Ҷаҳон

Тавсияи Тромп мабнӣ бар “нӯшидани маводди шӯянда” барои муқобила бо куруно // Оё аз Тромп ин гуна изҳори назарҳо тозагӣ дорад?

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, рӯзи ҷумъа зимни ақибнишинӣ аз пешниҳоди худ мабнӣ бар тазриқи маводдӣ зиддиуфунӣ ба дохили инсон барои муқобила бо куруновирус, эълом кард, ки суханонаш “таънаомез” будааст. Бо ин ҳол, баррасии тасовири нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи ӯ нишон медиҳад, ки лаҳни Дунолд Тромп ҳангоми ин изҳорот, шакку тардиде барои мухотаб дар мавриди ҷиддӣ будани суханони 45-умин раисиҷумҳури Омрико боқӣ намегузорад.

Ба гузориши хабаргузории Олмон, раисиҷумҳури Омрико, рӯзи панҷшанбе, хостори баррасии таъсири тазриқи маводди зиддиуфунӣ ба дохили бадани инсон барои муқобила бо бемории COVID-19 шуд. Ин дар ҳолест, ки пизишкон дар мавриди паёмадҳои чунин иқдоме ҳушдор додаанд.

Ӯ пеш аз ин низ борҳо бо иқдомот ва суханони худ ёфтаҳои илмиро ба чолиш кашидааст.

Дунолд Тромп дар соли 2017 ҳангоми вуқӯъи кусуф, аз болкуни Кохи сафед ба таври мустақим ба хуршед хира шуд. Ин дар ҳолест, ки бисёре аз мутахассисони нуҷум ва чашмпизишкон пеш аз ин рӯйдоди нодир ҳушдор дода буданд, ки нигаристан ба хуршедгирифтагӣ бидуни истифода аз айнаки махсус метавонад барои чашм хатарнок бошад.

Аз сӯи дигар донишмандон тайи даҳаҳои гузашта борҳо бо ироаи додаҳои илмӣ аз тағйироти обуҳавоӣ ва падидаи гармоиши замин сухан гуфтаанд. Дунолд Тромп аммо тағйироти обуҳавоӣ ва падидаи гармоиши заминро як “найранг” тавсиф кардааст. Раисиҷумҳури Омрико ҳамчунин кишварашро аз тавофуқи тағйироти обуҳавоии Порис хориҷ кардааст.

Дунолд Тромп ҳамчунин бар ин бовар аст, ки садои турбинҳои бодӣ (ветрогенераторҳо) саратонзо аст. Ин дар ҳолест, ки саратонзо будани садои турбинҳои бодӣ то кунун дар ҳеч таҳқиқи илмӣ собит нашудааст.

Раисиҷумҳури Омрико илова бар ин, тамриноти варзишии рӯзонаро зараровар медонад ва бар ин бовар аст, ки ин тамринҳо энержии маҳдуди бадани инсонро аз байн мебарад. Ин дар ҳолест, ки пизишкон аз тамриноти варзишӣ ба унвони яке аз омилҳои муассир бар саломати бадан ёд мекунанд.

Дунолд Тромп дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбеи худ на танҳо хостори баррасии тазриқи маводди шӯянда ба бадани инсон барои дармони COVID-19 шуд, балки аз эҳтимоли муфид будани истифода аз ашиъаи мофавқи бунафш дар дохили бадани инсон низ сухан гуфт. Донишмандон аммо чунин кореро хатарнок медонанд.

Изҳороти рӯзи панҷшанбеи Дунолд Тромп ин нигарониро ба вуҷуд оварда, ки мумкин аст иддае бар асоси суханони ӯ барои дармони худ ба истифода аз маводди шӯянда рӯй биёваранд. Дар ҳамин росто Ҳилори Клинтун, рақиби Дунолд Тромп дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2016, дар сафҳаи твиттери худ аз омрикоиҳо хост, ки бо истинод ба суханони раисиҷумҳури ин кишвар худро масмум накунанд.

Ҷу Бойден, номзади ҳизби демукрот дар интихоботи пеши рӯ низ аз омрикоиҳо хостааст, ки аз нӯшидани маводди шӯянда ва сафедкунанда парҳез кунанд. Дунолд Тромп пеш аз ин гуфта буд, ки ҳозир нест ба далели шуюъи куруно аз моск истифода кунад. Ӯ аз эътирозҳои зидди қарантина дар бархе аз аёлатҳо низ ҳимоят кардааст.

Як мутахассиси бемориҳои уфунии рия ҳам дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии омрикоии NBC бо баёни ин ки маъмулан афрод ба ҳангоми худкушӣ аз ин маводди шимиёиро масраф мекунанд, гуфт: “Тавсия ба тазриқ ё хӯрдани ин маводди шимиёӣ иқдоме хатарнок ва ғайримасъулона аст.”

Нашрияи илмии “Дониш ва оянда” (чопи Фаронса) ҳам ба нақл аз коршиносони беҳдоштӣ, изҳороти Дунолд Тромпро хатарнок хонд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.