Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон

Куруно, Фукуёмо ва таърихе, ки поён надорад

Фронсис Фукуёмо, назарияпардози саршиноси улуми сиёсӣ

Ҳар бор, ки рӯйдоди бузурге (мисли шуюъи бемории куруно) рух медиҳад, бархе андешамандон ин суоли фалсафиро матраҳ мекунанд, ки оё аробаи таърих дубора ба ҳаракат даромадааст? Эътиқод ба рӯйдодҳои бузург ба унвони мутури муҳаррики таърих, зербинои фикрии ин суол аст. Аз дидгоҳи ин андешамандон, таърих дар замоне, ки оромиш барқарор аст, мутаваққиф мешавад ё ба кундӣ ҳаракат мекунад. Дар натиҷа, рӯйдодҳои бузург, ба унвони нерӯи пешбарандаи аробаи таърих амал мекунанд. Бархе дигар, поро аз ин фаротар гузошта ва ин дидгоҳро матраҳ карданд, ки дигар ҳеч рӯйдоди бузурге наметавонад таърихро ба ҳаракат дароварад. Зеро аз асос таърих ба поён расидааст. Фронсис Фукуёмо (Francis Fukuyama), файласуфи саршиноси сиёсӣ, аз ҷумлаи ин мутафаккирон аст, ки ҳоло куруно дидгоҳҳои собиқи ӯро ба чолиш кашидааст.

Вируси куруно маъруф ба COVID-19 ҳанӯз дар саросари ҷаҳон тохтутоз мекунад ва ҳар рӯз ҷони инсонҳои бештареро мегирад. Теъдоди мубталоён ба ин беморӣ аз ду милюн нафар дар кулли ҷаҳон убур карда, ки аз ин теъдод беш аз 126 ҳазор нафар ҷонашонро аз даст додаанд. Ҳамчунин, куруно хасоратҳои иқтисодии ҳангуфте ба бисёре аз кишварҳо таҳмил карда ва мекунад. Амре, ки ба гуфтаи бисёре аз соҳибназарон, ба тағйири назми ҷаҳонӣ мунҷар хоҳад шуд. Аммо дар канори хасоратҳои моддӣ, куруно тағйироти бузурге дар сабки зиндагӣ ва афкори мардум эҷод кардааст. Бархе назариёте, ки дар гузаштаи начандон дур мусаллам ва бадеҳӣ ба назар мерасиданд, ҳоло дигар ба шиддат зери суол рафтаанд. Назарияи “поёни таърих”-и Фронсис Фукуёмо, ки аз қабл бо чолишҳои зиёде мувоҷеҳ буд, аз ҷумлаи ин назариёт аст.

Фукуёмо дар соли 1992 бо навиштани китобе таҳти унвони “Поёни таърих ва инсони вопасин”, назарияи маъруфи худ дар бораи пирӯзии ниҳоии либерол-демукросии ғарбиро матраҳ кард. Ӯ дар ин китоб эълом кард, ки бо боло рафтани шеваи ҳукмронии либерол демукросии ғарбӣ баъд аз поёни ҷанги сард ва фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, таърихи башар мутаваққиф шуд. Фукуёмо дар ин назария мӯътақид аст, ки зуҳури либерол-демукросии ғарбӣ ба маънои поёни таҳаввули идеулужикии башар ва ҷаҳонисозии либерол-демукросии ғарбӣ ба унвони шакли ниҳоии ҳукмронии башар аст.

Аммо дар солҳои ахир, ҳамзамон бо болоравии ҷараёнҳои сиёсии ростгаро дар Урупо ва Омрико, зарбаҳои саҳмгине ба пайкари назарияи Фукуёмо ворид шуд ба наҳве, ки вайро ба таҷдиди назар дар он водор кард. Фукуёмо дар соли 2018 китобе таҳти унвони “Ҳувият” навишт ва барҷаста шудани ҷунбишҳои сиёсии ҳувиятгароро таҳдиде барои низоми либерол-демукросӣ дар ҷаҳон донист. Афзун бар ин, Фукуёмо дар мухолифат бо ин гуна ҷунбишҳо, мақолае дар нашрияи Foreign Affairs навишт ва аз “бӯҳрони демукросӣ” дар Ғарб сухан гуфт.

Зарбаҳои куруно ба назарияи Фукуёмо

Дар идомаи зарбаҳо ба назарияи Фукуёмо, куруно шуюъ пайдо кард ва ин назарияро беш аз пеш зери суол бурд. Шуюъи ин беморӣ интиқодоти бисёреро мутаваҷҷеҳи назарияи Фукуёмо кард. Зеро ки аз дидгоҳи мунтақидон, либерол-демукросии ғарбӣ, ки аз дидгоҳи Фукуёмо беҳтарин дастоварди башар дар ҳавзаи ҳукмронӣ буд, натавонист ҷилави шуюъи куруноро бигирад. Ин дар ҳолест, ки бархе кишварҳои ғайри демукротик ва иқтидоргаро амалкарди беҳтаре дар муқобилаи куруно нишон доданд. Ғарбиҳо ҳатто дар маҳори куруно ҳам аз кишварҳои ғайри демукротик ақиб афтоданд.

