Гӯянд, ки Шайх Наҷмуддин дар вақти шаҳодат, парчам (мӯйи кокул)-и муғулеро гирифта буд ва пас аз он, ки аз по дарафтод, даҳ кас натавонистанд он кофирро аз дасташ халос созанд ва оқибат кокули кофирро буриданд…

2) Ибни Асир дар “Алкомил” (10/405) менависад: “Дар Бухоро фақеҳи олиқадр Имом Рукнуддин Имомзода ва фарзандаш, ва ҳамчунин Садруддинхон, қозии шаҳр, ҳамроҳ бо соири мардум то охирин нафас ҷангиданд ва ба қатл расиданд…” Ва ҳамчунин менависад: “Дар Ҳамадон фақеҳи шаҳр дар арсаи набард бо душман ҷон дод…”

3) Ҷузҷонӣ дар “Табақоти Носирӣ” (2/123-125) воқеаеро аз забони Қозӣ Ваҳидуддин Пушанчӣ, ки аз уламои машҳури Хуросон буд, нақл мекунад, ки ӯ чӣ гуна меҷангида (“Ман дар ҳодисаи шаҳри Ҳирот будам. Ҳар рӯз бар мувофиқати ғозиён (муҷоҳидон) силоҳ мепӯшидаме…”) ва ин ки чӣ гуна ба асорат меафтад ва ӯро ба назди Чингиз мебаранд ва вақте Чингиз мефаҳмад ӯ як донишманд аст, аз ӯ мепурсад: “Аз мани қавӣ номе боқӣ хоҳад монд дар гетӣ?”, ва Қозӣ ҷавоб медиҳад: “Ном ҷойе боқӣ монад, ки халқ бошад. Чун бандагони (сипоҳиёни) Хон халоиқро бикушанд, ном чӣ гуна боқӣ монад?”, ва ҳамин ки ин ҷумла ба гӯши Чингиз мерасад, қасди ҷони ӯро мекунад, аммо ӯ аз дасти ӯ наҷот пайдо мекунад.

Гузашта аз инҳо, ҳамин ки бунёнгузори ҷунбиши муқовимат алайҳи муғул (ҷунбиши Сарбадорон), як руҳонӣ аст, худ кофист, то бидонем нақши руҳоният дар он даврон чӣ гуна будааст. Поягузори наҳзати Сарбадорон Шайх Халифаи Мозандаронӣ, як руҳонӣ аст. Дар бораи ӯ навиштаанд: “Шайх Халифа марде покизаи рӯзгор буд аз аҳолии Мозандарон, ки чандеро дар назди Шайх Зоҳиди Омулӣ, ки аз ақтоби Мозандарон ба шумор мерафт, таламмуз ва шогирдӣ кард…”

Ба ҳамин андоза басанда мекунам, ҳарчанд лозим аст дар бораи ин мавзӯъ бештар баҳс ба амал ояд.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.