Барномаи зиндагӣ

Дар ин рӯзҳои сахт қадре гӯш ба Саъдӣ супорем

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Саъдӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Гарат ақлу рой асту тадбиру ҳуш,

Ба иззат кунӣ панди Саъдӣ ба гӯш.

Панду андарзҳои Саъдӣ пас аз чандин қарн ҳанӯз тоза ва коромад ҳастанд. Бисёре аз онҳоро гӯӣ Саъдӣ барои ин замона навишта. Дар ин рӯзҳои сахти куруноӣ, Шайхи Аҷалл, ҳам барои ҳокимону давлатмардон ҳарф барои гуфтан дорад, ҳам барои тоҷирону бозаргонон ва ҳам мардумони оддӣ.

Рӯзи 1 урдибиҳишт (20 апрел) “Рӯзи Саъдӣ” аст. Бинобар ин, муносиб дидам шаммае аз андарзу насиҳатҳои ин шахсияти такрорношуданиро пешкаши азизони хонанда бикунам:

1) Қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд

Имрӯзҳо ба далели шуюъи куруновирус, бештари инсонҳои рӯи замин гирифтор шудаанд. Шумори зиёде ба ин вирус мубтало ва бақия ҳам баночор дар хонаҳояшон ҳамчун зиндонӣ мондаанд. Беморон инак қадри офият ва тандурустӣ донистанд ва “зиндониҳо” арзиши озодӣ ва қадам задан дар хиёбонҳо ва танаффус аз ҳавои хуши баҳорӣ.

Шайх дар “Гулистон” бо овардани ҳикояте, ба зебоӣ мефаҳмонадамон, ки бояд шукргузори ин ҳама неъмат, ки Худо бароямон арзонӣ дошта бошем. Мегӯяд, подшоҳе бо ғуломе дар киштӣ нишаст ва ғу­лом дарё надида буд ва роҳати киштӣ наёзмуда. Гиряву зорӣ дарниҳод ва ларза бар андомаш уфтод. Чандон ки мулотифат карданд, ором намегирифт. Ҳакиме дар он киштӣ буд, маликро гуфт:

— Агар фармон диҳӣ, ман ӯро ба тариқе хомӯш гардонам.

Гуфт:

— Ғояти лутфу карам бошад.

Бифармуд, то ғуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд ғӯта хӯрд. Мӯяш гирифтанд ва пеши киштӣ оварданд. Чун аз об берун омад, ба гӯшае биншасту ором ёфт.

Маликро аҷаб омад, ҳакимро пурсид:

— Дар ин чӣ ҳикмат буд?

Гуфт:

— Аз аввал сахтии ғарқа шудан ночашида буд ва қадри саломати киштӣ намедонист. Ҳамчунин қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

Дар “Бӯстон” низ мегӯяд:

Надонад касе қадри рӯзи хушӣ,

Магар рӯзе афтад ба сахтикашӣ.

Дар ҳикояте дар “Гулистон” мегӯяд, “ҳаргиз аз даври замон нанолида будаму рӯй аз гардиши осмон дарҳам накашида, магар вақте ки поям бараҳна буд ва иститоати (қудрати) пойпӯшӣ надоштам. Ба ҷомеъи Кӯфа даромадам тангдил, якеро дидам, ки пой надошт. Сипоси неъмати Ҳақ ба ҷой овардаму бар бекафшӣ сабр кардам:

Мурғи бирён ба чашми мардуми сер

Камтар аз барги тарра бар хон аст.

В-он киро дастгоҳу қувват нест,

Шалғами пухта мурғи бирён аст.”

2) Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!

Имрӯзҳо беш аз ҳар замони дигар зарурати эҳсону некӯкорӣ ба ниёзмандон эҳсос мешавад. Он пирамард ё пиразане, ки ба ин бемории кушанда мубтало шуда ва касеро ҳам надорад, ки дасташро бигирад ва ё он муҳоҷире, ки бе кор мондааст, имрӯз мӯҳтоҷи эҳсону некӯкории тавонмандон ва дороён ҳастанд:

Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,

Чи фарқ аз одамӣ то нақши девор?

Ба даст овардани дунё ҳунар нест,

Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!

