Сиёсат

Кабирӣ хостори ба ҷавобгарӣ кашида шудани Эмомалӣ Раҳмон шуд – (Видео)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ, бо истиқбол аз иқдоми Додситонии кулли Тоҷикистон оид ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки дар пешгирии вирус саҳлангорӣ карданд, гуфт, қабл аз ҳама бояд раҳбарияти кишвар, масъулини Вазорати тандурустӣ ва раҳбарони минтақавӣ тафтиш карда шаванд, то маълум гардад, онҳо чӣ саҳме дар паҳншавии беморӣ доштанд.

Ба гузориши сойти Паём, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, зимни сӯҳбат дар як пахши мустақим изҳор дошт, бояд раисиҷумҳури Тоҷикистон ва масъулони Вазорати тандурустӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Раҳбари ПМТ гуфт, мутаассифона, чӣ мақомот эътироф мекунанд, чӣ на, вируси куруно дар кишвар паҳн шудааст ва дорад ба як фоҷеъа табдил мешавад. Ӯ масъули ин фоҷеъаро раҳбарияти кишвар донист ва талаб кард онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Кабирӣ гуфт: “Мутаассифона орзуву умед ва хушбиниҳои ҳукумату мардум рост набаромад, баръакс огоҳиву ҳушдори мутахассисони байналмиллалӣ ва маҳаллӣ, қишри огоҳи ҷомеъа, ки даъват мекарданд чораҳои пешгиришаванда амалӣ шаванд, дуруст баромад ва имрӯз мебинем шумораи онҳое, ки аз бемориҳои гуногун мефавтанд баёнгари он аст, ки чӣ мехоҳем ва чӣ намехоҳем, ин беморӣ дар Тоҷикистони мо вуҷуд дорад.

Бастани мактабу боғча ва эълони карантин дар онҳоро раиси ПМТ баёнгари вазъи ногувор дар онҳо донист ва гуфт: “Дигар маҷбур ба бастани онҳо шуданд. Аз он ҷумла марги муаллимон, ки боиси нигаронии падару модарон шуд.”

Ӯ таъкид кард, кишварҳое, ки билофосила иқдом карданд, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Миёна ва чораҳои пешгирӣ ҷорӣ карданд, аллакай ба марҳилаи поёнравии сатҳи беморӣ ворид шудаанд, аммо раҳбарияти Тоҷикистон бо вуҷуди доштани имкониятҳои бисёр хуби пешгирӣ аз шуюъи беморӣ, бо фарқ аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон роҳи Туркманистону Кореяи Шимолиро пеш гирифт, ҷони даҳҳо ҳазорро ба хатар гузошт. Кабирӣ гуфт: “Тибқи иттилоъи расонаҳо ва хабарҳои ғайрирасмие, ки мерасанд, вазъ бамаротиб бадтар аз он аст, ки мо тасаввур мекунем.”

Кабирӣ аз ҳамаи онҳое, ки аз аввал масъаларо ҷиддӣ гирифтанд ва ҳушдор доданд, ки бояд иқдомҳои ҷиддӣ гирифта шавад таҳсин кард ва гуфт, бо вуҷуди он ки зарбаҳои аввалро ба худ қабул карданд ва аз тарафи як гурӯҳи бузург мавриди ҳамла қарор гирифта, ҳатто ба орзу кардан аз расидани куруно ба кишвар муттаҳам шуданд, дар огоҳ кардани мардум аз хатарҳои ношӣ хеле заҳмат кашиданд. Ӯ гуфт: “Аммо ин гурӯҳ зарбаҳоро ба худ қабул кард, ақибнишинӣ накард, чӣ расонаҳои мустақил аз қабили “Озодӣ”, “Ахбор”, “Азия Плюс” ва ғайра ва чӣ намояндаҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ мардумро огоҳ карданд. Агар ин огоҳ кардану бо фишор бар мақомот маҷбур кардани онҳо намебуд, мақомот ҳаргиз ин ҷораҳоро намеандешиданд.”

Кабирӣ ҳамчунин аз ирсоли номаи ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар санаи 20 апрел аз тарафи ПМТ хабар дод ва гуфт, ки нусхаи ин нома ба намояндаи созмон дар Тоҷикистон Галина Перфенова низ фиристода шуд, чун интиқод аз амалкарди ӯ низ ҷой дошт.

Ӯ аз падару модароне, ҳам, ки ба омори дурӯғи мақомот бовар накарданд ва фарзандони худро аз рафтан ба мактаб боздоштанд таҳсин кард ва онро навъе аз эътирози маданӣ ва қадами аввал ба қиёми миллӣ унвон кард.

Раҳбари ПМТ гуфт: “Кош мардуми Хуҷанд ҳам ба рафтани фарзандонашон ба ҷашни Наврӯз иҷозат намедонанд. Агар онҳо ин корро мекарданд, имрӯз он ҷашн боиси паҳн шудани беморӣ дар кишвар намешуд ва Фарзонаву Озарахши беморро намедоштем.”

Муҳиддин Кабирӣ аз расидани хабарҳои бисёр нигаронкунанда аз зиндонҳои кишвар иттилоъ дод ва аз падару модарон ва наздикони зиндониён даъват кард, дар масъалаи иттилоърасонӣ дар бораи вазъи зиндонҳо ҷасуртар бошанд. Вай хотирнишон кард: “Чун хабарҳое, ки ба мо мерасанд, ҳикоят аз он мекунанд, ки шумори зиёде аз зиндониён низ гирифтори ин беморӣ шудаандМо аз расонаҳо хоҳиш мекунем, ки сӯҳбат бо наздикони зиндониҳо дар бораи вазъи онҳоро бештар кунанд, чун мо агар бонги хатар назанем ва мардум вориди кор нашавад, ҳамон тавре, ки ҳукумати Тоҷикистон мисли пештара рафтор хоҳад кард.”

Ӯ аз даъвати қаблии ПМТ мабнӣ бар озод кардани зиндониҳои мусинн хотирасон кард ва гуфт: “Агар ин бемори ба нафарони синнашон аз 60 боло таҳдид мекунад, иммунитети як зиндонии 50 солаи тоҷик аз иммунитети 60-солаву 70-сола заъифтар аст, чун на хӯроки дуруст мехӯрад ва на офтобро мебинад.” Вай аз Ҳукумат даъват кард зиндониҳоро озод кунад.

Раҳбари ПМТ аз тасмими ин паймон дар бораи ирсоли як номаи дигар ба СММ ва созмонҳои дигар хабар дод ва гуфт он бо даъват бар фишор болои ҳукумат барои озодсозии зиндониҳо навишта хоҳад шуд.

Ӯ аз иқдоми Додситонии кулли Тоҷикистон оиди ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки дар пешгирии вирус саҳлангорӣ карданд истиқбол кард ва гуфт, қабл аз ҳама бояд раҳбарияти кишвар, масъулини вазорати тандурустӣ ва вазоратҳои дигару раҳбарони минтақавӣ тафтиш карда шаванд, то маълум гардад, онҳо чӣ саҳме дар паҳншавии беморӣ доштанд.

Кабирӣ гуфт: “Агар раисиҷумҳур бо вуҷдуи огоҳӣ аз вуҷуди вирус дар кишвар он ҷашнро баргузор кард, бояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шавад. Агар Вазорати тандурустӣ ё мақомоти вилояти Суғд ӯро огоҳ накарданд, бояд онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Раҳбари мухолифони тоҷик кори табибонро, ки дар сафи пеши мубориза қарор доранд, ҷиҳод номид ва аз онҳо даъват кард дар иттилоърасонӣ ба мардум фаъол бошанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.