Ҳуқуқи башар

Вафоти дуктур Абдуллоҳ ал-Ҳомид дар зиндон ва таъассуфи Amnesty International аз даргузашти ӯ

Сойти шабакаи Алҷазира, дирӯз (ҷумъа, 24 апрел) гузориш кард, ки дуктур Абдуллоҳ ал-Ҳомид, зиндони сиёсии машҳур, дар зиндони Арабистони Саудӣ даргузаштааст.

Ба гузориши ин шабакаи хабарӣ, Созмони Афви байналмилал (Amnesty International) рӯзи ҷумъа аз даргузашти фаъоли сиёсии арабистонӣ дар зиндон ибрози таассуф кард. Афви байналмилал дар баёнияе афзуд: “Аз хабари даргузашти дуктур Абдуллоҳ ал-Ҳомид дар зиндон, ки ба далели фаъолиятҳои мусолиматомез зиндонӣ шуда буд, мутаассир шудем.”

Афви байналмилал ҳамчунин аз мақомҳои саудӣ бори дигар хост, то фаъолони ҳуқуқи башарии боздоштӣ дар ин кишварро фавран ва бидуни қайду шарт озод кунанд.

Бар асоси гузориши Алҷазира, фавти ин фаъоли ҳуқуқӣ бар асари “саҳлангории пизишкӣ” сурат гирифта. Зеро чанд рӯз пеш Абдуллоҳ ал-Ҳомид ба сактаи мағзӣ дучор шуда буд, вале ба ӯ таваҷҷӯҳе нашуд. Ин фаъоли ҳуқуқӣ дар моҳи марти 2013 боздошт ва бидуни ироаи тавзеҳ дар хусуси далели судури ҳукм, ба 11 сол зиндон маҳкум шуда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.