Асосан, Саъдӣ касонеро, ки аз ранҷи дигарон беғаманд одам намешуморад:

Банӣ одам аъзои якдигаранд.

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

3) Бозаргононро инсофу моро қаноат

Саъдӣ аз сӯйе тоҷирон ва бозаргононро ба инсоф мехонад ва аз он сӯй ҳам мардумонро ба қаноат. Зарурати амал ба ин тавсияи Шайх ба хусус имрӯзҳо эҳсос мешавад. Яъне, на тоҷиронро шоиста аст бо суистифода аз шароити пешомада рӯй ба беинсофӣ ва гарон кардани колоҳои мавриди ниёзи мардум биёваранд, ва на мардумонро сазовор аст аз сари нигаронӣ ба анбор кардани орду равғану биринҷу ғайра дар хонаҳои худ пардозанд, ки ҳамин кор худ яке аз асбоби гарон шудани колои мариди ниёз дар бозорҳост.

Саъдӣ дар ҳикояте дар “Гулистон” мегӯяд: “Хоҳандаи мағрибӣ дар саффи баззозони Ҳалаб мегуфт:

— Эй худовандони неъмат! Агар шуморо инсоф будию маро қаноат, расми суол аз ҷаҳон бархостӣ.

Эй қаноат, тавонгарам гардон,

Ки варои ту ҳеч неъмат нест.

Кунҷи сабр ихтиёри Луқмон аст,

Ҳар киро сабр нест, ҳикмат нест.”

Ва ҳам дар “Гулистон” дар фазилати қаноат овардааст: “Дар сирати Ардашери Бобакон омадааст, ки ҳакими арабро пурсид, ки рӯзе чӣ моя таъом бояд хӯрдан?

Гуфт:

— Сад дирамсанг кофият аст.

Гуфт:

— Ин қадр чӣ қувват диҳад?

Гуфт:

هذا المقدار يحملك وما زاد على ذلك، فأنت تحمله

(Ин миқдор туро бардорад ва агар аз ин афзуд, ту онро бардорӣ). Яъне он қадр туро бар пой ҳамедорад ва ҳар чӣ бар ин зиёдат кунӣ, ту ҳаммоли онӣ.

Хӯрдан барои зистану зикр кардан аст,

Ту мӯътақид, ки зистан аз баҳри х(в)ардан аст.”

Асосан, Саъдӣ ба кам хӯрдану қаноат тавсия ва аз танпарварӣ ва зиёдаравӣ дар хӯрдан ба шиддат наҳй мекунад, ки агар инсон танпарвар аст, “чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад”:

Чу кам хӯрдан табиат шуд касеро,

Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад.

Ва гар танпарвар аст андар фарохӣ,

Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад.

4) Ки шоҳ аз раъият бувад тоҷдор

Саъдӣ сира ва равиши ҳокимонеро меситояд, ки ҳама ба зердастон меандешанд ва риояти ҷониби онон мекунанд, ба хусус дар рӯзҳои душвор. На ин ки дар шароити барои мардум бисёр сахт, бо баргузории маросиму ҷашнҳои ончунонӣ, дар пайи хушгузаронӣ ва айшу нӯши худ бошанд.

Шайх дар “Бӯстон” аз забони Анӯшервон ба ҳокимон андарз медиҳад:

Ки хотирнигаҳдори дарвеш бош,

На дар банди осоиши хеш бош.

Наёсояд андар диёри ту кас,

Чу осоиши хеш ҷӯиву бас.

Наёяд ба наздики доно писанд,

Шубон хуфтаву гург дар гӯсфанд.

Бирав поси дарвеши мӯҳтоҷ дор,

Ки шоҳ аз раъият бувад тоҷдор.

Ва дар ҳамин китоб аз фармондеҳи додгаре ёд мекунад, ки ҳамеша қабои содда дошт ва беш аз ҳар чиз ба фикри осоиши дигарон буд:

Шунидам, ки фармондеҳе додгар

Қабо доштӣ ҳар ду рӯ остар.

Яке гуфташ: эй хисрави некрӯз,

Зи дебои чинӣ қабое бидӯз!

