Дуо ва муноҷот

Миёни Худо ва ситамдида пардае нест

Вақте Султон Алоуддин болои шаҳрро ба итмом расонид, ба Баҳовалад (падари Мавлоно ва аз урафои номдори он замон) гуфт:

— Як бор гирди боруи (бурҷи) шаҳр омада, тафарруҷ фармоед.

Баҳовалад гуфт:

— Аз дафъи селу манъи хайл некӯ бунёде ниҳодӣ ва қалъае ҳасин сохтӣ, аммо тири дуои мазлумонро чӣ тавонӣ кард, ки аз сад ҳазор бурҷ мегузарад ва оламро хароб мекунад? Ҷаҳде бинмо ва ҷиҳоде кун, то қалъаи эҳсону адл бароварӣ ва дуоҳои хайр ҳосил кунӣ, ки аз ҳазорон ҳисори ҳасин беҳтар аст ва амни оламу амони халқ дар он аст.” (Маноқибул-орифин)

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) дар бораи дуои мазлумон фармоянд:

اتقوا دعوة المظلوم فإنها تصعد إلى السماء كأنها شرارة

Аз дуои мазлум ва ситамдида бипарҳезед (ва битарсед), ки ҳамчун шарора ба осмонҳо боло равад.”

اتق دعوة المظلوم فإنه ليس بينهما وبين الله حجاب

Аз дуои мазлум битарс, ки байни ӯ ва Худо ҳеч парда ва ҳиҷобе нест.”

دعوة المظلوم مستجابة وإن كان فاجرا ففجوره على نفسه

Дуи мазлум мустаҷоб аст, агарчи шахси фоҷиру фосиқе буда бошад, зеро фуҷури ӯ бар зарару зиёни худи ӯст.”

Ҷафоҷӯё, ситамкоро, ҳазар аз оҳи мазлумон,

Ки тири оҳи мазлумон ниҳон дар санг асар дорад.

(Зебуннисо)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.