Барномаи зиндагӣ

Чаҳор ҳадиси набавӣ

Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

يهرم ابن آدم ويشب منه اثنان: الحرص على المال، والحرص على العمر

Одамизода ҳар чӣ ба самти пирӣ меравад, ду хислат дар ӯ ҷавон мегардад: яке, ҳирси фаровон бар молу маноли дунё, ва дигар ҳирс бар тӯлонии умр.” Яъне мехоҳад, бештар умр бибинад.

Саъдӣ мегӯяд:

Гуфт: Чашми танги дунёдӯстро

Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр.

Мавлавӣ фармояд:

Кӯзаи чашми ҳарисон пур нашуд,

То садаф қонеъ нашуд, пурдур нашуд.

* * *

Чӣ касоне пасттар аз сускҳо (тараканҳо) ҳастанд?

Дар ривояте аз ҳазрати Паёмбари Акрам (с) касоне, ки ба обо ва аҷдод ва ба нажоди худ ифтихор мекунанд, пасттар аз сускҳое, ки касофату чиркиниро бо биниҳои худ ҳамл мекунанд муаррифӣ шудаанд:

إِنَّ اللَّهَ عَزَّ وَجَلَّ قَدْ أَذْهَبَ عَنْكُمْ عُبِّيَّةَ الْجَاهِلِيَّةِ وَفَخْرَهَا بِالْآبَاءِ مُؤْمِنٌ تَقِيٌّ وَفَاجِرٌ شَقِيٌّ أَنْتُمْ بَنُو آدَمَ وَآدَمُ مِنْ تُرَابٍ لَيَدَعَنَّ رِجَالٌ فَخْرَهُمْ بِأَقْوَامٍ إِنَّمَا هُمْ فَحْمٌ مِنْ فَحْمِ جَهَنَّمَ أَوْ لَيَكُونُنَّ أَهْوَنَ عَلَى اللَّهِ مِنْ الْجِعْلَانِ الَّتِي تَدْفَعُ بِأَنْفِهَا النَّتِنَ

Ба дурустӣ, Худованди Мутаъол домани шуморо (эй мӯъминон!) аз тафохури ҷоҳилият ба обо ва аҷдод дур карда. (Инсон) ё мӯъмини паҳезкор аст ё фоҷири бадбахт. Шумо фарзандони Одам ҳастед ва Одам аз хок офарида шуда. Пас, мардон тафохур ба қавму нажоди худро раҳо кунанд, ва бидонанд, ки он мояҳои ифтихор, ҷуз зуғоли ҷаҳаннам нестанд. Ва агар онон даст аз ин кор накашанд, назди Худо аз сускҳое, ки касофатро бо бинии худ ҳамл мекунанд, пасттар хоҳанд буд.”

(Сунани Абӯдовуд, 4/492, Ашшомила)

* * *

Чӣ чиз боиси вуруд ба биҳишт мегардад?!

Паёмбар Акрам (с) фармоянд:

يا أيها الناس: أفشوا السلام، وأطعموا الطعام، وصِلُوا الأرحام، وصلّوا بالليل والناس نيام، تدخلوا الجنة بسلام

Эй мардум!

1. Ба якдигар салом диҳед (ва бо садои баланд);

2. Ба мардум таъом диҳед ва шикамҳои гуруснаро сер кунед;

3. Дар пайванд бо хешовандони худ бикӯшед (силаи раҳм);

4. Ҳангоме ки мардум (наздикон ва зану баччаи шумо) дар хобанд, шумо аз хоб бархезед ва намози шаб бихонед.

Ин чанд дастури ахлоқиро агар анҷом диҳед, бо саломатӣ ва лутфи Худованди Мутаъол дохили биҳишт хоҳед шуд”.

(Ривояти Тирмизӣ, Аҳмад ва Ҳоким)

* * *

Панҷ чизи муҳим

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармудаанд:

اغْتَنِمْ خَمْسًا قَبْلَ خَمْسٍ: شَبَابَكَ قَبْلَ هَرَمِكَ، وَصِحَّتَكَ قَبْلَ سَقَمِكَ، وَغِنَاكَ قَبْلَ فَقْرِكَ، وَفَرَاغَكَ قَبْلَ شُغُلِكَ، وَحَيَاتَكَ قَبْلَ مَوْتِكَ

Панҷ неъматро қадр бинеҳ:

1. Ҷавониро қабл аз фаро расидани даврони пирӣ;

2. Саломатиро қабл аз рӯй овардани бемориҳо;

3. Молу сарватро (агар дошта бошӣ) қабл аз ин ки тиҳидаст ва фақир шавӣ;

4. Осудагии хотирро қабл аз ин ки корҳои дунё туро ба худ машғул кунад;

5. Зиндагии ин ҷаҳонро қабл аз фаро расидани марг”.

(Шуъабул-имони Байҳақӣ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.