Бигуфт: ин қадр сатру осоишаст

Ва з-ин бигзарӣ зебу ороишаст.”

Ва ё аз Умар ибни Абдулазиз мегӯяд, ки дар хушксолӣ нигини гаронбаҳои ангуштарии худро фурӯхт ва баҳояшро “ба дарвешу мискину мӯҳтоҷ дод.”

Яке аз бузургони аҳли тамиз,

Ҳикоят кунад з-ибни Абдулазиз,

Ки будаш нигине дар ангуштарӣ,

Фурӯ монда дар қиматаш Муштарӣ…

Қазоро даромад яке хушксол,

Ки шуд бадри симои мардум ҳилол…

Бифармуд, бифрӯхтандаш ба сим,

Ки раҳм омадаш бар фақиру ятим.

Ба як ҳафта нақдаш ба тороҷ дод,

Ба дарвешу мискину мӯҳтоҷ дод

Саъдӣ дар достоне таъкид мекунад, ки: “мулук аз баҳри поси раъиятанд, на раъият аз баҳри тоати мулук.”

Подшаҳ посбони дарвеш аст,

Гарчи ромиш ба фарри давлати ӯст.

Гӯсфанд аз барои чӯпон нест,

Балки чӯпон барои хидмати ӯст.

5) Накунад ҷаврпеша султонӣ

Саъдӣ дар “Гулистон” дар бораи подшоҳе мегӯяд, ки ба моли мардум дастдарозӣ карда буд ва ҷавру азият карда, то ба ҷойе, ки халқ аз ситамаш ба ҷаҳон пароканда шуданд ва аз зулмаш роҳи ғурбат гирифтанд. Замоне ки раъият кам шуд, хазона холӣ шуд ва душманон зӯр оварданд…

Боре дар маҷлиси ӯ китоби “Шоҳнома” мехонданд дар заволи мамлакати Заҳҳок ва аҳди Фаридун. “Вазир маликро пурсид:

— Ҳеч тавон донистан, ки Фаридун, ки ганҷу мулку ҳашам надошт, чӣ гуна бар ӯ мамлакат муқаррар шуд?

Гуфт:

— Ончунон ки шунидӣ, халқе бар ӯ гирд омаданд ва тақвият карданд, то подшоҳӣ ёфт.

Вазир гуфт:

— Эй малик! Чун гирд омадани халқе мӯҷиби подшоҳист, ту мар халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар сари подшоҳӣ кардан надорӣ?

Малик гуфт:

— Мӯҷиби гирд омадани сипоҳу раъият чӣ бошад?

Гуфт:

— Подшоҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянд ва раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин ҳар ду асло дар ҷибиллат (табиат) нест:

Накунад ҷаврпеша султонӣ,

Ки наёяд зи гург чӯпонӣ.

Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,

Пойдевори мулки хеш биканд.

Маликро панди вазири носеҳ мувофиқи табъи мухолиф наёмад, рӯй аз ин сухан дар ҳам кашиду ба зиндонаш фиристод.

Басе барнаёмад, ки бани амми султон ба мунозиъат хостанд ва мулки падар хостанд. Қавме, ки аз дасти татовули ӯ ба ҷон омада буданд ва парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва тақвият карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафт ва бар онон муқаррар шуд.

Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,

Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровар аст.

Бо раъият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,

З-он ки шоҳаншоҳи одилро раъият лашкар аст.

6) Мадеҳ кори муъзам ба навхоста

Саъдӣ хешовандсолориро барои ҳокимон нописанд мешуморад ва бар шоистасолорӣ таъкид меварзад:

Барад бар дил аз ҷаври ғам борҳо,

Ки ноозмуда диҳад корҳо.

* * *

Нахоҳӣ, ки зойеъ шавад рӯзгор,

Ба нокордида мафармой кор.

Ба ақидаи Саъдӣ, маносиби идориро бояд ба кордонон ва ҷаҳондидагон супурд. Аз хурдон кори бузург наёяд ва сандон ба мушт шикаста нашавад.

Гарат мамлакат бояд ороста,

Мадеҳ кори муъзам ба навхоста.

Сипаҳро макун пешрав ҷуз касе,

Ки дар ҷангҳо буда бошад басе.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.