Ақоиди исломӣ

Чӣ гуна Худоро биёбем?!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Агар касе Худоро инкор мекунад, ӯ дар воқеъ Худоро инкор накардааст, балки он чӣ ӯ инкор мекунад, “Худое” аст, ки ё зеҳни худаш онро сохта ва ё аз ҷойе вориди зеҳни ӯ шуда, масалан аз забони мардуми диндор, ва ба фармудаи Имом Боқир:

كُلُّ مَا مَيَّزْتُمُوهُ بِأَوْهَامِكُمْ فِي‌ أَدَقِّ مَعَانِيهِ، مَخْلُوقٌ مَصْنُوعٌ مِثْلُكُمْ، مَرْدُودٌ إلَيْكُمْ، وَلَعَلَّ النَّمْلَ الصِّغَارَ تَتَوَهَّمُ أَنَّ لِلَّهِ تَعَالَي‌ زُبَانَيَيْنِ

(Дар робита бо зоти Худованд) шумо ҳар маъноеро, ки дар зеҳни худ бо диққат ва латофати фаровон тасаввур кунед, ниҳоятан ин мафҳум махлуқе монанди шумо ва сохтаи зеҳни шумост. Шояд мӯрчаҳои рез тасаввурашон ин бошад, ки Худованд монанди худи онҳо ду шохак дорад.”

Бале, он чӣ ӯ мункири он аст, чизест, ки зеҳнаш сохта. Вагарна, инкори Худо маҳол аст.

Аз ин рӯй аст, ки касоне, ки ба Худо аз рӯйи тақлид бовар пайдо кардаанд (тақлиди обо ва аҷдод, тақлиди муҳит ва ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунад ва ҳатто тақлиди кӯр-кӯронаи адабиёти динӣ), ин бовар бо кучактарин шубҳа мутазалзил мешавад.

Одам Худоро бояд худаш биёбад, ки ёфтанаш саҳлу осон аст. Худо дар умқи замири одамӣ, дар виҷдони ӯ, дар фитрати ӯ ҳаст. Тамоми мавҷудот ва махлуқот ва куллан ҷаҳони офариниш мегӯянд, мо Худое дорем! Бо камтарин таваҷҷӯҳ, инсон Худоро меёбад.

Як таҷриба кунед. Яъне як бор зеҳни худро аз ҳама чиз (ҳатто аз додаҳо ва маорифи динӣ) холӣ кунед, холии холӣ кунед, сипас рӯй ба ҷаҳони пиромуни худ оваред. Масалан, ба модагурбае таваҷҷӯҳ кунед, ки тоза, ҳамин ҳоло, бачча зоида. Бибинед, ин ҳайвони забонбаста чӣ гуна мувозиби баччаҳояш аст! То замоне, ки баччаҳояш рӯйи пойи худ биистанд, мисли гавҳари чашм аз онҳо ҳифозат ва мувозибат мекунад ва намегузорад, ба онҳо осебе бирасад. Ин як мисол аст. Вагарна, метавонед ба тамоми олами ҳастӣ ва ба так-таки мавҷудот ва офаридаҳо таваҷҷӯҳ ва диққат намоед.

Хуб, сипас дар ҳамин гурба ва мувозибати ӯ аз баччаҳояш, ва ё масалан ба кору талоши як занбӯри асал, ки чӣ гуна ва бо чӣ диққат корҳояшро анҷом медиҳад ва асале мусаффо ба бор меоварад, таъаммул кунед, ки оё имкон дорад, ҷаҳони ҳастӣ бо ин ҳама тартиботу интизомоти дақиқ, ҳодӣ ва роҳнамое надошта бошад?! Кист, ки дар вуҷуди ин занбӯри асал ғаризаи кору талошро ба вадиъа ниҳода?! Кист, ки дар вуҷуди ин гурбаи забонбаста ғаризаи меҳру утуфати модарӣ ниҳода?!

Ин ҷоҳост, ки инсон худаш аз дарун меёбад ва забони ҳолаш ин мешавад, ки:

Ҷаҳонро соҳибе бошад Худо ном!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.