Наҳҷул-балоға

Чанд матлаби пароканда

Лаззати ҳақиқӣ

Саъдӣ гӯяд:

Агар лаззати тарк лаззат бидонӣ,

Дигар шаҳвати нафс лаззат нахонӣ…

Суфраҳои улво кунад мурғи ҷонат,

Гар аз чанбари оз бозаш паронӣ.

Мавлоно низ фармояд:

Роҳи лаззат аз дарун дон, н-аз бурун,

Аблаҳӣ дон ҷустани қасру ҳусун.

Он яке дар кунҷи масҷид масту шод

В-он дигар дар боғ туршу бемурод.

Лаззатҳои моддӣ зудгузар аст ва камолофарин нест. Балки он чӣ оромишбахши руҳи инсон аст, тарки лаззатҳои моддист.

Қуръони Карим дар ин бора мефармояд:

أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

Огоҳ бошед! Танҳо ба ёди Худо дилҳо оромиш меёбад”. (Сураи Раъд, ояти 28)

Ва дар муқобил:

وَمَنْ أَعْرَضَ عَن ذِكْرِي فَإِنَّ لَهُ مَعِيشَةً ضَنكًا

Ҳар кас аз ёди ман (Худо) рӯй бигардонад, дар ҳақиқат зиндагии танг ва сахте хоҳад дошт…” (Сураи Тоҳо, ояти 124)

* * *

Саъдӣ ва даъват ба истиқлол

Ба нони хушк қаноат кунему ҷомаи далқ,

Ки бори меҳнати худ беҳ, ки бори миннати халқ.

* * *

Пой дар занҷир пеши дӯстон

Беҳ, ки бо бегонагон дар бӯстон.

* * *

Хонаи дӯстон бирӯбу дари душманон макӯб.”

* * *

Куҳанхирқаи хеш пиростан

Беҳ аз ҷомаи орият хостан.

* * *

Симурғ

Дар арабӣ ба симурғ “анқо” мегӯянд. Симурғ ё анқо номи мурғе афсонаист, ки касе ӯро надида ва нашинохта. Аммо дар истилоҳи аҳли ирфон, ин вожа ба зоти муқаддаси Худованди Мутаъол гуфта мешавад.
Ва ҳамон гуна ки касе аз ҳақиқат ва зоти симурғ огоҳӣ надорад, ҳеч як аз афроди башар, чӣ фалосифа ва донишварон ва чӣ дигарон, наметавонанд ҳақиқати зоти Худовандро он гуна, ки шоистаи он зоти пок аст дарк кунанд, ва касе ба кунҳи зоти Ҳақ Таъоло дастрасӣ надорад.

Лисонулғайб Ҳофизи Шерозӣ бо забони розу рамзи хеш ин ҳақиқатро ин гуна баён намудааст:

Анқо шикори кас нашавад, дом бозчин,

К-ин ҷо ҳамеша бод ба даст аст домро.

* * *

Бирав, ин дом бар мурғе дигар неҳ,

Ки анқоро баланд аст ошёна.

* * *

Ман ба сарманзили анқо на ба худ бурдам роҳ

Қатъи ин марҳила бо мурғи Сулаймон кардам.

* * *

Дар ҳар сурат бародари имониатро ёрӣ кун

Дар ривояте, ҳазрати Расули Акрам (с) фармоянд:

انصر أخاك ظالماً أو مظلوماً، فقال: رجل يا رسول الله صلى الله عليه وسلم أنصره إذ كان مظلوماً، أفرأيت إذا كان ظالماً كيف أنصره؟! قال: تحجزه أو تمنعه من الظلم، فإن ذلك نصره

Бародари имониатро ёрӣ кун, хоҳ ситамгар бошад ва хоҳ ситамдида. Асҳоб гӯё аз шунидани ин фармоиш ҳайратзада ва таъаҷҷуб карданд, аз ин рӯ марде пурсид:

— Эй Расули Худо! Агар мазлум ва ситамдида бошад ва кӯмакаш кунем, ин мантиқӣ ва уқалоӣ ва як вазифаи динӣ аст, инро мефаҳмем, вале агар ситамгар бошад чӣ гуна ӯро ёрӣ кунем?

