Сиёсат

Меркел ва мубориза бо куруновирус дар Олмон

Мақолае дар нашрияи Atlantic бо унвони “Онгело Меркел, донишманди бузурги Олмон”

Шуюъи тоъун дар қарни 14-уми мелодӣ, ки беш аз 4 сол идома ёфт, беш аз 60 дарсади ҷамъияти Урупоро аз байн бурд ва барои ҳамин ба он “марги сиёҳ” мегӯянд. Ин беморӣ бо нишонаҳои ваҳшатноки ҷисмӣ ва марг ҳамроҳ буд. Аммо илова бар инҳо, паёмадҳои иқтисодии қобили таваҷҷӯҳе ҳам дошт.

Тоъун дар он солҳо бо тарс, шойеъот, иттилооти нодуруст ва хурофот густариш ёфт. Бархе талош карданд, то бо иқдомоти аҷибу ғариб ин бемориро дармон кунанд. Поп худро бо ҳалқае аз оташ муҳосира карда буд ва ҳазорон яҳудӣ дар саросари Урупо ба ҷурми олуда кардани чоҳҳои об ва густариши тоъун ба қатл расиданд.

Эво Эшлотҳойбер (Eva Schlotheuber), муаррихи қуруни вусто, мегӯяд, ки вақте мардум мебинанд наметавонанд бо ин беморӣ муқобила кунанд, “ба ҳар гуна тавзеҳе, ки пайдо мекунанд, чанг меандозанд”.

Имрӯза мо бо шуюъи ҷаҳонии як беморӣ рӯ ба рӯ ҳастем, ки агарчӣ ба лиҳози зистшиносӣ бисёр камтар аз “марги сиёҳ” харобкунанда аст, аммо ин имконро дорад, ки ба қавли Эшлотҳойбер, боиси эҷоди “як вируси ҳамагири зеҳнии ғайриҳақиқӣ” шавад. Бо интишори густурдаи иттилооти ғалат ва достонҳои ғайривоқеӣ, раҳбарони ҷаҳон бояд акнун беш аз ҳар замони дигаре масири оқилонаро пеш бигиранд, ки ба илм ва истидлолҳои мубтанӣ бар шавоҳид устувор бошад.

Дар воқеъ бисёре ин корро оғоз кардаанд. Аммо яке аз раҳбарони ҷаҳон фаротар аз ин амал кардааст. Ӯ мавриди эътимоди мардуми кишвараш аст ва дар ҳақиқат бештар аз он, ки сиёсатмадор бошад, як донишманд аст: Онгело Меркел.

Аз чанд ҳафта пеш садри аъзами Олмон ақлонияти худро ба кор андохт, то кишварашро дар миёни ин ҳамагирии вирус ҳидоят кунад. Онҳо нисбатан дар набард бо COVID-19 муваффақ шудаанд. Ин беморӣ барои ӯ, ки дар ҳақиқат шимидони квонтумӣ (квантовый химик) буд ва сиёсатмадор шудааст, чолишҳое эҷод кард; касе, ки ҳамвора сабки раҳбарӣ ва сиёсатварзиаш “таҳлилӣ”, “ғайри эҳсосӣ” ва “эҳтиёткорона” тавсиф мешавад.

Меркел дар талош барои суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар тайи шуюъи вируси куруно, аз чанд имтиёз бархӯрдор аст: як системи ҳамоҳанг шомили тахассуси илмӣ ва пизишкӣ, ки дар саросари Олмон густариш ёфта, эътимоди сахти мардум ба Меркел ва раҳбарии бо суботу маъқул. Меркел бо 30 сол таҷрибаи сиёсӣ ва мувоҷеҳа бо ин чолиши бузург, ки ниёзманди оромиш ва тафаккури оқилона аст, ба унвони як донишманд амал мекунад. Ҳоло ба назар мерасад, ки ӯ натиҷаи ин корро ҳам мебинад, чӣ ба лиҳози сиёсӣ ва чӣ илмӣ.

