Ҷаҳон

Вокуниши мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба қатъи кӯмаки Омрико

Мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи чаҳоршанбе (15 апрел) ба иқдоми давлати Омрико дар қатъи ҳимояти молӣ аз ин ниҳоди байналмилалӣ вокуниш нишон дод.

Мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи чаҳоршанбе аз иқдоми Омрико дар қатъи ҳимояти молии ин кишвар ибрози таассуф кард.

Тедрус Одонум (Tedros Adhanom), мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт: “Аз тасмими раисиҷумҳури Омрико барои мутаваққиф кардани ҳимояти молӣ аз ин созмон мутаассифем.”

Вай алорағми ин, изофа кард Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо шарикони худ барои ҷуброни шикофҳои будҷаии худ ва идомаи фаъолиятҳояш ҳамкорӣ мекунад.

Раисиҷумҳури Омрико рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, кӯмакҳои молии Омрико ба Созмони ҷаҳонии беҳдоштро мутаваққиф кардааст.

Дунолд Тромп, ки ба шиддат дар Омрико бобати наҳваи мудирияташ дар хусуси шуюъи вируси куруно мавриди интиқод қарор гирифтааст, дар рӯзҳои гузашта Созмони беҳдошти ҷаҳониро ҳадафи ҳамалоти лафзӣ қарор додааст.

Раисиҷумҳури Омрико чандин бор тайи рӯзҳои гузашта Созмони беҳдошти ҷаҳониро ба ҷонибдорӣ аз Чин ва талош барои пинҳон кардани иттилоот дар хусуси шуюъи куруно муттаҳам кардааст.

Тромп дар баёнияе Созмони ҷаҳонии беҳдоштро ба “суимудирият ва пинҳонкорӣ” дар бӯҳрони ношӣ аз шуюъи куруно муттаҳам кард.

Тромп гуфт: “Ин беморӣ метавонист аз ҳамон оғоз маҳор шавад.” Ӯ ҳамчунин иддао кард Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, “иттилооти нодурусти Чин” дар бораи ин вирусро тарвиҷ кардааст.

Тромп дар як конфронси хабарӣ дар Кохи сафед ҳамчунин гуфт: “Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар амал ба вазоифи худ шикаст хӯрда ва бояд посухгӯ шавад.”

Тасмими давлати Омрико бо мавҷи густурдае аз маҳкумиятҳо дар дунё мувоҷеҳ шуда ва аксари кишварҳо аз он интиқод кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.