Сиёсат

Ҷузъиёти тарҳи Абдуллоҳ барои ҳалли бӯҳрони сиёсии Афғонистон

Манобеъе дар тими интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ аз ихтилофи назар дар миёни аъзои ин гурӯҳ дар бораи тарҳи ҳалли бӯҳрони сиёсии Афғонистон хабар додаанд.

Манобеъе дар тими интихоботии “Субот ва ҳамгароӣ” ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии пешини Афғонистон, ба ВВС гуфтаанд, ки ихтилофи назар дар сатҳи раҳбарии ин гурӯҳ сабаби таъхир дар ниҳоӣ шудани тарҳи ин тим барои ҳалли бӯҳрони сиёсӣ ва ихтилоф бо Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон шудааст.

Ин манобеъ мегӯянд, дар ҳоли ҳозир ду дидгоҳ дар миёни аъзои тими Абдуллоҳ вуҷуд дорад. Шуморе аз аъзои ин тим ба пазируфтани раҳбарии “Шӯрои олии мусолиҳа” ва нақши 50 дарсадӣ дар давлат тамоюл доранд ва онро қобили қабул медонанд, вале дастаи дигар ба ботил кардани натиҷаи интихоботи ҷанҷолии чанд моҳ пеш ва эҷоди садорати иҷроӣ (вазири иҷроӣ) таъкид мекунанд.

Ин манобеъ ба ВВС гуфтанд, ки Абдуллоҳ, Муҳаммади Муҳаққиқ, Анварулҳақ Аҳадӣ, Ҳоҷӣ Динмуҳаммад ва шумори дигар аз аъзои раҳбарӣ бо пазириши риёсати “Шӯрои олии мусолиҳа” мувофиқ ҳастанд.

Бар асоси ин тарҳ, Абдуллоҳ ба унвони раиси “Шӯрои олии мусолиҳа” бар асоси тавофуқи сиёсӣ на бар асоси фармони раисиҷумҳур Ғанӣ таъйин мешавад, саҳми 50 дарсадӣ дар кобина ва ниҳодҳои мустақилро низ мепазирад, аммо бо ин вежагӣ, ки раисиҷумҳур Ғанӣ салоҳияти барканории вазирони муаррифишуда аз сӯи Абдуллоҳро надошта бошад ва дар сурати тағйири афрод ҷойгузини онҳо аз тими Абдуллоҳ бошад.

Ин даста мӯътақиданд, ки Абдуллоҳ дар канори раҳбарии “Шӯрои олии мусолиҳа”, узвият дар кобина, узвияти Шӯрои амнияти миллии Афғонистонро низ дошта бошад. Муовинони Абдуллоҳ низ ба унвони намояндагони хосси раиси “Шӯрои олии мусолиҳа” узвияти кобинаро дошта бошанд.

Ҳудуди як ҳафта қабл, манобеъи наздик ба Абдуллоҳ гуфта буданд, ки бар рӯи тарҳи ҷадиде барои ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, ки пас аз эъломи натоиҷи интихоботи ахир дар ин кишвар ба вуҷуд омад, кор мекунанд, вале ин манобеъ ба ВВС гуфтаанд, ки чанд нишаст дар шабу рӯзҳои ахир миёни раҳбарии тими интихоботии “Субот ва ҳамгароӣ” сурат гирифта, то ин тарҳ ниҳоӣ ва бо Кохи риёсати ҷумҳурӣ ба иштирок гузошта шавад.

Умед Майсам, аз сухангӯёни Абдуллоҳ аммо ба ВВС гуфт, ки кор рӯи тарҳ ба шиддат ҷараён ва ройзаниҳо идома дорад.

Ӯ афзуд: “Интизор меравад ин тарҳ ба зудӣ бо тарафи миёнҷӣ ба иштирок гузошта шавад.”

Лозим ба зикр аст Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешин, Абдураббиррасул Сайёф, Муҳаммадюнус Қонунӣ ва Муҳаммадкарим Халилӣ, аз раҳбарони ҷиҳодӣ ба унвони ҳайати миёнҷӣ миёни Кохи риёсати ҷумҳурӣ ва дафтари кори оқои Абдуллоҳ дар рафту омад ҳастанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.