Меркел соли 1954 дар шаҳри кучаке дар Олмони шарқӣ ба дунё омад. Вақте девори Берлин соли 1989 фурӯ рехт, Меркел дуктурои шимии квонтуми худро дарёфт кард ва ба унвони донишманди муҳаққиқ дар ҳоли кор буд. Аммо ин корро каме баъд раҳо кард ва ба узвияти як гурӯҳи сиёсӣ, ки наздики хонааш буд, пайваст ва зиндагии сиёсии ӯ аз инҷо оғоз шуд. Ӯ дар ниҳоят соли 2005 муваффақ шуд садри аъзами Олмон яъне раиси давлати федерол шавад. Масире, ки ӯ дар Олмон тай кард, бисёр ғайримаъмул буд; ба унвони як зан, ба унвони як мутаваллиди Олмони шарқӣ ва ба унвони як муҳаққиқ, ки ҳеч собиқае дар корҳои давлатӣ ё қонун надорад.

Чаро Меркел ҳирфае, ки дар он машғул ба кор буд тарк кард ва ба дунболи сиёсат рафт, ки ҳеч қатъияте барои муваффақият дар он вуҷуд надорад? Ҷурҷ Пэкер (George Packer), рӯзноманигори омрикоӣ, дар ёддоште дар маҷаллаи New Yorker ин тасмими Меркелро “рози аслии зиндагии мубҳами ӯ” меномад. Меркел худ низ ҳеч гоҳ ба сурати умумӣ аз ин мавзӯъ ҳарф назада, ки чаро илму донишро раҳо кард ва суроғи сиёсат омад, аммо шояд ӯ ҳеч гоҳ илмро раҳо накарда бошад.

Ӯ бидуни тардид аз ин воқеият огоҳ аст, ки рафтори санҷида ва мӯътадили ӯ дар Олмон боис шуда 15 сол ба унвони садри аъзам интихоб шавад ва аз ҳимояти мардумӣ бархӯрдор аст, ки ҳурмати таърихии афроди бузург ва донишмандони он сарзамин (мисли Кант, Эйнштейн ва бисёре дигар) ва дастовардҳои онҳоро нигаҳ медоранд.

Пеш аз ҳамагирии вируси куруно, ситораи сиёсии Меркел рӯ ба хомӯшӣ буд. Ӯ ба унвони садри аъзаме шинохта мешуд, ки бештар аз он, ки чизҳое бисозад, монеъи хеле аз иттифоқҳо мешуд. Ӯ монеъ аз таҷзияи Урупо дар замони бӯҳрони иқтисодӣ ва молӣ шуд ва ин қорраро дар бӯҳрони муҳоҷирон раҳбарӣ кард. Аммо ин охирҳо бо зуҳури популизми дохилӣ, рости ифротӣ ва чапи ифротӣ дар Олмон ва зуҳури раҳбарони худкома дар ҷаҳон, нақши сиёсии Меркел ба ҳошия рафта буд.

Аммо вируси куруно омад ва варақ баргашт. Нахустин мавриди ибтило дар Олмон 28-уми январ таъйид шуд, аммо то миёнаҳои моҳи феврал таҳдидоти ин вирус тағйире накард. Маҳдудиятҳои эҷодкардаи давлат дар Берлин рӯ ба афзоиш буд, аммо натиҷа фақат ошуфтагии бештар буд. Дар 10-уми март, соири манотиқи муҳимми шаҳр ҳам баста ва зиндагии шабона дар Берлин таътил шуд ва мардуми Берлин шабеҳи солҳои ҷанги ҷаҳонии дуввум ба ин фикр мекарданд, ки озодӣ чӣ қадр сареъ метавонад аз байн биравад. Озодии шаҳрвандон хусусан барои Меркел, ки дар Олмони шарқӣ бузург шуда буд, аҳаммияти вежае дошт. Дар рӯзи 18-уми март, пас аз он ки мадориси кишвар баста ва фаъолиятҳои иқтисодӣ таътил шуд ва ба таври куллӣ шеваи зиндагӣ дар Олмон тағйир кард, Меркел дар як суханронии нодири телевизиюнӣ, раҳбарии худро исбот кард.

Ӯ рӯ дар рӯи дурбини телевизиюн пушти мизе нишаст. Дар канори ӯ парчамҳои Олмон ва Иттиҳодия Урупо қарор дошт. Меркел суханронии эҳсосии худро бо ин тасдиқ оғоз кард, ки “идеяи мо аз шароити оддӣ, аз зиндагии умумӣ, аз ҳамбастагии иҷтимоӣ ва ҳамаи инҳо, тавре мавриди озмоиш қарор гирифта, ки пеш аз ин, ба ин шакл озмуда нашудааст.”

