Барномаи зиндагӣ

Рози саломати бадани мусалмонони садри ислом

Саъдӣ дар “Гулистон” ҳикоятеро нақл мекунад, ки дар замони Расули Акрам (с) пизишке ба Мадина омад барои муолиҷаи беморон. Аммо бо шигифтӣ мушоҳида кард, ки мардуми Мадина камтар ба ӯ муроҷеа мекунанд. Назди ҳазрати Паёмбар (с) рафт ва изҳори шигифтӣ кард, ки касе назди ман намеояд, то ӯро муолиҷа кунам?!

Ҳазраташ фармуд, мусалмононро дар хӯрдану ошомидан роҳу равиш ин аст, ки то иштиҳо пайдо нашавад намехӯранд, ва ҳамчунин ҳанӯз, ки иштиҳо боқист, даст аз таъом бармедоранд. Он пизишк гуфт, ин аст розу рамзи саломатӣ ва тандурустӣ.

Матни “Гулистон” бад-ин сурат аст:

Яке аз мулуки аҷам табибе ҳозиқ ба хидмати Муҳаммад — пайғамбар фиристод. Соле дар диёри араб буд ва касе таҷриба пеши ӯ наёвард ва муолиҷа аз вай дарнахост. Пеши Пайғамбар омад ва гила кард, ки маро барои муолиҷаи асҳоб фиристодаанд ва дар ин муддат касе илтифоте накард, то дар хидмате, ки бар банда муайян аст, ба ҷой оварад.

Расул фармуд:

— Ин тоифаро тариқест, ки то иштиҳо ғолиб нашавад нахӯранд ва ҳанӯз иштиҳо боқӣ бувад, ки даст аз таом бидоранд.

Ҳаким гуфт:

— Ин аст мӯҷиби тандурустӣ.

Замин бибӯсиду бирафт.”

* * *

Ин равиш ва ин тариқ дар Қуръон бо як ҷумла баён шуда:

وَكُلُوا وَاشْرَبُوا وَلَا تُسْرِفُوا

Бихӯред ва биёшомед ва (дар хӯрдан ва ошомидан) зиёдаравӣ макунед!” (Сураи Аъроф, ояти 31)

Ҳорунаррашид, халифаи аббосӣ, як пизишки шахсӣ дошт, ки масеҳӣ буд. Ин пизишк рӯзе ба яке аз донишмандони исломӣ гуфт:

— Дар Қуръони шумо чизе аз дониши пизишкӣ вуҷуд надорад, дар ҳоле, ки дониш бар ду қисм аст: дониши дин ва дониши бадан.

Он олим ба ӯ гуфт:

— Худованд тамоми дониши тибро дар нисфи як ояти Қуръон ҷамъ фармуда:

وَكُلُوا وَاشْرَبُوا وَلَا تُسْرِفُوا

Он пизишки масеҳӣ гуфт:

— Қуръон ва паёмбари шумо барои Ҷолинус чизе боқӣ нагузоштааст. (Маҷмаул-баён)

Ҳазрати Алӣ (а) ба фарзандаш Имом Ҳасан фармудааст:

یا بنی! الا اعلمک اربع خصال تستغنی بها عن الطب؟ فقال: بلی، یا امیر المؤمنین! فقال: لا تجلس علی الطعام الا وانت جائع، ولا تقم عن الطعام الا وانت تشتیهه، وجود المضغ، واذا نمت فاعرض نفسک علی الخلاء، فاذا استعملت هذا، استغنیت عن الطب

Фарзандам! Ба ту чаҳор хислатро биёмӯзам, то аз муроҷеа ба пизишк бениёз шавӣ?

Арз кард: бале, эй Амири мӯъминон!

Ҳазраташ фармуд: то гурусна нашудаӣ, бар сари суфраи ғизо нанишин.

То ҳанӯз ба ғизо майл дорӣ, даст аз ғизо хӯрдан бардор.

Ва дар ҷавидани ғизо бисёр кӯшиш кун!

Ва чун хостӣ бихобӣ, барои қазои ҳоҷат ба дастшӯӣ бирав ва идрор кун.

Агар ин дастуруламалҳоро анҷом диҳӣ, ҳамвора аз неъмати саломатӣ ва тандурустӣ бархӯрдор хоҳӣ буд ва камтар ба пизишк муроҷеа хоҳӣ кард.”

Саломату тандуруст бошед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.