Наҳҷул-балоға

Чанд ҳикмат аз Алӣ

(1)

أفضل الزّهد إخفاء الزّهد

Бартарин зуҳд пинҳон доштани зуҳд аст.”

(2)

كن سمحا ولا تكن مبذّرا، وكن مقدّرا ولا تكن مُقَتِّراً

Бахшанда бош, аммо зиёдаравӣ ва исроф макун! Дар зиндагӣ ҳисобгар бош, аммо сахтгир мабош!

(3)

أشرف الغِنَى ترك المُنَى

Беҳтарин бениёзӣ тарки орзуҳост.

(4)

مَن أسْرَعَ إلى النّاس بما يكرهون قالوا فيه بما لا يعلمون

Касе дар анҷоми коре, ки мардум хуш надоранд биштобад, дар бораи ӯ чизе хоҳанд гуфт, ки аз он иттилоъе надоранд.

(5)

من أطال الأَمَلَ أَساءَ العَمَل

Касе ки орзуҳояш тӯлонист, кирдораш низ нописанд аст.”

(6)

وقال عليه السّلام (وقد لقيه عند مسيره الى الشام دهاقين الأنبار، فترجّلوا له واشتدّوا بين يديه)، فقال: ما هذا الّذى صنعتموه؟ فقالوا: خلق منّا نعظّم به أمراءنا، فقال: واللّه ما ينتفع بهذا أمراؤكم، وإنّكم لتَشُقّون على أنفسكم في دنياكم، وتشقون به في آخريكم، وما أخسر المشقّة وراءها العقاب، وأربح الدّعة معها الأمان من النّار

Дар роҳи Сиффин деҳқонони шаҳри Анбор (яке аз шаҳрҳои Ироқ) ҳамин ки Имом Алиро диданд, пиёда шуда ва пешопеши он ҳазрат медавиданд. Фармуд: Чаро чунин мекунед? Гуфтанд: Одате аст, ки подшоҳони худро эҳтиром мекардем. Фармуд:

Ба Худо савганд, амирони шумо аз ин кор фоидае набурданд ва шумо дар дунё худро бо он ба заҳмат меандозед ва дар охират низ дучори ранҷу сахтӣ мешавед ва чӣ зиёнбор аст ранҷе, ки дар пайи он азоб бошад ва чӣ судманд аст осоише, ки боиси амон аз оташи ҷаҳаннам бошад!

(7)

رحم الله امرأ عرف قدره

Худованд раҳмат кунад инсонеро, ки ба ҷойгоҳ ва манзилати худ огоҳ бошад!

Мавлоно дар бораи нашинохтани нафс ё ҳамон “худ” мегӯяд:

Сад ҳазорон фазл донад аз улум,

Ҷони худро менадонад он залум.

Донад ӯ хосийяти ҳар ҷавҳаре,

Дар баёни ҷавҳари худ чун харе.

Ки ҳамедонам “яҷузу лояҷуз”,

Худ надонӣ ту яҷузӣ, ё аҷуз!

Ин раво в-он нораво, донӣ, валек

Ту раво ё норавоӣ? Бин ту нек.

Қимати ҳар кола медонӣ, ки чист,

Қимати худро надонӣ, аҳмақист.

Саъдҳову наҳсҳо донистаӣ,

Нангарӣ саъдӣ ту ё ношустаӣ?

Ҷони ҷумла илмҳо ин аст ин,

Ки бидонӣ ман киам дар явми дин?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.