Ӯ бар аҳаммияти демукросӣ ва шаффофияти тасмимоти сиёсӣ таъкид кард ва исрор дошт, ки ҳар гуна иттилоотеро, ки дар мавриди ҳамагирии беморӣ бо дигарон ба иштирок мегузорад, мубтанӣ бар таҳқиқоти дақиқи илмӣ аст. Сипас дар баёнияе ба сиёҳтарин соатҳои кишвараш ишора кард: “Аз замони ҷанги ҷаҳонии дуввум, ҳеч мушкиле барои кишвари мо ба вуҷуд наомада буд, ки то ин андоза ниёзманди руҳияи ҳамбастагӣ аз сӯи мо бошад.”

Он чи мутамойиз буд, тавсияҳои пизишкии Меркел ба мардум набуд, балки дархости ӯ барои ҳамбастагии иҷтимоӣ ва сӯҳбатҳояш дар мавриди маҳдудиятҳои шахсии ӯ ба унвони як фард ва раҳбари сиёсӣ буд. Итминони мантиқӣ ва дархости отифияш аз мардум дар замони авҷи бӯҳрони куруно дар Олмон, бисёр ҳаётӣ буд. Ҳоло Олмон беҳтар аз бисёре аз кишварҳои дигар амал кардааст ва олмониҳо ҳамчунон то ҳадди зиёде ба дастураламалҳо амал мекунанд.

Теъдоди мубталоён дар Олмон монанди соири кишварҳои ҷаҳон боло рафтааст, аммо бар хилофи Итолиё, ки то кунун ҳудуди 24 ҳазор нафар ҷонашонро аз даст додаанд ва бар хилофи Омрико, ки омори марг аз 40 ҳазор нафар гузаштааст ва болотар ҳам хоҳад рафт, дар Олмон ҳудуди 4 ҳазору 600 нафар ҷонашонро аз даст доданд. Барои дарки ин мавзӯъ бояд бидонед, ки дар Ню-йорк то алъон теъдоди ҷонбохтагон беш аз 4 баробари Олмон будааст. Меркел ба коршиносони созмонҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ эътимод кард. Муассисаи таҳқиқотии зист-пизишкии Берлин монанди бисёре дигар аз созмонҳо талошҳои худро маътуф ба мутолеаи вирус кардааст. Давлати федерол, ки Меркел дар раъси он қарор дорад, нақши муҳиммеро ифо карда ва ахиран тамоми бахшҳои пизишкии донишгоҳҳои кишварро дар як коргурӯҳи махсуси вируси куруно ҷамъ кардааст. Алекс Родлох Пройз (Axel Radlach Pries), мудири Муассисаи беҳдошти Берлин, бар аҳаммияти дарёфти иртиботи содиқона аз болотарин сатҳи раҳбарӣ дар замони шуюъи беморӣ сӯҳбат кардааст. Меркел шахсан ба шиддат рӯи тахассуси бисёре аз мутахассисон такя кардааст; аз ҷумла Кристин Друстен (Christian Drosten), раиси бахши вирусшиносии бемористони Берлин. Алекс Родлох Пройз мегӯяд, ки аз диди мардум, суханони Меркел ва Друстен қобили эътимод аст ва он ду нафар иттилооташонро дар мавриди он чизҳое, ки медонанд ва намедонанд, бо якдигар ба иштирок мегузоранд ва “ҳамин садоқати онҳо бо якдигар ва бо мардум боиси оромиши бисёре дар Олмон шудааст.”

Ин вирус ҳанӯз ба таври комил шикаст нахӯрда ва ҳеч кас намедонад, ки чӣ иттифоқе пеши рӯи Олмон ё соири ҷаҳон қарор дорад, аммо рӯйкарди илмӣ ва содиқонаи Меркел боис шуд, то рӯзе аз ӯ на ба унвони бузургтарин донишманди Олмон (ки агар корашро раҳо намекард, шояд ба он мерасид) балки ба унвони донишманде бузург дар сиёсат ёд хоҳанд кард; раҳбари сиёсие, ки иқдомоташ дар ҷое, ки тафаккур ва таваҷҷӯҳ ба илм зарурат дошт, бар асоси тафаккур ва шавоҳиди илмӣ буд.

The Atlantic

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.