Ҳуқуқи башар

Муроҷиати раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо ба ҳукумати Тоҷикистон

Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо, бо муроҷиат ба ҳукумати Тоҷикистон ва шахси раисиҷумҳури кишвар, бо ишора ба мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳое мисли Русия, Туркия ва Ҳиндустон, аз ҳукумат талаб кард, ҳарчи зудтар онҳоро ба ватан баргардонад ва ёдовар шуд, ки “агар ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба ин мушкилот расидагӣ накунад ва ҳоли шаҳрвандони дармонда дар Туркия, Ҳиндустон ва Русияро ба худашон вогузорад, бояд ошкоро мавқеашро эълом кунад, то ин мардум самти муроҷиати худро ба тарафи давлатҳо ва созмонҳои дигар тағйир бидиҳанд.”

Илҳомҷон Ёқубов, дар ин муроҷиати худ, ки дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук гузоштааст, мегӯяд: “Бар асари бемории оламгири COVID-19, ки кишварҳо марзҳои худро бастаанд, шумори зиёде аз ҳамватанони мо дар берун аз қаламрави Тоҷикистон дармонданд. Ин мушкил на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои кишварҳои дигар ҳам пеш омадааст. Ҳукумати ин кишварҳо шаҳрвандони худро ба ватанашон бозгардонида истодаанд.”

Вай меафзояд: “Даҳҳо ҳазор аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар шаҳрҳои мухталифи Русия кору зиндагӣ мекарданд, на кор доранд ва на шароити зиндагӣ дар ин кишварро ва ҳоло мехоҳанд ба ватани худ баргарданд. Ҳамчунин даҳҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба сабабҳои гуногун — яке барои табобат, яке барои тамошо, яке барои тиҷорат дар Туркия ва Ҳиндустон қарор доранд — феълан дар ин кишварҳо банд монда бо муроҷиатҳои батакрор аз ҳукумати Тоҷикистон бахусус президент Эмомалӣ Раҳмон дархост мекунанд, ки барои бозгардонидани онҳо ба кишвар кӯмакашон кунад.”

Раиси Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо дар ин муроҷиати худ бо тарҳи 3 талаб, хостори ҳарчи зудтар баргардондани онҳо ба ватан шудааст:

1. Масъалаи баргардондани беш аз 300 нафар аз ҳамватанони бандмондаамон дар Ҳиндустон ва Туркияро ҳарчи зудтар ҳал намояд. Роҳандозии парвозҳои чартерӣ ва овардани онҳо масъулият ва вазифаи асосии ҳукумат аст. Ин масъалаи нангу номус аст, нангу номуси давлат, ватан ва миллатдорӣ. Набояд афроди миллат, сокинон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои дигар худро бесоҳиб ва тардшуда пиндоранд.

2. Барои муҳоҷирони ниёзманди тоҷик ва оилаҳои онҳо дар шаҳрҳои Русия ба таври муваққат ҳам шуда маблағ ҷудо ва маош таъйин намояд. Таъминоти ғизо ва дорувории онҳоро бар дӯш бигирад. Зеро, ҳам тибқи Қонуни асосӣ ва ҳам савганде, ки президент додааст, ӯ ӯҳдадор аст, ки ҳуқуқ ва амнияти шаҳрвандонаш дар хориҷ аз кишварро ҳам ҳимоят кунад. Ҳукумат метавонад аз ҳисоби бюҷет ва кӯмаки муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва давлатҳои ёрирасон ин мушкилот барои муҳоҷиронро камтаъсир кунад. Тавассути намояндагиҳои дипломатӣ, созмонҳо ва диаспораҳои тоҷикӣ дар вилоёт ва манотиқи Русия иҷрои ин талабро метавон ба роҳатӣ иҷро кард. Имрӯз вақти амалан нишон додани ҳамин талаботи қонун аст.

3. Ва ниҳоят, агар ҳукумат ва роҳбарияти Тоҷикистон ба ин мушкилот расидагӣ накунад, шаҳрвандони дармонда дар Туркия, Ҳиндустон ва Русияро ба худашон вогузорад, бояд ошкоро мавқеашро эълом кунад, то ин мардум самти муроҷиати худро ба тарафи давлатҳо ва созмонҳои дигар тағйир бидиҳанд. Зеро дар ҳар сурат ҷаҳон аз накӯкорон ва хайрхоҳон холӣ нашудааст ва ҳамватанони дучори мусибатшудаи мо ҳам ноумед нашаванд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.