Дидгоҳ

#Фикр_мекунӣ_кӣ_ҳастӣ?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Чанд рӯз пеш гузорише дар Euronews нашр шуд дар бораи вокуниши бисёр тунди жопуниҳо ба видеое, ки нахуствазирашон яъне Шинзо Обе, дар сафҳаи твиттери худ гузоштааст. Дар ин видео, ки оқои Шинзо Обе аз худ мунташир карда, дида мешавад, ки ӯ рӯи сандалӣ нишаста, чой менӯшад, китоб мехонад ва бо сагаш бозӣ мекунад. Обе ба ҳамроҳи ин видео, паёме ҳам мунташир карда буд бо ин мазмун, ки “Дар хона бимонед!” Яъне маълум аст ҳадафаш аз интишори ин видео, ташвиқи мардум ба хона нишастан буда.

Аммо бо ин ҳама, интишори ин видео хашми ҷомеаи Жопунро барангехт, ба гунае, ки ҳаштаги #Фикр_мекунӣ_кӣ_ҳастӣ? аз сӯи мардуми Жопун дар Твиттер, тренд шуд. Бар асоси гузориши Euronews, жопуниҳо мӯътақид будаанд, ки оқои Обе бо интишори ин видео, касонеро, ки ҳатто дар даврони шуюъи куруно маҷбур ба кор барои таъмини зиндагии худ ҳастанд, нодида гирифтааст. Яке аз корбарон навишта: “Вақте мардум барои зинда мондан меҷанганд, оё бояд видеое бо чунин таҷаммулоте нишон дод?.. Фикр мекунӣ кӣ ҳастӣ?

Ин ҳама дар ҳолест, ки Жопун, ба далели мудирияти бисёр муваффақи ҳамин оқои Обе дар контрол ва маҳори куруно, яке аз муваффақтарини кишварҳо дар мубориза ба куруновирус ба шумор меравад. Аммо бо ин ҳама, оқои Шинзо Обе ба хотири интишори ин видео аз мардум узрхоҳӣ кард.

* * *

Ҳол, биёед нигоҳе биандозем ба мавзеъи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои бисёр сахту душвор барои тоҷикистониён. Аммо ибтидо лозим аст муруре кунем ба баъзе хабарҳо ва гузоришҳое, ки дар яке ду рӯзи ахир дар расонаҳои тоҷикӣ мунташир шуда. Феҳрествор меоварамашон:

— “Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, аз 319 нафаре, ки бо гумони бемории илтиҳоби шуш дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони машҳур бо номи Якум Советский)-и Душанбе бистарӣ карда шуданд, то ин дам 11 нафар фавтидаанд. Мақомот мегӯянд, қариб нисфи ин беморон табибон ҳастанд.” (Озодӣ, 27.04.2020)

— “Ҳудуди бист зиндониро аз маҳбасҳои рақами 1-и Душанбе ва 2-и шаҳри Ваҳдат пас аз шикоят аз таби баланд ба карантин гирифтаанд. Мақомот мегӯянд, ин афрод дарди гулӯ доранд, вале илтиҳоби шуш ё пневмония нестанд. Пештар бархе аз пайвандони зиндониён аз таби баланд доштани наздиконашон дар маҳбас хабар дода буданд.” (Озодӣ, 27.04.2020)

— “Шуморе аз наздикони маҳбусон рӯзи гузашта аз вазъи пайвандонашон дар маҳбас нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, Нилуфар Раҷабова, духтари Раҳматуллои Раҷаб, узви зиндонии Раёсати ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, 26-уми апрел гуфт, падараш таби баланд дорад ва барояш дору бурдаанд: “Ба мо хабар доданд, ки ҳарорати баданашон 38,5 дараҷа аст ва се рӯз боз поин намешавад. Гуфтанд, шояд ба карантин баранд. Барояшон дору бурдем ва бо пизишк суҳбат кардем. Духтур гуфт, зуком шудааст ва гулӯяш дард мекунад.” (Озодӣ, 27.04.2020)

— “Вазъи саломатии рӯзноманигор Далер Шарипов дар зиндон бад шудаасту волидонаш аз мақомот талаб кардаанд, то фарзандашонро бистарӣ кунанд. Ӯ ба додгоҳи зинаи болоӣ муроҷиат накардааст.” (MediaMarker, 27.04.2020)

— “Дар Истаравшан даҳҳо нафар бино бар сурфаи шадид ва дар зиндонҳои рақами 1 ва 2-и Душанбе ҳудуди 20 нафарро бинобар “дарди гулӯ” бистарӣ кардаанд. Мақомот бемории истаравшаниҳоро “эмидимеяи сурфа” ва зиндониҳоро “дарди гулӯ аз ифтор бо оби хунук” шарҳ медиҳанд.” (Паём, 27.04.2020)