Мунтақидон умуман ба таҷрибаи Чин дар муқоиса бо кишварҳое назири Итолиё ва Омрико ишора мекунанд. Онон мӯътақиданд, ки Чин ба наҳви муассир ва сареъе тавонист як шаҳри бисёр пурҷамъият мисли Вуҳонро қарантина ва дар як муддати нисбатан маҳдуд, куруноро дар он решакан кунад. Як далели муҳимми ин муваффақият, ба нақши пурранги давлат дар идора кардани ҷомеа бозмегардад. Дар Омрико, ки давлат нақши чандоне дар иқтисод надорад, тасмимгирии сареъу қотеъ барои муқобила бо куруно душвортар буд. Вақте куруно шуюъ пайдо кард, боз ҳам давлат ба далели адами дахолат дар бахши хусусӣ натавонист таҷҳизоти лозимро барои муқобила бо куруно таҳия кунад. Давлати Дунолд Тромп аз тариқи фаъолсозии қонуни тавлиди дифоӣ, баъзе ширкатҳои бузурги санъатиро ба тавлиди дастгоҳҳои танаффуси маснуъӣ тарғиб кард. Аз дидгоҳи мунтақидони назарияи Фукуёмо, агар давлати Омрико ширкатҳои давлатии бузурге дар ихтиёр дошт, бидуни талаф кардани вақт барои тавлиди чунин дастгоҳҳое иқдом мекард. Дар ҳоле, ки дар либерол-демукросӣ бар адами дахолати давлат дар иқтисод таъкид мешавад, куруно нишон дод, ки гоҳе дахолати давлат дар мудирияти ҷомеа зарурӣ аст. Масалан, дар моҷарои тавлиди воксан барои куруно, давлат мумкин аст маҷбур шавад дар ин амр дахолат кунад. Зеро ки ширкатҳои хусусӣ мумкин аст ба хотири муҳосиботи марбут ба ҳазина-фоида, аз тавлиди воксан худдорӣ кунанд.

Вақте воксани куруно тавлид шавад, пояи дигаре аз пояҳои назарияи Фукуёмо мумкин аст фурӯ резад. Зеро ки тазриқи воксан ба афрод иҷборӣ хоҳад буд, чун бемории куруно дигар фақат як масъалаи фардӣ нест, балки ба саломати кулли ҷомеа марбут мешавад. Инҷо мақулаи озодиҳои фардӣ, ки яке аз сутунҳои назарияи “поёни таърих” аст, зери суол меравад.

Ин мулоҳизот боис шуда бархе маҳофили расонаӣ аз Фукуёмо бихоҳанд, ки бори дигар дар назарияи худ таҷдиди назар кунад. Дар ҳамин робита, рӯзномаи Алараб (чопи Ландан) навишт: “Баъд аз ин ки тӯфони куруно мусалламоти китоби аввали Фукуёмо (“Поёни таърих”)-ро бо худ бурд, бори дигар аз Фукуёмо хоста мешавад, ки дар ин мусалламот таҷдиди назар кунад. Зеро ки ҷаҳон дар остонаи вуруд ба низомҳои мутаноқизе аст. Низомҳое, ки мумкин аст баъзе аз аркони мавриди назари Фукуёморо мунҳадим кунанд ва ӯро маҷбур кунанд, ки дар ҳимояти пуршӯр аз либеролизми бидуни чорчӯбҳои сахти фардӣ ва ҷамъӣ каме таъаммул кунад.”

Аз сӯи дигар, бархе хостори дирангу таъаммули бештар, қабл аз ҳар гуна қазоват дар мавриди назарияи Фукуёмо, ҳастанд. Зеро ки ба эътиқоди ин гурӯҳ, ҳамаи кишварҳои ғайри демукротик натавонистаанд монанди Чин дар муқобила бо куруно муваффақ шаванд. Чӣ басо баъзе кишварҳои иқтидоргаро аз кишварҳои ғарбӣ ҳам амалкарди бадтаре дар мубориза бо вируси куруно доранд. Аз ин рӯ, бояд сабр кард ва дид, ки оё куруно аробаи таърихро ба ҳаракат дармеоварад ё на, ва агар ба ҳаракат дармеоварад, оё ин ароба назарияи “поёни таърих”-ро леҳ хоҳад кард ё аз канори он рад хоҳад шуд?

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.