Ҳазраташ фармуд:

— Кӯмак ба ӯ ин нест, ки ӯро дар ситамгарӣ ва зӯргӯӣ ҳимоят ва ёрӣ кунед, балки ёрии ӯ ба ин аст, ки ҷилави зулм ва ситами ӯро бигирӣ ва дар муқобили ӯ биистӣ. Ин аст ёрӣ кардани ӯ.”

(Ривояти Бухорӣ, Аҳмад ва Тирмизӣ)

* * *

Зиёдаравӣ макун ҳатто дар анҷоми ибодот

Расули Акрам (с) фармояд:

إن هذا الدين متين فأوغِل فيه برفق، ولا تبغِّض إلى نفسك عبادة الله، فإن المُنْبَتَّ لا أرضاً قطع ولا ظهراً أبقى

Ин ривоят — ки Байҳақӣ нақл карда ва Аҳмад низ қисмати аввали онро ривоят кардааст — аз пурмуҳтавотарин ривоятҳоест, ки чеҳраи зебои исломро ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки ислом бар ақлу мантиқ ва эътидолу мудоро бунён ниҳода шудааст. Ҳазраташ мефармояд:

Ин дин дине устувор ва муҳкамест. Дар ин ойин бо рифқу нармӣ дохил бишав. Дар баҷо овардани ибодот зиёдаравӣ макун ва бар худ сахт магир, ки бароят манфур гардад. Агар ифрот кардӣ ва ба бадани хеш фишор ворид сохтӣ, басон саворае мемонӣ, ки дар ҳангоми сафар маркаби худро аз оғози шаб то субҳгоҳон меронад ва ба ӯ истироҳат намедиҳад. Инчунин шахсе қаҳран на метавонад сафарашро ба поён бирасонад ва на маркабаш солим хоҳад буд.”

Ҳазрати Алӣ (а) низ ба ҳамин мазмун фармояд:

ان للقلوب اقبالا وادبارا فاذا اقبلت فاحملوها علی النوافل واذا ادبرت فاقتصروا بها علی الفرائض

Қалбҳо гоҳе майлу нашот доранд ва гоҳе бемайлӣ ва берағбатӣ. Ҳангоми рағбат ва нашот, онро бар хондани нофилаҳо ва мустаҳаббот водор кунед. Вале ҳангоми берағбатӣ, бар хондани фарзҳо басанда кунед”.

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 394)

* * *

Маънои “давлат”

Ғолибан вожаи “давлат”-ро ё ба маънои “ҳукумат” медонанд ё «сарват» ва ё ҳатто ба маънои кишвар. Дар ҳоле ки ин вожа маъное тамоман дигар дорад. “Давлат” вожае арабист ва ба маънои “ҷобаҷоии қудрат (ва ё сарват)” аз як шахс ба шахси дигар, аз гурӯҳе ба гурӯҳи дигар аст. Араб мегӯяд:

دال الزمان: دار، وانقلب من حال الی حال

Яъне, “Рӯзгор аз ҳоле ба ҳоли дигар мунқалиб мешавад.”

Қуръони Карим мефармояд:

وَتِلْكَ الأيَّامُ نُدَاوِلُهَا بَيْنَ النَّاسِ

Мо ин рӯзҳоро (яъне, рӯзҳои шикасту пирӯзиро) миёни мардум ба навбат мегардонем…” (Сураи Оли Имрон, ояти 140)

Ин ҳам, ки ба як ҳукумат вожаи давлатро ба кор мегиранд, ба ин ҷиҳат аст, ки ҳукумат ва қудрат танҳо дар дастони як гурӯҳ ва ё як шахс боқимонданӣ нест, балки суннати торих ва суннати Худо бар ин асос устувор аст, ки қудрат аз дасте ба дасте ва аз гурӯҳе ба гурӯҳи дигар мунтақил хоҳад шуд.

Саъдии Шерозӣ чӣ олӣ гуфтааст:

Дарёб кунун, ки неъматат ҳаст ба даст,

К-ин давлату мулк меравад даст ба даст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.