— “Рӯзи 27 апрел муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳи махсус дар шаҳраки Колтсово дар канори Екатеринбург дармондаанд, бо талаби ҳарчӣ зудтар ба Ватан фиристодани онҳо ва дастрасии озодона ба телефону гаҷетҳо ба худ осеб расонда, даст ба бетартибӣ заданд. Барои фурӯ нишондани бетартибиҳо нирӯҳои вижаи пулисро ба ҷои ҳодиса фиристодаанд. Бино ба хабарҳои расида, бетартибиҳоро дар боздоштгоҳ алакай фурӯ нишондаанд ва ба се муҳоҷир дар ҳамон боздоштгоҳ ёрии тиббӣ расонда, якеи дигарро ба беморхона бурдаанд. Омбудсмени вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова гуфт, сабаби асосии даст ба чунин эътироз задани муҳоҷирони боздоштшуда аз интизории зиёд дилгиру бетоқат шудани онҳост. Ӯ гуфт, дар ин боздоштгоҳ 130 муҳоҷир нигоҳ дошта мешаванд, ки 100 нафараш аз Тоҷикистон будаанд ва асосан тоҷикҳо эътироз кардаанд.” (Ахбор, 27.04.2020)

Ин ҳам аз вазъияти кишварамон ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке ду рӯзи ахир.

* * *

Хуб, раисиҷумҳури кишвар, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, ки тибқи Қонуни асосӣ масъули ҷони так-таки шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад, аз ин ҳама маргу мирҳо ва бемориҳо, ба иловаи гароние, ки имрӯзҳо падид омадааст, куҷост?!

Бар пояи гузориши сойти Паём – ки масъулияти сиҳҳату суқми ин гузориш бар ӯҳдаи ӯст – “Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паноҳгоҳе дар Данғара пинҳон шудааст ва дар аксари вазорату идораҳои Тоҷикистон мансабдорон ҳаддиақал як ҳафтаи охир ба қарантина рафтаанд. Тибқи иттилоъи чанд манбаъи Паём, аксари мансабдорони баландпояи вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатии Тоҷикистон худро қарантина кардаанд. Дар идораҳо ба қавли як манбаъ, танҳо “бачаҳои ҷайра” маҷбуранд кор кунанд…” (Паём, 27.04.2020)

Аз як моҳ пеш ва ҳатто бештар, оё аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раҳбарияти мухолифон ва низ афроди мутаъаддид аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мақомот ин ҳушдор дода нашуд, ки Тоҷикистон истисно нест ва куруновирус дер ё зуд дар кишвари мо ҳам шуюъ пайдо хоҳад кард ва ҳавоссатон ҷамъ бошад?!

Оё ин ҳушдор дода нашуд, ки маросими Наврӯз дар соли ҷорӣ баргузор нашавад?!

Оё ба мақомот тавсия нашуд, ки барои пешгирӣ аз гарон шудани қимати колоҳои мавриди ниёзи мардум, чораҳои зарурӣ биандешанд ва ҳатто Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар баёнияе, чанд маврид аз ин чораҳоро барои мақомот пешниҳод кард?!

Аммо, мутаассифона, мақомот ва дар раъси онҳо Эмомалӣ Раҳмон, кучактарин таваҷҷӯҳе ба ин ҳушдорҳо накарданд. Ва ҳанӯз ҳам исрор доранд, ки бигӯянд, куруное дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва инҳо, ки мурдаанд, ба далели “илтиҳоби шуш” ё “пневмания” будааст. Чаро бо ин ҳарфҳо худамонро гӯл мезанем?! Оё бо иваз кардани ном, моҳияти ашё тағйир меёбад?! Ва ҳатто бар фарз агар бипазирем, ин маргу мирҳо ношӣ аз “пневмания” будааст, оё ин масъулиятро аз дӯши мақомот бармедорад?!

* * *

Имрӯз дигар замони он аст, ки ҷомеаи тоҷик деворҳои тарсу ҳаросро канор занад ва аз шахси аввали ин мамлакат, ки касе ҷуз Эмомалӣ Раҳмон нест – касе, ки масъули ин ҳама маргу мирҳо ва масъули ин ҳама саҳлангориҳост – бихоҳанд масъулиятро бипазирад ва ба хотири ин саҳлангориҳо аз мардум узр бихоҳад.

Имрӯз замони он аст, ки мардуми Тоҷикистон аз жопуниҳо ёд бигиранд ва хитоб ба Раҳмон, ки дар ин вазъияти бисёр сахту душвор барои мардум, дар паноҳгоҳ ором гирифтааст, бигӯянд: #Фикр_мекунӣ_кӣ_ҳастӣ?

Биёед, деворҳои ҳаросро бишканем ва як бор ва барои ҳамеша ҳама бо ҳам хитоб ба ин мардак бигӯем:

#Фикр_мекунӣ_кӣ_ҳастӣ?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.